22-уми июни соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рўзи ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ бо иштироки омўзгорон баргузор гардид.
Сараввал, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф. Гулов А.А. аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуд.
Дар идомаи ҳамоиш профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А., мудири китобхонаи донишгоҳ Ҳалимов М.А. ва ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Мардонова Н. оид ба дастоварди муқаддас - ваҳдати миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.
Қайд гардид, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА