30 - юми июни соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара Баротзода А.Х. ва директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Сафаров З. оид ба фаъолияти коллеҷҳои мазкур дар соли таҳсили 2022 - 2023 ба таври муфассал маълумот дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа ахбори раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён Камолов Д.Ғ. оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ шунида шуд.
Ҳамзамон, сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ҳомидзода И.Ҷ. доир ба вазъи коргузорӣ ва натиҷаи иҷрои супоришҳои ректор, қарорҳои раёсат ва шӯрои олимон маълумот дод.
Сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ. оид ба иҷроиши сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ маълумоти муфассал дод.
Дар ҷаласа қарори шӯрои олимон “Дар бораи тасдиқи барномаҳои таълимии ординатураи клиникӣ” қабул гардид.
Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА