26 апрел дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Бинои асосӣ аз 71 синфхона, 255 ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат буда, барои истифодаи кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ нигаронида шудааст.
Дар ин ҷо ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо 1200 ҷойи нишаст, китобхона, толори электронии китобхонӣ бо 80 ҷой, таҳхона барои нигаҳдории китоб, ошхона бо 300 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешавад.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ ҶСК “СТС иншоот” мебошад.
Айни ҳол, дар корҳои сохтмонӣ беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.
Бояд гуфт, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, ҳамаи биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта мешаванд.
Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосӣ, бинои таълимии рақами як ва ошхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара имсол дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз соли 2016 фаъолият дорад ва дар он айни ҳол 2250 донишҷӯ дар 3 факултет таҳсил доранд.
Баъди бунёди ҳамаи биноҳои донишгоҳ ва таъсиси кампус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои таҳсили бештар аз 5000 нафар донишҷӯ шароит фароҳам оварда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат бо 800 ҷойи хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстаёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
5 ноябри соли 2018 бошад, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Биноҳои таълимии Коллеҷи тиббӣ дорои 75 синфхонаи таълимӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси соҳа таъсис дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии ин тарҳро идомаи иқдоми созандаи Ҳукумати мамлакат унвон намуда, онро дар беҳдошти солимии ҷомеа қадами устувор арзёбӣ карданд.
МАНБАЪ: ХОВАР.ТҶ.