ТАШКИЛИ НАМОИШИ НАВРӮЗӢ ВА ИШТИРОКИ ҲПО ДАР ЧОРАБИНИИ НАВРӮЗИИ НОҲИЯ
Санаи 25-уми марти соли 2024 ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар маркази ноҳияи Данғара бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки Раёсати донишгоҳ низ дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзид.
Нахуст, дар боғи «Хуррамшаҳр»-и ноҳия, дар баробари дигар идораву муассисаҳои воқеъ дар ноҳияи Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ "Намоиши наврузӣ"-ро, ки аз "Ҳафтсину ҳафтшин", хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иборат буд, ташкил ва ба маърази тамошо гузошт.
Сипас, роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дар барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли ҳунари ноҳия, ки дар варзишгоҳи марказӣ бахшида ба таҷлили бошукуҳи Наврӯз баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Хабарнигори сомона.
ТАНТАНАИ «ҶАШНИ НАВРӮЗ» ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 20-уми марти соли 2024 тибқи нақша-чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иди Наврӯзи оламафрӯз бо ҷалолу шукуҳи хоса таҷлил гардид. Аз субҳи барвақт донишҷӯёну омӯзгорон бо либоси идона, занону бонувон бо атласу адрас ва чакану дигар либосҳои миллӣ ба донишгоҳ ҳозир гардида, бо либоси миллӣ ба ҷашни донишгоҳӣ таровати нав зам намуданд. Шурои занон ва духтарон, шуъбаи тарбия ва фарҳанг ва донишҷӯёни факултети педиатрӣ, ҷиҳати иҷрои расму ойинҳои наврузӣ, дар назди толори фарҳангии донишгоҳ "Намоишгоҳи наврузӣ"-ро омода намуданд, ки аз "Ҳафтсину ҳафтшин", хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иборат буд. То оғози чорабинии фарҳангӣ ҲПО ва донишҷӯён аз ин намоиш дидан намуданд.
Сипас, дар толори фарҳангӣ барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари донишгоҳ доир карда шуд. Чорабиниро Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо ин ҷашни бузург ва ҷаҳонӣ табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: "Хеле хушоянд ва фараҳфизо аст, ки имрӯз дар кишвари биҳиштосои мо аз фарорасии Наврӯзи хуҷастапай фазои идона ҳукмфармо аст. Аз ҳар гӯшаю канори мамлакат танини найу дутор, дафу доира, созу наво ва хандаю сурури мардуми шарафманди миллати тоҷик ба гӯш мерасад. Тантанаю дабдабаи имрӯзаи мо низ шаҳомату шукуҳи Наврӯзи фархундапай мебошад". Ҳамзамон, Ректори донишгоҳ аз таърихи Наврӯз, расму оинҳои он, ҷаҳонишавии Наврӯз, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар "Иди байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз" ва дигар хусусиятҳои хоси ин ҷашни бузурги миллӣ суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, Ректори донишгоҳ ғолибони озмунҳои "Маликаи Наврӯз-2024", "Гулбазми наврӯзӣ" ва "Канӣ духтарон"-ро, ки бахшида ба идҳои баҳорӣ дар донишгоҳ баргузор гардиданд, бо Ифтихорномаи ва мукофти пулӣ қадрдонӣ намуданд.
Дар идома, дастаи ҳунарии "Дурахшон"-и донишгоҳ дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети педиатрӣ барномаи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони "Наврӯзи оламафрӯз"-ро, ки аз композитсияи адабӣ-мусиқӣ, суруду тарона, шеъру баромадҳо, намоиши либосҳои миллӣ, рақсу бозиҳои наврӯзӣ иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардонданд.
Хабарнигори сомона.
ОЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
Дар доираи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба баргузории идҳои баҳорӣ санаи 15-уми марти соли 2024 дар донишгоҳ озмуни “Маликаи наврӯзӣ” ва “Гулбазми наврӯзӣ” доир карда шуданд. Масъули озмунҳои мазкур шурои занон ва духтарон ва кафедраи забонҳо буда, донишҷӯдухтарони соҳибистеъдод барои иштирок дар озмун ҷалб карда шуданд. Довталабон шартҳои озмунро, ки қаблан эълон гардида буданд, бо як маҳорату истеъдоди хос иҷро намуданд ва ҳунари онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ – Рустамқулова Гулнора Шуҳратҷоновна ғолиби озмуни донишгоҳии “Маликаи Наврӯз-2024” ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ - Баротова Амина Мирзоҳаётовна ғолиби озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” дониста шуданд.
Ғолибон дар ҷашни наврузии донишгоҳӣ бо Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Шурои занон ва духтарон,
Кафедраи забонҳо.
БАРГУЗОРИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИИ «ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ»
Санаи 14-уми марти соли 2024 дар донишгоҳ курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи таълимии «Физиологияи патологӣ» барои омӯзгорони Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара ҷамъбаст гардид.
Курси мазкур дар асоси банди 4.1.-и Низомномаи Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ва дархости директори Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон дар ноҳияи Данғара ташкил гардида, 15 нафар омӯзгорони коллеҷ дар давоми 24 рӯз ба курс фаро гирифта шуданд.
Пас аз ба анҷом расидан ва супоридани имтиҳон шунавандагон бо “Шаҳодатнома”-и курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи таълимии «Физиологияи патологӣ» шарафёб гардиданд.
Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ.