Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Маълумот (25)

            Китоби  «Забони лотинӣ ва асоси истилоҳоти тиббӣ»-и ассистенти  кафедраи Анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лонинӣ н.и.ф. Сангова Ҳ.Р. аз ҳисоби маблағи хусусии донишгоҳ бо теъдоди 300 нусха нашр шуда, ба китобхонаи донишгоҳ ворид гардид.

Бояд қайд намуд, ки адабиёти таълимии мазкур барои гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русии донишҷӯёни курси якум пешбинӣ гардидааст.

КИТОБХОНА

 13 - уми апрели соли ҷорӣ дар кафедраи фанҳои муолиҷавӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи мазкур Эргашев Х.Ю. бо гурӯҳи 508-и тиббӣ дар мавзӯи «Тағйирёбии шахсият ҳангоми майзадагӣ ва заҳрмандӣ (алкоголизм ва токсикомания)» маҳфили илмӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра Одинаев Б.С., сармутахассиси  шуъбаи таълим Холова Н.Ҳ., омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - С. Гулмамад, омӯзгори кафедраи физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ – Назаров Ҷ.Т. ва омӯзгорони кафедраи фанҳои муолиҷавӣ иштирок намуданд.

Маҳфилро омӯзгори кафедраи фанҳои муолиҷавӣ Эргашев Х.Ю. ифтитоҳ намуд.

Донишҷӯёни гурӯҳ оид ба мавзӯъҳои «Таърихи пайдоиши алкогол», «Бемории алкоголизм», «Равиши бемории алкоголизм ба организм», «Ҳолатҳои клиникии алкоголизм», «Табобат ва пешгирӣ аз алкоголизм», «Зарари нос ва тамоку ба организми инсон» маълумоти мушаххас доданд.

Барои боз ҳам шавқовар шудани маҳфили илмӣ лаҳзаи «Суҳбати духтур ва бемор» пешкаши иштироккунандагон гардид.

Бояд қайд кард, ки дар маҳфил аз наворҳои хурди видеоӣ, ки таъсири манфии алкогол, нос ва тамокуро инъикос менамуд, моҳирона истифода бурда шуд.

КАФЕДРАИ

ФАНҲОИ МУОЛИҶАВӢ

    Сол аз сол дар фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шумораи китобҳои гоногун афзуда истодааст. Роҳбари донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон пайваста талош меварзанд, ки донишҷӯён аз адабиёти таълимӣ танқисӣ накашанд.
    Ин навбат, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми октябри соли равон 11 номгӯйи адабиёти таълимӣ бо теъдоди 301 нусха бо забони тоҷикӣ ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ворид гардид.
     Мавриди зикр аст, ки сифати китобҳо хуб буда, ба барномаҳои таълимӣ мувофиқат мекунанд.

МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА

   Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-11 октябри соли равон барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷониби муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ ва деканат бо донишҷӯёни курси якум дар толори фарҳангӣ дарси тарбиявӣ баргузор гардид.
   Дарси тарбиявиро мудири кафедраи беҳдошти умумӣ, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ н.и.т. Исоева Б.И. гузаронида, оид ба бемориҳои сироятии тифи шикам, исҳоли хунин, гепатитҳои А,В,С,Е, вируси норасоии маснуияти одам, зуком, вазъи эпидемиологӣ, омилҳои гузариш ва роҳҳои пешгирии бемориҳои номбурда маълумот дод.
  Мавсуф таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза паҳншавии бемориҳо низ хусусияти глобалӣ касб намуда истодааст ва барои коҳиш додани бемориҳои мазкур корҳои ташвиқотӣ, тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” ба анҷом расонидан лозим аст.
   Қобили тазаккур аст, ки дар дарси тарбиявии мазкур мутахассисони соҳаи тибби ноҳияи Данғара, аз ҷумла, мудири шуъбаи бемориҳои сил – Раҳимов О., сармутахассиси бемориҳои пӯсту зуҳравӣ – Раҷабов З.А., духтур-эпидемиологи маркази ВНМО – Исмоилов С.Р., мудири шуъбаи диспансерии маркази ВНМО – Муродова С.Ю. иштирок доштанд.
    Дарси тарбиявӣ хеле шавқовар гузашта, донишҷӯён ба ҳамаи саволҳояшон посухи мукаммал гирифтанд.

КАФЕДРАИ  БЕҲДОШТИ УМУМӢ,  

 ЭПИДЕМОЛОГИЯ ВА БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Page 1 of 7

Таърихи ДДТХ

Пайки Шифо

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид