Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (842)

16 - уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг ва кафедраи физиологияи нормалӣ ва  патологӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 30 - солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Мувовини ректор оид ба таълим н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, паёми табрикотии ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуд.



















Дар идомаи чорабинӣ профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А. оид ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани сулҳ дар Тоҷикистони азиз ва якпорчагии миллат маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

Донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г. оид ба ҳаёт ва фаъолияти Президенти кишвар маълумоти муфассал дод.

Аз ҷониби ҳаваскорони дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ дар васфи Сарвари давлат шеърҳо қироат гардиданд. Ҳамзамон, ҳаваскорон бо сурудҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун  ҳозиринро болидахотир гардониданд.

Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. барои таҳиякунандагони барномаи фарҳангӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

16 - уми ноябри соли равон дар Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Президент ва 30 - солагии Иҷлосияи       XVI-уми Шӯрои Олӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар намоиш ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии н.Рӯдакӣ дар ноҳияи Данғара ва Коллеҷи тиббии ДДТХ ноҳияи Данғара  ширкат варзиданд.

Оператори барномаҳои системавӣ дар Китобхонаи ДДТХ - Қурбонов А.И.  барои донишҷӯён аз ҳаёт ва фаъолият ва мундариҷаи мухтасари китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дод.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

15 - уми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президент ва 30 - солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара раҳпаймоии умумӣ дар фазои тантанавӣ доир гардид.

Дар раҳпаймоии мазкур корхонаву идораҳои давлатӣ, мактабҳои миёна, коллеҷҳо ва макотиби олии воқеъ дар ноҳияи Данғара фаъолона ширкат варзиданд. 

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар раҳпаймоӣ ҳайати профессорону омӯзгорон ва 1500 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Данғара  муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин баргузор гардид. Дар ҷаласа зиёиён ва собиқадорони меҳнат  оид ба қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар барқароркунии сулҳу субот ва якпорчагии кишвар маърӯза намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷаласаи тантанавӣ собиқадори меҳнат, омӯзгори калони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Ҳошимов М. маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

11 ноябри соли равон дар кафедраи акушерӣ - гинекологӣ ва тибби оилавӣ маҳфили илмии “Модари солим - ҷомеаи солим” баргузор гардид.

Дар маҳфил курсҳои панҷум ва шашуми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок карданд.

 Донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ Ҳамдамов Ш. дар мавзуи  “Фишорбаландии шараёнӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва валодат”                                     маърӯза кард.

Дар идомаи маҳфил байни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид. Мудири кафедраи акушерӣ - гинекологӣ н.и.т. Шокирова У. Ғ. ва Сармисоқова Х. Ҷ. баъзе ҷавобҳои номукаммали донишҷӯёнро пурра намуданд.

            ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби мутолиаи китоб ва иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии “Китобдор, китобхона ва китбхонаи шахсии сол дар ҶумҳурииТоҷикистон барои  солҳои 2021- 2022” бо диплом  сарфароз гардид.

КИТОБХОНА

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон супоридани имтиҳонҳои сиклӣ идома дорад.

9 - уми ноябри соли равон донишҷӯёни курси 4-уми гурӯҳи 401-и факултети тиббӣ аз фанни “Дерматовенерология” ва донишҷӯёни курси 4-уми гурӯҳи 403-и факултети мазкур аз фанни “Педиатрия” имтиҳон супориданд. Рафти имтиҳон аз ҷониби масъулон назорат карда мешавад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Моҳи ноябри соли равон аз ҷониби масъулони Китобхона ҷиҳати истифодабарии китобҳои таълимӣ барои донишҷӯёни курси якум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Қайд гардид, ки донишҷӯён дар мутолиаи китобҳои таълимӣ ва бадеӣ аз Китобхона самаранок истифода намоянд.

Самаранок истифода бурдан аз китоб вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи ҳар як донишҷӯ ва корманди донишгоҳ мебошад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Душанбе, 14 Ноябр 2022 00:00

САНҶИШИ САТҲИ СИФАТИ ТАЪЛИМ

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои боз ҳам таҳким бахшидани сатҳи сифати таълим дар курсҳои болоӣ ҳамарӯза аз ҷониби муовинати таълим, назорати сифати таҳсилот ва деканат санҷиш гузаронида мешавад.

Аз ҷониби масъулин давомот ва сатҳи дониши  донишҷӯён, ҳамзамон ҳуҷҷатнигории омӯзгорони дарсдиҳанда санҷида мешавад. Бо донишҷӯён ва омӯзгорон суҳбат гузаронида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷузъӣ тавсияҳо дода мешаванд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 8 of 71

Таърихи ДДТХ

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид