Маълумот (26)
Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боз 32 нусха китоби нав ворид гардид.
Ин навбат аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон, китобҳое, ки оид ба кору пайкори ӯ ба нашр расидаанд, тақдим гардиданд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Роҳбари он муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ барои тақдими китобҳои пурмуҳтаво арзи сипос менамояд.
РАЁСАТИ ДДТХ
Китоби «Забони лотинӣ ва асоси истилоҳоти тиббӣ»-и ассистенти кафедраи Анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лонинӣ н.и.ф. Сангова Ҳ.Р. аз ҳисоби маблағи хусусии донишгоҳ бо теъдоди 300 нусха нашр шуда, ба китобхонаи донишгоҳ ворид гардид.
Бояд қайд намуд, ки адабиёти таълимии мазкур барои гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русии донишҷӯёни курси якум пешбинӣ гардидааст.
КИТОБХОНА
13 - уми апрели соли ҷорӣ дар кафедраи фанҳои муолиҷавӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи мазкур Эргашев Х.Ю. бо гурӯҳи 508-и тиббӣ дар мавзӯи «Тағйирёбии шахсият ҳангоми майзадагӣ ва заҳрмандӣ (алкоголизм ва токсикомания)» маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра Одинаев Б.С., сармутахассиси шуъбаи таълим Холова Н.Ҳ., омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - С. Гулмамад, омӯзгори кафедраи физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ – Назаров Ҷ.Т. ва омӯзгорони кафедраи фанҳои муолиҷавӣ иштирок намуданд.
Маҳфилро омӯзгори кафедраи фанҳои муолиҷавӣ Эргашев Х.Ю. ифтитоҳ намуд.
Донишҷӯёни гурӯҳ оид ба мавзӯъҳои «Таърихи пайдоиши алкогол», «Бемории алкоголизм», «Равиши бемории алкоголизм ба организм», «Ҳолатҳои клиникии алкоголизм», «Табобат ва пешгирӣ аз алкоголизм», «Зарари нос ва тамоку ба организми инсон» маълумоти мушаххас доданд.
Барои боз ҳам шавқовар шудани маҳфили илмӣ лаҳзаи «Суҳбати духтур ва бемор» пешкаши иштироккунандагон гардид.
Бояд қайд кард, ки дар маҳфил аз наворҳои хурди видеоӣ, ки таъсири манфии алкогол, нос ва тамокуро инъикос менамуд, моҳирона истифода бурда шуд.
КАФЕДРАИ
ФАНҲОИ МУОЛИҶАВӢ
Сол аз сол дар фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шумораи китобҳои гоногун афзуда истодааст. Роҳбари донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон пайваста талош меварзанд, ки донишҷӯён аз адабиёти таълимӣ танқисӣ накашанд.
Ин навбат, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми октябри соли равон 11 номгӯйи адабиёти таълимӣ бо теъдоди 301 нусха бо забони тоҷикӣ ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ворид гардид.
Мавриди зикр аст, ки сифати китобҳо хуб буда, ба барномаҳои таълимӣ мувофиқат мекунанд.
МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА