Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Маълумот (29)

  Боиси таассуфи бузург аст, ки имрӯз дар иддае кишварҳои исломӣ даргириҳои хунин идома дораду он таҳдиди ба дигар кишварҳои исломӣ интиқол ёфтан дорад. Новобаста ба он ки ҷомеаиҷаҳонӣ  амалкарди мазкури чунин мусулмононро маҳкум намуда, онро бо ислом марбут намедонад, куштори байниҳамдигарии мусулмонон пайваста идома дораду ҷавонони ҳоло аз лаззати зиндагӣ баҳра набурдаро тӯъмаи навбатии хеш сохта истодааст. Бо ҳар роҳу восита гирифтани пеши роҳиҷалбшавии ҷавонони ҳам аз дину ҳам аз  илму сиёсат бехабар  аз ҷумлаи масъулиятҳои шаҳрвандии ҳар зиёйии огоҳ маҳсуб мегардад. Зеро фирефтаи тарғибу ташвиқотҳои муғризона ва авомфиребонаи пешвоёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» гардидани ҷавонони ноогоҳ на танҳо марги нобаҳангоми эшонро ба бор хоҳад овард, балки ҳамзамон дили реш-реши модарону падарон ва наздикони онҳоро низ дар назар дошта, имкон дорад, ки чун вируси сирояткунанда ба дигар ҷавонон низ интиқол ёбад.

           Огоҳ сохтани ҷавонон аз моҳияти аслии он низоъҳою  даргириҳои хунини мусулмонон ва оқибатҳои мудҳише, ки ин даргириҳо на танҳо болои давлату миллат, балки ҳатто болои дини мубини ислом низ таҳмил хоҳанд намуд, ҳадафи асосӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар навиштаи мазкури хеш мо тасмим гирифтем, ки ба сарчашмаҳои пайдоиши ин низоъҳо  аз нигоҳи сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон ишора намоему ҳамзамон маҳсули ин даргириҳоро дар мисоли ду кишвари хеле пешрафтаи олами ислом - Ливия ва Сурия нишон диҳем.

           Ҷои шубҳае нест, ки дар раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом арзишҳои миллӣ ва динии иддае аз кишварҳои исломӣ ба андозаи бемисл қурбон гардида истодаанд. Пеш аз он ки қурбоншавии он арзишҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гиранд, зарур аст, ки худи табиати он низоъҳо равшан сохта шаванд. Зеро қурбонфшавии он арзишҳо маҳсул ва натиҷаи бевоситаи он низоъҳо ба шумор рафта, дар таърихи навини ин кишварҳо аз ҷумлаи саҳифаҳои сиёҳтарин арзёбӣ хоҳад гашт. Ҳамзамон кушодани табиати он низоъҳо имкон медиҳад, ки дар мафкураи насли нави ба воя расандаи кишвари мо доир ба равандҳои сиёсӣ-идеологӣ ва фарҳангии ҷомеа, хусусиятҳои сиёсати иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии давлат нисбат ба қишрҳои мухталифи ҷомеа ва баръакс муносибати ин қишрҳо ба сиёсати пешгирифтаи давлат, муносибати насли нав ба насли пешин, ки иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ-идеологӣ буданд,тасаввуроти дуруст, воқеӣ ва асоснок ташаккул ёбад.  Аз сабаби он ки қурбоншавии арзишҳои миллӣ ва динӣ ҳамчун оқибати мудҳиши низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ яке аз саҳифаҳои нангин дар таърихи  кишварҳои исломӣ ба ҳисоб меравад,  мо кӯшиш ба харҷ медиҳем то табиати он низоъҳо ҳаддалимкон воқеъбинона, бе кӯшиши майлсозӣ ба яке аз тарафҳои даргир кушода шавад. Бо мақсад мазкур мо сарчашмаҳои мухталифро  мавриди истифода қарор хоҳем дод.

            Дар хусуси табиати он низоъҳо сухан ронда, бояд қайд намуд, ки тамоми низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом дар умум хусусияти таҳмилӣ дошта, як навъ муборизаи абарқудратҳо барои аҳдофи геополитикӣ ва иқтисодии хеш дар минтақа мебошаду халос. Барои боварӣ ҳосил намудан ба бардошти мазкур мавриди таваҷҷуҳ қарор додани рӯйдодҳои сиёсӣ-иҷтимоии  ду давлат-Сурия ва Ливия кофӣ ва басанда ба назар мерасанд. Аз кишвари орому осуда ва рӯ ба инкишоф ба кишвари ҷангзадаю пурихтилоф мубаддал гардидани он ду кишвар барои таҳмилӣ будани он низоъҳо ҷои шакку шубҳаеро ҳам боқӣ нахоҳад гузошт. Андешаи мазкурро яке аз маводҳои боэътимоди интернетӣ, ки дар асоси зиёда аз 500 сарчашма ташаккул ёфтааст, собит месозад.  Тибқи далоили маводи мазкур дар ин равандҳо агарчанде омили дохилӣ низ вуҷуд дорад, лекин ин омил ночиз буда, мутаносибан дар ҳошия қарор дорад. Зеро  таҳрикдиҳандаи омили дохилӣ боз ҳам омили хориҷӣ ба шумор меравад. Номгузорӣ намудани он равандҳо бо унвонии «Инқилоби ранга» ва ё ҷустани сабабҳои  рух додани он ҳодисаҳои мудҳиш  дар тӯлонӣ будани режимҳои худкома фиребу найранге беш набуда, танҳо ба хотири рупӯш намудани аҳдофу аъмоли ғаразноки зиддиинсонии нерӯҳои хориҷии манфиатҷӯ ва ба дигар тараф майл додани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаиҷаҳонӣ  сурат гирифтаанд. Аз ҷумла, дар яке аз гузоришҳои ТДМ дар охири соли 2012 ҷанги Сурия ҳамчун зиддияти ошкорои динӣ байни сарбозони халқии алавӣ ва иттифоқчиёни шиамазҳаби онҳо бар зидди гурӯҳҳои шӯришгари суннӣ ба қалам дода шудааст, агарчанде андешаи мазкурро ҳар ду тарафи ҷанг рад месозанд. Бо такя ба сарчашмаи дигар дар маводи мазкур қайд шудааст, ки  карахтӣ дар ҳаёти сиёсии Сурия бисёр ҳодисаҳои манфиро дар ҷомеа эҷод сохт: коррупсия, дағалии шахсони мансабдор, беҳуқуқӣ назди дастгоҳи давлатӣ ва ғайра наметавонист, ки дар байни табақаҳои мобайнӣ ва камбизоати ҷомеа норозигиро эҷод насозад. Маҳз омилҳои мазкур барои эътирози ҷомеа замина буданд. Аммо оташ боз ҳам аз хориҷ ворид карда шудааст. Бетартибиҳои ҳарбӣ махсусан баъди сустшавии ҷанги Ливия фаъол гардид.  Бояд таъкид амуд, ки вақте авҷ гирифтани  бетартибиҳо бо ҳаводиси Ливия, махсусан сустшавии ҷанг дар он ҷо рабт дода мешавад, барои пешакӣ тарҳрезӣ шудани он дигар шубҳае намемонад. Қувват гирифтани ҷанг дар Сурия баъди сустшавии он дар Ливия ифодагари он аст, ки он ҳодисаҳо тарроҳи ягона доранд ва бардошти мазкур мавқеи моро  дар хусуси нақши муайянкунанда ва асосӣ доштани омили хориҷӣ тақвият мебахшад. Барои он ки дар беғаразона будани мавқеъ ва бардоштҳои мо шакке набошад, зарур мешуморем, ки нуқтаи назари ҷонибҳои гуногун арз карда шавад. Бо ин мақсад  зикр намудани нуқтаи назари  ҷонишини вазири молияи ШМА хеле бамаврид ва ҳадафнок хоҳад буд. Тибқи андешаи ӯ ШМА ният дорад, ки тавассути шӯришгарони Сурия таъсири Россия ва Хитойро дар минтақа заиф созад. Гузашта аз ин ҳодисаҳои мазкурро ҳамчунин яке аз оқибатҳои манфии равандиҷаҳонишавӣ низ метавон  ба қалам дод. Зеро нерӯҳои пурқудрати ҷаҳонӣ  бо баҳонаи дастгириикишварҳои ниёзманд, ҳифзи манфиатҳои ақаллият, дастгирӣ ва ривоҷи арзишҳои умумибашарӣ  ва амсоли инҳо принсипҳои асосии меъёрҳои ҳуқуқии байнидавлатиро дар бораи эътироф намудани мустақилияти давлатҳои алоҳида ва  дахолат накардан ба корҳои давлатдории мамлакатҳои ҷаҳони сеюм вайрон намуда, рӯирост ин кишварҳоро бо истифода аз мардуми дар ғафлат монда ба майдони ҳарбу зарб ва талаю тороҷи сарватҳои моддӣ мубаддал сохтаанд. Вобаста ба ин мавқеъ ёдрас намудани нуқтаи назари президенти Никарагуа Даниэл Ортего хеле ба маврид  мебошад.ӯ дар  яке аз изҳоротҳои хеш хеле дуруст, ба маврид ва бо итминони комил қайд намудааст, ки  Амрико ва Аврупо барои ба даст овардани сарватҳои дигар кишварҳо то ҳол аз воситаи зӯрӣ даст мегиранд. Барангезандагони низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар кишварҳои исломӣ аслан дар ШМА тайёр гардидаанд. Ба андешаи президенти мазкур ҳадаф аз сиёсати пещгирифтаи ин абарқудратҳо  аз  маҳдуд сохтани манфиатҳои геополитикии Россия дар минтақа ва дар умум бо ҳар васила фишор овардан ба Россия иборат  мебошад. Ҷои шубҳае нест, ки режимҳои ба ном «худкома» дар он кишварҳо то оғози низоъҳо дар муқоиса бо давраи баъди низоъҳо,ки вақти анҷомашон  номаълум аст, хостаҳои мардумро бештар бароварда месохтанд.

             Чун масъалаи мавриди баҳси мо муайян намудани ҳолати арзишҳои миллӣ ва динӣ баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба ҳисоб меравад, зарурмешуморем, ки мундариҷаи ин мафҳумҳо то ҳадди имкон кушода шаванд. Дар зери мафҳумҳои арзишҳои миллӣ бояд унсурҳое фаҳмида шаванд, ки онҳо пойдевори миллатро чун умумияти этникӣ ташкил менамоянд. Дар шароити имрӯза дар қатори забон, анъана, урфу одат ва эътиқоди динӣ иқтисодиёти миллӣ мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст. Дуруст аст, ки пешрафти босуръати иқтисодии ҷомеаиҷаҳонӣ  ва оқибатҳои раванди ҷаҳонишавӣ тамоми унсурҳо фавқуззикрро бо суръати ғайричашмдошт тағйирпазир гардондааст, аммо дар ин равандҳо иқтисодиёти миллӣ ягона унсуре ба ҳисоб меравад, ки метавонад ҳувияти миллиро нигоҳ дошта ҳифз намояд. Зеро маҳз дар заминаи иқтисодиёти устувору қавӣ унсурҳои фавқуззикри миллӣ бунёд ёфта қомат рост мекунанд. Мутаассифона, баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар иддае аз кишварҳои исломӣ  дар қатори заиф гардидани унсурҳои фавқуззикри фарҳанги миллӣ  иқтисодиёти миллӣ то ба ҳадде хароб гардид, ки онро  имрӯз наметавон омили муттаҳидсозандаи  миллат номид. Хароб гардидани иқтисодиёти миллӣ ваҳдати миллиро заиф сохта, умумияти миллиро ба парокандагӣ ва нифоқ водор сохт. Ҳолати тоқатфарсои иқтисодии субъектҳои умумияти миллӣ  сабаби асосии тағйир додани муҳити миллӣ ва ҳамин тавр яке аз омилҳои заиф сохтани қудрати миллӣ гардид.

               Низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба кишварҳои дучори ҷанги таҳмилӣ гардида чӣ хисороте расонид, аз таҳлили муқоисавии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишварҳо то низоъҳо ва баъди низоъҳо хулоса баровардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар Ливия баъди низоъҳо ҳабсхонаҳо аз маҳбусон пур гардидаанд. Кишвар ба мамлакати сарчашмаи тақсими силоҳ ба кишварҳои ҳамсоя мубаддал гардидааст.Сатҳи ҷинояткорӣ ба маротиб афзудааст. Сатҳи зиндагии мардум бошад баъд аз низоъҳо то ба сатҳи асримиёнагӣ баробар гардидааст. Ҳол он ки дар давраи ҳукмронии М.Каддофӣ ММД барои ҳар сари аҳолӣ ба 14192 долларро ташкил намуда, барои ҳар як аъзои оила давлат дар як сол  1000 доллар дотация медодааст.Давлат ин чунин барои бекорӣ  ҳар моҳ 730 доллар, барои ҳар як тифли нав ба дунё омада  7000 доллар, ба оилаҳои ҷавон барои харидани ҳуҷраи зист  64000 доллар  кӯмакпулӣ ҷудо мекардааст. Таҳсил ва ёрии тиббӣ бепул сурат гирифта,ҳуҷрапулӣ бекор гардида будааст. Тамоми нефтро давлат истихроҷ намуда, корхонаҳои хориҷиро барои истихроҷ имкон намедодааст. Илова ба ин дар ҳудуди кишвар ягон базаи ҳарбии кишвари хориҷӣ вуҷуд надоштааст. Ҳолат мазкурро агар бо ҳолати баъди низоъҳо муқоиса намоем, аз замин то осмон фарқият мушоҳида менамоем. Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки имрӯз қариб  2  миллион шаҳрванди Ливия рӯ ба муҳоҷират овардаанд.

            Сурия бошад, танҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар як сол 8 миллиард доллар хисорот  дид. Сармоягузории калони хоричӣ пурра қатъ гардид. Иқтисодиёти кишвар қариб ба ҳолати нестӣ мубаддал гардид. Кишвар аз истихроҷи нефт пурра маҳрум гардид.  Дар охири соли 2013 талафот аз ҷанг ба 103 миллиард доллар асидааст. Мувофиқи маълумотҳо ҳаёти 8 миллион аҳолии Сурия, ки  имрӯз мақоми муҳоҷирро касб намудаанд, аз кӯмаки башардӯстона вобаста аст. Яъне рӯ ба муҳоҷират овардани субъектҳои умумияти миллӣ ба хотири зиндагии осоишта иҷборан ҳазф гардидани  унсурҳои фарҳанги миллию ҳамзамон омодагии ин субъектҳоро барои  воридшавӣ ба муҳити арзишҳои миллии ғайр дар назар дорад. Факту далелҳои зиёде вуҷуд доранд ва онҳо комилан собит месозанд, ки субъектҳои умумияти миллӣ баъди ҳиҷрати тӯлонӣ аз муҳити миллии худ арзишҳои миллии ғайрро қабул намуда, аз арзишҳои миллии худ ғайри ном чизеро ҳифз наменамоянд.

           Дар хусуси ҳазф гардидани арзишҳои динӣ сухан ронда, мехоҳем чанд ҳодисаи таҳкири арзишҳои диниро аз тарафи шӯришгарони давлати ба ном исломӣ қайд созем:

           Мувофиқи сарчашмаҳо шӯришгарони ифротии мусаллаҳ ба яке аз  дайрҳои қадимаи мутааллиқ ба набӣ Илёс  дар шаҳри Ал-Қусайр, ки таърихи зиёда аз 1,5 ҳазорсола доштааст, ҳуҷум намуда, тамоми лавозимоти онро ба ғорат бурдаанд. Илова ба ин зангӯлахонаи онро кафонда, меҳроби онро хароб сохтаанд. Онҳо инчунин ҳайкали паёмбар Илёсро, ки ҳам аз тарафи  масеҳиён ва ҳам аз тарафи мусулмонон мавриди эҳтиром  қарор доштааст, чаппа намудаанд. Танҳо дар ду соли аввали ҷанг дар шаҳрҳои Хомс ва Алеппо даҳҳо масҷиду калисоҳоро шӯришгарони ифротӣ вайрон намудаанд.

Дар таърихи 1.06.2013 дар Баалбек мақбараи яке аз наберагони насли баъдинаи паёмбар Муҳаммад – Сайида Ҳавло мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст. Дар моҳи сентябри соли 2013 ҷанговарони ташкилоти ҷиҳодии марбут ба Ал-қоида ба калисои юнонӣ-католикии Модархудо дар шаҳри Рақа зада даромада, арзишҳои динии масеҳиро мавриди таҳқир қарор додаанд. Онҳо тамоми ашёи диниро сӯзонда, ҳайкалу  салибҳоро дар дохили калисо ба несту нобудӣ расониданд. Чунин амалро нисбати калисои католикии арманҳо низ содир кардаанд. Инчунин аз тарафи шӯришгарон қисми зиёди музейҳои Сурия  ва нигораҳои  археологӣ ба ғорат бурда шуда, аз ҳисоби маблағи онҳо силоҳ харидаанд. 

           Пеш аз он ки дар хусуси ҳазф гардидани арзишҳи динии исломӣ сухан ронем, бояд эътироф намоем, ки ҳукми ояти Қуръон арзиши динист. Пас, ба инобат гирифта нашуданион маънои қурбон гардидани арзиши диниро дар назар дорад. Аз ин нуқтаи назар,  вақте Қуръонро ҳамчун сарчашмаи асосии дини ислом мутолиа намуда, аҳкоми созандаи оёти онро бо воқеияти динии ҷаҳони ислом муқоиса менамоем,  ба осонӣ дармеёбем, ки яке аз сабабҳои мушкилоти олами ислом дар замони муосир маҳз мавҷудияти фарқияти бемисл байни назария ва амалияи исломист. Баъд аз тааққулу тааммул дар болои ояти 105 аз сураи «Оли Имрон»  «Ва монади касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст»   чунин хулосае ҳосил мегардад, ки мушкилоти имрӯзаи олами ислом ҷазои худовандист мар ононро, ки аҳкоми ӯро риоя наменамоянд. Хонанда ба ҳукми ояти зер таваҷҷуҳ намуда, ҳазф гардидани арзишҳои диниро маҳз чун натиҷаи бо сиёсат омехташавии он бараъло мушоҳида менамояд:

«Ва шумо ҳама ба расани худо чанг занед ва пароканда машавед..» (Оли Имрон, 103)

              Вобаста ба ҳазф гардидани ҳукми ояи карима бояд зикр намуд, ки аллакай дар оғози ислом маҳз ҳадафи ба сари қудрат омадан исломро ба ду ҷараёни на ҳамеша дӯст ҷудо карда буд. Нодида гирифтани  ҳукми ояи мазкур ба сабаби ҳадафи баён гардида то ба имрӯз давом кард ва дар арафаи тақсимоти нави ҷаҳонӣ зуҳури нав касб намуда, натанҳо минтақа, балки кишварҳои ягонаи томро ба қисматҳои ба ҳам муқобил ҷудо намуд.

   Ҳамчунин ояҳои зерро низ мо метавонем мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем:

«(Ин) китобе аст, ки онро ба сӯи ту фурӯ фиристодем, то мардумро ба ҳукми парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ берун орӣ.»(Иброҳим, 1)

« ӯ он (худой) аст, ки бар шумо раҳмат мефиристад ва фариштагони ӯ (бар шумо дуои раҳмат мекунанад), то шуморо аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ бароварад. (Ахзоб, 43)

               Тааммулу тааққул дар болои ду ояи мазкур ва таҳлили муқоисавии ҳукми тасдиқии онҳо бо воқеияти динӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаҳои исломию ғайриисломӣ бар он далолат менамоянд, ки татбиқи рисолати илоҳӣ воқеияти худро на дар ҷомеаҳои исломӣ, балки баръакс дар ҷомеаҳои ғайриисломии Ғарб ёфтааст. Зеро пешрафту рушди ҳаматарафаи ҷомеа, фазои орому осуда, мухити беҳтарини зиндагӣ, муносибатҳои ҳасанаи байни шаҳрвандон, ки бешак рамзи нуру равшанӣ ба ҳисоб мераванд, маҳз дар ҷомеаҳои ғайриисломии Ғарб равшан ба мушоҳида мерасанд. Ва баръакс қафомонии ҳаматарафаи ҷомеа, сатҳи нисбатан пасти рушди илму технология, қатлу куштори байниҳамдигарӣ, хусумату адовати динию мазҳабӣ, ки рамзан метавонанд чун зулмат ё торикӣ ифода гарданд, зуҳури равшани худро аксаран дар ҷаҳони ислом меёбад. Таҳлили муқоисавии ду воқеияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии гуногун шахсро ба андешае водор месозад, киҷаҳони Ғарб, ки ба худои ислом имон надоранд, тибқи фармудаҳои ӯ амал кардаанд ва бараъкс ҷаҳони ислом, ки гӯё ҳамагӣ ба Худои ислом имон доранд, лекин дар амал бараъкси аҳкоми ӯ зиндагӣ менамоянд.

 «Эй мӯъминон, душанони ман ва душманони худро дӯст магиред:(!) (Ба) ба сабаби дӯстӣ ба сӯи онҳо пайғоми дӯстӣ меафканед!(?) (Мумтаҳина,1)

            Дар робита ба ҳукми ояти мазкур бояд ёдовар шуд, ки имрӯз қисмате аз мусулмонон ва ҳатто баъзе кишварҳои исломӣ гӯё аз ҳукми ояти мазкур бехабар бошанд, бо иғвою дасиса  ва таҳрикҳои омили хориҷӣ бар зидди бародарони исломии хеш бархоста, бо ҳар васила бар муқобили ҳамдинони хеш теғ кашида истодаанд. Оё аъмоли имрӯзаи мусулмонон  ҳазф гардидани ҳукми ояти мазкур ва ба инобат гирифта нашудани ҳукми ояти 10 аз сураи Ҳуҷуротро, ки бародар будани муъминону ба хотири тарс аз худо ва сулҳ намудани ду бародарро ҳукм намудааст, ифода наменамояд?Суоли матраҳ ин аст,ки агар мусулмонончун бародарони ҳамдигар ба хотири тарс аз худою ваҳдати динию миллӣ боаҳкоми фавқуззикр амал мекарданд, магар чунин низоъҳоимудҳиш сурат мегирифтанд? Худованд ба хотири пешгирӣ намудани ҳама гуна низоъю  нифоқ боз фармудааст: Ва некию бадӣ баробар нест: бадиро бо ончизе ҷавоб деҳ, ки он беҳтар аст. Он гоҳ (бубинӣ, ки) он кас ки миёниту ва миёни вай душманист,гӯё дӯсти қариб шудааст. (Фуссилат,34)

«Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад» (ҳуҷурот, 10).

        Хулоса, чуноне ки аз таҳлили маълумотҳои мухталиф ва изҳороти шахсиятҳои сиёсии муътабари ҷаҳон бармеояд, дар раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом на танҳо арзишҳои миллӣ, аз ҷумла хароб гардидани иқтисодиёти миллию аз байн рафтани ваҳдати миллӣ, балки инчунин ба инобат гирифта нашудани аҳкоми Худованд, ки дар ин кишварҳо арзиши бузурги динӣ ба ҳисоб мераванд, қурбон шуда истодаанд.

Аҳмадов Ш.Р,  н.и.с., дотсенти кафедаи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз моҳи августи соли 2016 фаъолияти худро барои донишҷӯёну омӯзгорон оғоз намудааст. Фаъолияти ин сохтор дар донишгоҳи навтаъсис ва тозабунёд бениҳоят муҳим мебошад, зеро асоси манбаи хизматрасонӣ ба корҳои таълимию илмӣ, маълумотию иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад.

       Раёсати Донишгоҳ бо мақсади ғанӣ намудани Китобхонаи Донишгоҳ пайваста чораҳо андешида, имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст, ки дар ин давра фонди Китобхонаро анқариб ба 8 ҳазор нусха китобҳои чопӣ расонидааст. Аслан, барои дар соли таҳсили 2016-2017 сарчашмаи таъмин намудани донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ- таълимӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таври тӯҳфа ба Донишгоҳ ворид гардида буд, ташкил медод.

      Имрӯз, хушбахтона дар асоси ҳамкориҳои Донишгоҳ бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ба Китобхона боз 39 номгӯи адабиёти таълимии ихтисосӣ, аз ҷумла аз ширкати русиягии “ГЕОТАР МЕДИА”  бо теъдоди 707 нусха китобҳои баландсифат харидорӣ ва ба Китобхона дастрас гардида шуданд. Маблағи умумии ин адабиёт 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки манбаи асосии маблағи зикршуда, аз ҳисоби сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетии ДДТХ барои соли 2016 пешбинӣ гардида буд.

                                                                             Маъмурияти Китобхона

ДОСТОНИ ҶАВОНМАРДӢ

(Баъзе андешаҳо оид ба манзумаи Ниҳонӣ «Дар ситоиши Пешвои миллат», ҳафтаномаи «Тоҷикистон», № 45 (1191), аз 9 ноябри соли 2016)

Ҳар кас, ки надорад ба ҷаҳон меҳри  ту дар дил,

Ҳаққо, ки бувад тоати  ӯ  зоеъу ботил.

(Ҳофиз)

Адабиёт воситаи муҳимтарини инъикоси воқеият мебошад. Тавассути ин абзори аҳамиятнок, ки инсоният дар давоми ҳаёти бошууронаи худ рӯйи кор овардааст, асрҳои аср онро сайқал додааст, мукаммал гардондааст, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ тадқиқ, таҳқиқоти таърихӣ амиқ баҳогузорӣ ва пешкаши ҷомеа мегарданд. Ҳамзамон, тафаккури адабӣ воситаи маънавие мебошад, ки ба ҳақиқат аз нуқтаи назари истилоҳ ва мафҳумҳои бадеӣ наздик мешавад. Замоне ки воситаҳои дигари тадқиқу тафсир дар арҷгузории воқеият, ҷараёни дарки ҳастӣ, инъикоси паҳлуҳои гуногуни реалият мушкилӣ  мекашанд, сухани бадеӣ онро ба уҳдаи худ мегирад. Маҳз ба ҳамин  хотир, хаёли бадеӣ «воситаи мукаммали дарки воқеият» (В. Шеллинг) номида шудааст.

Беҳтарин асаре, ки инсон офаридааст, дар бораи худи Инсон аст. Дар он кӯшишҳо, бурду бохтҳо, саранҷом дастовардҳо — фаъолияти Инсон, манзалати ин бузургтарин, мукаммалтарин офаридаи табиат дар ҷойи аввал меистад. Ба андешаи Арасту, «Ҳаёт — амал (enerjeia) аст. Амал ҳаёт аст» (Аристотель. Сочинения в четырех томах. Том 4, М., «Мысль», 1983, с. 31). Берун аз фаъолият, Арасту наметавонад таъйиноти одамро тасаввур кунад. «Олитарин таъйиноти инсон, хушбахтӣ овардан, некӣ офаридан аст» (ниг. ҳамон ҷо, саҳ. 31). Вақте ки Арасту дар бораи шахсияти бузург андеша меронад, мунтазам нисбат ба ҳамин ду истилоҳ таваҷҷуҳи хонандаро сидқан ҷалб карданӣ мешавад: «фаъолият» ва «накукорӣ». Маълум аст, ки бани Одам аз нафаси аввал то охир банди амал аст. Аммо Арасту мафтуни Инсонест, ки амалаш бо некӣ, накукорӣ, судмандӣ барои Инсон ва Инсоният тавъам мебошад: «Олитарин накуӣ, агар он бо олитарин шакли фаъолият — накукорӣ мутаносиб бошад,   камоли қаноатмандӣ ва хушбахтӣ аст» (ҳамон ҷо, саҳ. 32).

Адабиёти тоҷик ҳамчун далели муътамад, яке аз қадимтарин халқҳо будани миллати моро нишон медиҳад. Анъана, урфу одат, ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур, муносибат ба Ватан, ҷомеа, оламу оламиён ва ҳаводис, навъи муассири таърихнигори ин миллати қадимӣ мебошанд. Беҳтарин рӯйдодҳои таърихи миллати тоҷик дар адабиёти илмӣ ва албатта, бадеии хаттию шифоҳӣ, аз аср ба аср гузашта, то ба мо расидаанд. Ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, шуури миллии мо ва ҳамчун натиҷа, ба муайянкунии мавқеъ ва тасмимгириҳои сиёсии миллат таъсиргузор будаанд. Ҳамин тариқ, адабиёт яке аз муҳимтарин омилҳои хештаншиносӣ, шаклгирии шуури сиёсӣ, истиқлолияти давлати миллии мо маҳсуб мегардад. Маҳз тавассути каломи бадеӣ, миллат аз ватанхоҳӣ, қаҳрамонӣ, ҷонфидоии бузургтарин фарзандони хеш огоҳ шудааст. Спитамен, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳо абармардони дигар тавассути таҳқиқи таърихнависон, образҳои офаридаи шоирон ва худи мардум дар ёдҳо нақш бастаанд. Миллати куҳанбунёдро дар муқобили селоб ва офатҳои таърих, ҳамчун кохи бегазанд ҳифз кардаанд.

Накукориро Арасту бо истилоҳи «eydaimonia» ифода кардааст, ки «ey» —  «некӣ» ва  «daimon» маънои «худовандӣ» — ро дорад. Чун Худованд ҳама вақт пуштибони амали нек ва шахсиятҳои нексиришт аст, ба ёди онҳост. Инсон ҳам дар фикри Худованди Бузург аст. Аммо «Онон, ки талабгори Худоед, Худоед, Берун зи шумо нест, Шумоед, Шумоед» (Ҷалолуддини Балхӣ). Тафаккури Инсон доимо ба он дакка мехӯрад, ки Инсони нек беҳтарин сифатҳои Худовандиро дорост. Худованд барои Инсон аст. Яъне Осмон ба хотири Замин арзи вуҷуд мекунад.  Ин андешаи малакутиро таҷрибаи инсонӣ дар номгузории фарзанди хеш ва топонимика ҳам барҷаста инъикос кардааст.

Достони «Дар ситоиши Пешвои Миллат» (Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», № 45 (1191) аз 9 ноябри соли 2016, саҳ.13)  аз ҷумлаи  манзумаҳоест, ки ба фаъолияти яке аз бузургтарин абармардони асри ХХI, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Асар қисмате аз корнамоиҳои ин шахсияти воқеан таърихиро тавассути имконоти бадеӣ тасвир намудааст. Роҳи тайкардаи ӯро тӯли 25 соли давлатдорӣ, ба тарзи муъҷаз, дар доираи 55 байт, ба риштаи назм кашидааст. Достон бо матлаи

Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.

оғоз мегардад.

Дастоварде, ки аз ҳама бештар таваҷҷуҳи шоирро ҷалб намудааст, муносибати қаҳрамони ӯ ба тақдири таърихии миллати тоҷик мебошад. Таҳлили сарнавишти басо мураккаб ва фоҷиабори Тоҷикистон, муаллифро муътақид сохтааст, ки яке аз сабабҳои аслии парешонии онро — омили хориҷӣ шуморад. Ва раҳоӣ бахшидани давлатро аз мақсади нопоки аҷнабиён, хизмати ҷонфидоёнаи Сарвари муаззами миллат медонад:

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ,  аммо,

Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ. 

 

Ҳамзамон, муаллиф эҳсос мекунад, ки хурофотпарастӣ ва ҳамчун натиҷаи он гумроҳшавии як қишри ҷомеа, аз таҳдидҳои ҷиддӣ дар муқобили амну осоиши мардум мебошад. Ин тоифа бештар рӯҳияи бегонапарастӣ дорад. Душманони дохилу хориҷи давлати миллӣ аз онҳо ҳадафмандона, ба манфиати худ суиистифода мекунанд. Амали эшон ҳамчун «қасди бадхоҳона» ва «нияти фаъолона сабаби амалкардест тавассути роҳу восита, ки қисман субъективӣ аст… мустақиман ба воқеияти мавҷуда муассир мебошад. Аз байн бурдани чунин сабаб, мунҷар ба маҳсули воқеияти ғайримустақим хоҳад буд» (В.Ф. Гегель. Работы разных лет в двух томах. Том 2. М., 1973, с. 167).

Дар ин амал, шоир таъкиди он нуктаро ба инобат гирифтааст, ки қаҳрамони ӯ, ҳамзамон барои ҳифзи эътиқоди анъанавӣ заҳамот ва ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ додааст:

Хурофотӣ кунад тарғиби дину мазҳаби дигар,

Зи реша қасди бадхоҳон бисӯзонӣ, ту меарзӣ.

 

Муаллиф талошҳои шабонарӯзии қаҳрамони достонро дар хусуси даъват ба рафтори ватанхоҳона,  ҳамчун шахсияти барҷастае бо «дили ҳамдард ва ёри маслиҳатбин», ки «истеҳзори ҳар аҳли диле ҳаст» (таъбирҳо аз Ҳофиз) ва падарона ба ислоҳи рафтори ҳар фарди мувоҷеҳ ба мушкилот  мекӯшад, арҷгузорӣ менамояд:

Бигӯӣ даъвати ифротиён хавфу хатар дорад,

Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ.

 

Дар ин замина, муаллиф таъкиди сиёсати давлатро, ки мақсад аз он тарбия ва комил сохтани шахс, аз гумроҳӣ раҳондани қишрҳои осебпазири ҷомеа, махсусан ҷавононро мадди назар дорад, таҷассум кардааст.

Дар манзума тараннуми озодиву ободӣ ва хурсандиву шодӣ, барҳақ натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии қаҳрамони асар — дараҷаи олии тавоноӣ, умқи фаҳм, идрок ва андешаи ин шахсияти бузурги таърихӣ ба қалам дода мешавад. Чунин арҷгузорӣ, муҳраҳои андешаи шоирро дар кулли манзума, бо ифодаҳои бадеӣ ва шево, бо ҳам мепайвандад. Дониши андӯхта ва фитрии ӯ нисбат ба қонунияти равандҳои ҷамъиятӣ, таҷрибаи пурмашаққати мактаби зиндагӣ дар роҳи миллатофаринӣ ва давлатсозӣ, ҳамакнун ба ӯ имкон медиҳад, бисёре аз ҳодисаҳои таҳдидомези ҷомеаро амиқ пешбинӣ кунад. Ба хотири эмин нигоҳ доштани кишвар аз хатарҳо,  арсаи вақт чораҷӯӣ намояд:

Бувад як хислатат дарки ҳама рафтори номатлуб, 

Аз ин ашхоси номатлуб Меҳанро нигаҳбонӣ, 

ту меарзӣ.

 

Ҳамзамон, шоир саъю талоши ҷонфидоёнаи қаҳрамонашро барои ҳимояи марзу буми кишвар ёдрас месозад. Ҳамчун асосгузори Артиши миллӣ ӯро васф менамояд. Сипари дар замони мушкилӣ сохтаашро кафили сулҳ, комронии Меҳану миллат ба қалам медиҳад:

Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ,

Ба кишвар шуд кафили сулҳу армонӣ, ту меарзӣ. 

 

Аз барҷастатарин аркони манзума, тасвири фидокории қаҳрамони асар дар раҳоӣ бахшидани миллат аз бесарусомонӣ, фақру дармондагӣ, зиллату гуруснагӣ ва хавфи бандагӣ мебошад. Бар асари ҷанги хонумонсӯз, ки онро дӯсткушони душманпарвар бо сад маккорӣ ва ҷилваю ҳилагарӣ рӯйи кор оварданд ва имрӯз ҳам аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ надоранд, садҳо ҳазор хона вайрон, сағиру кабир ҳайрон, мардум саргардон  шуданд. Сарвари давлат — сарвару сарпарасти бепарасторон гашт. Ба хотири осудагӣ бо оне, ки фиреби ҷанг дошт, ҷон коҳонд, сулҳ ангошт:

Ятиму бекасу бесарпарастонро падар гаштӣ,

Парастори сағирону кабиронӣ, ту меарзӣ.

 

Барои нишон додани симои барҷастаи қаҳрамони худ муаллиф самтҳои барои давлатдории миллӣ ҳаётан муҳими фаъолияти ӯро  тараннум мекунад. «Ҷисму ҷон»-и ҷамъияти сохтаи ин шахсияти бузурги таърихиро, то ҳадди имкон ба хонанда тафсир менамояд. Таваҷҷуҳи шоирро, пеш аз ҳама, қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҷалб менамоянд. Илми шинохти ҷамъият исбот кардааст, вобаста ба он ки  ҳукумати ҳар ҷомеа, дар сиёсати рӯзмарра ва амали хеш некуаҳволии кадом табақаро беҳтару хубтар таъмин мекунад, маҳз ва фақат дар пайвастагӣ бо ҳамин омил, дараҷаи мардумӣ будани он ҳукумат арҷгузорӣ мешавад. Муаллифи асар ба ин суол зина ба зина, дар муносибат ба ҳар қисмати ҷомеа посух  медиҳад. Чун ҳафтод дарсади мардуми мо дар деҳот рӯзгор мебаранд ва зиндагии эшон аз замин вобастагӣ дорад, дар манзума ба тарзи мантиқӣ, шоирона, ишораи дақиқ ба эҳёи кишоварзӣ мегардад, ки ба хотири дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ аз чанги гуруснагиву марг раҳондани мардум равона шуда буд:

Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг,

Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ. 

 

Аммо Қаҳрамони асар чун ҷавонмарди асил, марди кордон, ки бозуяш дар хидмати халқ мустаҳкам шудааст, бо ин қаноат намекунад, доимо мекӯшад, ки давра ба давра аҳволи мардумашро беҳтар кунад. Ба ислоҳот мекӯшад. Ин нуқтаро шоир ба риштаи назм мекашад:

Чу ислоҳот андар киштгардони заминҳо шуд,

Фузун гардид файзи кори деҳқонӣ, ту меарзӣ.

 

Ҳар он ки «лофи ақл мезанад», ҷавҳари адлу инсоф дар вуҷудаш   эҳсоси бартарият дорад ва аз «аҳли риёву ҳарифони дағо» фосила мегирад, бояд «даст рӯйи дили пок бигзорад» (Ҳофиз) ва эътироф намояд: ақл на ба он қодир буд, то тасаввур намояд: лаҳзае мерасад, ки мардуми мотамзадаи тоҷик аз: «сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб» (Ҳофиз) раҳоӣ ёбад, дар пайи созандагӣ афтад, ҷода созад, нақб кобад, барқ офарад. Шоир ба ишора аз ин менигорад:

Хати барномаат шуд барқу нақбу роҳу озуқа, 

Ба кишвар аз ту шуд файзу фаровонӣ, ту меарзӣ.

 

Муаллифи нуктасанҷ ба коргоҳи ҳастии имрӯзу фардои диёраш маҳз тавассути дидгоҳи қаҳрамони атобахши  миллаташ менигарад, барҳақ, бо дили пур, ӯро наққош ва меъмори даврони созандагии кишвараш ном мебарад.  Чун Пешвои бузурги миллат бо сухани саршор аз бӯйи вафо,  мужда ва навиде аз ояндаи дурахшони кишвар мерасонад, ки «Тоҷикистони азиз саноатӣ хоҳад шуд!»,  ба оламиён эълом медорад:

Саноат нақшаи ояндаи созандагӣ бошад,        

Ба он наққош ё меъмор ё ҳам ину ҳам онӣ, ту меарзӣ.

Замони истиқлолият, сарфи назар аз мушкилоти ниҳоят сангини ба таври сунъӣ эҷодгашта, бо кӯшишу эҳтимоми бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи воқеан таърихии рушди мактабу маориф, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа маҳсуб мегардад.  Замони шӯравӣ бо ҳазорон афзалияти воқеӣ дар риштаи маориф, чунин собиқаи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои давлатдории миллиро дар дохил ва хориҷи мамлакат надошт. Дошта ҳам наметавонист. Таъкиди ҳамарӯзаи Сарвари давлат, ки илм, маориф, касбомӯзӣ, ягона воситаи раҳоии миллати тоҷик аз мушкилоти рӯзмарраи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрӯзу оянда мебошанд, ба дилу дидаи мардум ҷо гаштааст. Қаҳрамони достон тавоноии миллатро аз доноии ӯ вобаста медонад:

Ба рушди мактабу илму маориф тақвият додӣ,    

Тавонбахшандаи фарҳангу ирфонӣ, ту меарзӣ.

 

Муаллифи асар, ки ҷуръати тасвири корномаи қаҳрамони бузурги миллатро кардааст, бо масъулияти том зарур мешуморад, симои қаҳрамонашро тавассути ниҳоят амиқ омӯхтан, фаҳмида гирифтан, аз бар намудан, таҳлил ва баҳогузорӣ кардани  таърихи халқи куҳанбунёдаш, боз ҳам эътиқодмандона тафсир намояд. Маҳз дар ҳамин асно, аз ҷониби Пешвои бузурги миллат офаридани асарҳои ниҳоят арзишманди таърихӣ ёдоварӣ  карда мешавад. Тавре ба назар мерасад, методи таърихии тадқиқ, ки муҳимтарин раванд ва зуҳуроти воқеоти даврони пешин, қонунияти пайдоиш, тазод ва инкишофи онро муайян месозад ва барои фаҳмидани моҳияти ҳодисоти имрӯз, экстраполятсияи он дар замони оянда роҳнамоӣ мекунад, яке аз рукнҳои фаъолияти қаҳрамони асар мебошад.

Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда,   

Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ.

 

Муаллиф тавассути каломи бадеӣ тасвири он маъниро пешкаши хонандагон кардааст, ки чӣ тавр қаҳрамони ӯ нақши шахсро дар таърих аз муҳимтарин омил  мешуморад. Дарк менамояд,  шахсияте, ки ҳастиашро аз тақдири миллат ва Ватани хеш ногусастанӣ  медонад, баръакс худро дар назди таърих масъул меҳисобад, барои истиқлолият ва рушди миллӣ хидматҳои фаромӯшнашаванда карда метавонад. Тавассути номвар ва абадӣ гардондани чунин шахсиятҳо, миллате, ки маҳз бо ҷонбозиҳои   онон ба рӯзи  нек, некномӣ ва соҳибдавлатӣ расидааст, бо кӯшиш ва эҳтимоми Сарвари давлат ҷовидон гардонда шудаанд. Бо назардошти чунин ва аз ин ҳам зиёдтар қаҳрамониҳо ба маъраз гузоштан, халқи намаксипоси кишвараш худи ӯро аз қаҳрамонони даврони навин ва Пешвои абадии хеш интихоб кардааст:

Бузургонро бузургон зинда медоранд, мегӯянд,         

Шарафманде миёни ин бузургонӣ, ту меарзӣ. 

 

Муаллифи асар саҳфаеро аз таърихи фоҷиабори давлати мо ёдовар шудан мехоҳад: сарфи назар аз он ки дар минтақаи бузург забону адаби мардуми тоҷик мавриди эътирофу истифода қарор гирифта буд,  номбар кардан, ҳамчун намунаи волои рафтори ҷамъиятӣ ҷилвагар намудани қаҳрамонони миллии тоҷик ба манфиати доираҳои сиёсии роҳбарони давру замон набуд. Пешвои бузурги миллат эҳёгари корномаи миллати хеш, ба хотири намунагузории рафтори ватанпарастонаи ин бузургон дар назди халқу миллат мебошад. Чунин рафтори ҷавонмардона, зодаи истиқлолияти сиёсии миллату Ватани мост, ки қаҳрамони асар аз асосгузорони он аст:

Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд қисмат, 

Зи сидқ эҳёнамои қаҳрамононӣ,  ту меарзӣ.

 

Ҳамчунон, дар асар заҳматҳои қаҳрамони достон оид ба эҳё намудани иду анъанаҳои миллӣ, ки аз арзишҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ мебошанд, бо ифтихор васф карда мешавад.

Қаҳрамонӣ, мусаллам аст, корномаи шахсони бузурге мебошад, ки барои миллату Ватани худ ҷонфидоиҳо кардаанд. Ин азхудгузаштанҳо ба ҳазорҳо достон меарзад. «Халқе, ки қаҳрамон надорад, қатъан бадбахт хоҳад буд». Аммо «қаҳрамонӣ» мафҳуми ҷамъбастшуда, хулосавӣ мебошад. Ба тафсири мантиқии сохторӣ (структуравӣ) ниёз дорад.  Муаллифи асар, то ҳадди имкон, чунин талошро низ ба харҷ додааст. Тавассути васфи сифатҳои олии шахсияти бузурги таърихӣ, ки дар қаҳрамониҳои   бемислу монанди ӯ — дар ҳар як амали садоқатмандонааш нисбат ба миллат ва Ватани азизаш тӯли чоряк аср таҷассум ёфтаанд, кӯшидааст нигоштаҳои худро тақвият бахшад.

Таваҷҷуҳи муаллиф ба ин мавзӯъ одӣ нест. Сифати шахсият, ки онро характер (тинат, сират, ирода) гуфтаанд, аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар тамоми давру замон таваҷҷуҳи олимони бузурги дунёро ба худ ҷалб кардааст. Зеро таърих чизе нест, ба ғайр аз амали мақсаднок роҳандозикардаи одамон. Омӯзиши Инсон — омӯзиши характери ӯст. «Ба характер, пеш аз ҳама, ҳамон қисмати шаклии неру, ки инсонро дар масири интихобкардааш мустаҳкам нигоҳ медорад, намегузорад, ки ӯ дар ин ҷода бозистад, мақсаду мароми худро амалӣ месозад ва дар ҳама ҳолат бо худаш маслиҳат мекунад, мансуб мебошад» (В.Ф. Гегель, «Энциклопедия философских наук». Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 7).  Сифати шахсони таърихӣ, қаҳрамонони асил ҳамчун офтобест, ки бо фидокорию ҷоннисорӣ намунаи олии рафторҳои ватанхоҳонаро дар ҳолатҳои барои Ватану Миллат фавқулода хатарнок, аммо ҳаётан муҳим, ба намоиш мегузорад. Амали қаҳрамонона, мардумро низ ба ваҳдат, ягонагӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ сафарбар менамояд: «Инсони соҳиби характер ба дигарон таъсири хуб мерасонад. Онҳо ба ӯ эътиқодманд мешаванд, зеро медонанд, ки бо  кӣ сару кор доранд.» (В.Ф. Гегель, «Энциклопедия философских наук». Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 8).

Албатта, бузургии характер, аз ҷиҳати муҳтаво ва мундариҷа, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ зуҳур меёбад. Мақсадҳои барои давлату миллат тақдирсоз, ҳаргиз имкони амалӣ шуданро надоранд, агар ин нақшаҳо дар ихтиёри сифатҳои олии ҷавонмардонаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ набошанд. Ва сифати шахсияти бузург он аст, ки воқеан, дар амал  тасдиқи худро ба намоиш мегузорад, ошкор месозад, исбот менамояд. Ба тасдиқи ин назария, яке аз бузургтарин мутафаккирони асри XIX Ғарб, В.Ф. Гегел, ки афкораш сардафтари фалсафаи дунё гаштааст, таъкид месозад: «Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои олӣ, Инсон дар худаш характери бузургро кашф мекунад, ки ӯро барои дигарон ҳамчун машъал, роҳнамо муаррифӣ менамояд» (В.Ф. Гегель, «Энциклопедия философских наук». Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 8). Ба ҳамин хотир шоир таъкид месозад:

Далериву шуҷоат хоса мансуби ҷавонмардист, 

Қавидил, боҷасорат марди майдонӣ, ту меарзӣ.

 

Ё ин ки:

Фидои ин Ватан, ин сарзамин гуфтӣ шудан бояд, 

Ҳалолат бод худ аз ҷонфидоёнӣ, ту меарзӣ.

 

Дар манзума сухандонӣ ва суханварии  қаҳрамони асар бо эҳсоси  баланди ҳақиқатнигорӣ  тараннум карда мешаванд. «Ман нобиғаро аз он мешиносам ва эътироф мекунам, ки ӯ чӣ тавр бо лафзи модарӣ афкорашро баён месозад» (Б. Наполлеон). Воқеан, сухандонӣ,  суханшиносӣ, суханварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат барои ҳар нафаре, ки тоҷик аст, ба лафзи дарӣ, форсӣ ҳарф мезанад, худро тахассусманди соҳаи забоншиносии тоҷик ва донишманди меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мешуморад, ибратомӯз ва намунаи олӣ аст. Суҳбати қаҳрамони асар бо табақаҳои гуногуни ҷомеа — кӯдакон, наврасон, куҳансолон, ҷавонон, кишоварзон, коргарон, аҳли фарҳанг, илму адаб, сиёсатмадорон ва муҳофизони Ватан, бо интихоби мавзӯъ, мазмун, мундариҷа, муҳтаво, тарзи масъалагузорӣ, ҳидоят ва маслиҳат оид ба ҳаллу фасли онҳо, аз якдигар фарқ мекунанд. Захираи бойи луғавӣ, донистани рӯҳияи қишрҳои гуногун — аъзо ва авзои ҷомеа,  шароити воқеии зисту зиндагӣ, кору фаъолият, муваффақият ва мушкилоти онон, ҳисси ниҳоят баланди масъулият, сидқу сафо, ҳусни ният нисбат ба имрӯзу фардои халқу миллати сипосгузораш, мададгори аслии фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардуми кишвараш мебошад. Ба қаҳрамони асар муяссар мегардад, ки дар ҳар маърака барқосо чун «муродбахши дили беқарори мардум», «аниси хотири умедворон»  ва «ғамгусори» (таъбирҳо аз Ҳофиз) миллати дар роҳи маслакаш мисли ӯ ва дар пайравии ӯ ҷонфидо, ҳамчун гӯшту нохун дар тамос ва дарки маънавӣ бошад.

Воқеан, ба иловаи қаҳрамониҳое, ки Пешвои миллат дар роҳи Сулҳу Ваҳдат, таъмини амнияту осоиши мардуми азиятдидаи хеш кардааст, ҳамчунон тавонистааст бо истеъдоди фавқулодаи фитрӣ ва тавони сухан ҳазорҳо мушкилро осон намояд. Ин корро дар тӯли таърих ва рӯзгори носозгори имрӯзи ҷаҳон, ҳазорон «лашкари даъвои гетиситонидошта»-и олам ҳам натавонист кардан. Суханварии Пешвои бузурги миллати пурифтихор лоиқи ҳамду сано аст:

Шоир ҷаҳон гирифту ба теғи забон   гирифт,

Оре, ҷаҳон ба теғи забон метавон гирифт.                                             

Бигрифт бо тавони сухан он чӣ подшоҳ,

Бо теғи тезу лашкари гетиситон гирифт. 

(М. Иқбол).

Муаллифи манзума таърихи фоҷиабори миллатро хуб аз бар кардааст. Дастовард, бурду бохти шоҳони гузаштаро мунсифона мавриди омӯзиш, таҳлил ва арзёбӣ қарор додааст. Маълум аст, аз дастовардҳои онон меболад. Аммо аз бохташон, ки ба фоҷиаҳои зиёди миллӣ анҷом ёфтааст, нороҳат мегардад. Ба қиёси фаъолияти чорякасраи ҷонфидоиву корнамоии қаҳрамони худ нисбат ба он замон мепардозад: ӯро ҳисси баланди ифтихор, қаноатмандӣ фаро мегирад, ки маҳз бо ҳузури ӯ «навиди фатҳу башорат ба меҳр», «ҷаҳон ба коми дил, миллат ба авҷи моҳ расид» (таъбирҳо аз Ҳофиз). Бо забони хеш эътиқодмандона мегӯяд:

Барои тоҷикони рӯи олам такягоҳ гаштӣ,     

Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ. 

 

Шоири забардаст Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр (1906-1988)  даҳсолаҳо гаштаву баргашта, бо диди амиқи илм, фаҳми дақиқи назм ва мантиқи замони Фирдавсии поксиришт, ба омӯзиши «Шоҳнома»-и безавол шуғл меварзад.  Назди шоире,  ки баъди заҳматҳои ҷонкоҳона ба тӯли зиёда аз сӣ сол, ба ҷаҳониён навид додааст: «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!», сари таъзим фуруд меорад. Бо диди фалсафӣ, шоирона, ба асли масъалаи шоҳасар назари хешро ҳамчун хулосаи таҳқиқи анҷомдодааш, бо ғурури мутантани ватанхоҳона аз фарзанди барӯманди миллаташ, эълом медорад:

Аё Фирдавсиё, сеҳрофарино, эй бузургустод,  

Чу ту устоди маъниофарин кас надорад ёд.

Надонам Рустаму рӯинтане будаст худ ё на.

Ту будӣ, ҳарчи будӣ Рустаму рӯинтан афсона,

Аҷам то зинда бошад, номи ту вирди забон дорад.

Ба ҷон миннатпазири туст, эй ҷон, то ки ҷон дорад.

 

Воқеият шаҳодат аз он медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар роҳнавардони сиёсӣ, ки таърих ёд дорад,  рӯинтани аслии   миллат ва давлатофарини тоҷикон дар ҳазор соли ахир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар байни бузургтарин қаҳрамонони асарҳои илмӣ — таърихӣ,   симои Пешвои миллат ифтихори ҳамасрони ӯст. Ҳамчунон, намунаи пайравӣ ва   меҳроби давлатдории миллӣ барои ҳазорсолаҳост.

Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ  дар партави корномаи Пешвои миллат, аз аркони  ниҳоят аҳамиятноки худшиносии миллӣ мебошад. Мағз андар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад. Моҳияти чунин муносиботро мақсадҳои воқеан ҳаётӣ — зарурати ногузири ба инобат гирифтани таносуби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он вазифаҳои ҳаётан муҳиме, ки барои сохтани давлати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ хос мебошанд, дар бар мегирад.

Муаллифи достони «Дар ситоиши Пешвои миллат» бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ, хонандаро ба дарки масъулияти бузурги ватандорӣ ба хотири имрӯз ва фардои пурсаодати миллат даъват мекунад. Мантиқи васфи Пешвои бузурги миллат дар манзума, бо садои дили ҳазорон пиру ҷавони кишвари саодатмандаш ҳамовоз аст:

Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,   

Сазовори ҳазорон шеъру достонӣ, ту меарзӣ.

С. ЯТИМОВ

Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 14/2 тасдиқ шудааст.
 

 Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ

 Муқаддима


 

 Зарурати омода намудани либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар банди 4 «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2006 № 32/3) таъкид гардидааст.

Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.

 

Либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ

  Дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбиро оид ба ҳар як фасли сол барои духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бояд аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безарар аст, дӯхта шаванд. Аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатии инсон зараровар мебошанд, худдорӣ карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо қарори Шӯрои олимон (Шӯрои педагогӣ) талаботи пӯшидани либосҳои донишҷӯён таъмин карда мешавад.

Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳангоми ба дарс омадан бо худ ҷузвдон мегиранд.

Ҳангоми сард будани синфхонаҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо либосҳои гарми зимистона (болопӯш, палто, ҷемпер ва куртка) дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои донишҷӯён истифода бурдани дафтару ашёҳои хонише, ки дар онҳо расму суратҳои нимурён, аксҳои гуногун аз филмҳои хориҷии талқинкунандаи равонияти зӯроварӣ ва барангезанда тасвир шудаанд, манъ мебошад.

Page 3 of 8
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид