Аз 5-ум то 15-уми апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино олимпиадаи ҷумҳуриявии “Авитсена -2023” аз рӯи 17 фан баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба тариқи онлайнӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Хушбахтона, 10 нафар донишҷӯ аз ДДТХ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.
Донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Абдуллоева М.Ш. аз фанни “Анатомияи патологӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.
Донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ.Ғ. аз фанни “Анатомияи одам” ва донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Амирализода Ф.Р. аз фанни “Анатомияи патологӣ” ҷойи дуюмро ба даст оварданд.
Донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Эшбоев Б.М. аз фанни “Бемориҳои ҷарроҳӣ”, донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Иброимов Ҳ.Б. аз фанни “Ҷарроҳии умумӣ ва анатомияи топографӣ” ва донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Давлатова Н. аз фанни “Оториноларингология” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон, Раҳматов П.А. - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ аз фанни “Анатомияи одам”, Раҳимқулов С.У. - донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ аз фанни ”Гистология”, Шарипов П. А. - донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ аз фанни “Физиологияи нормалӣ” ва Ҳошимзода С. Ҳ. – донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ аз фанни “Бемориҳои сироятӣ” ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар ҷодаи таҳсил комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.
МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ