Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ миёни Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон бо дигар донишгоҳҳои тиббии хориҷи кишвар ва иҷрои бандҳои созишномаҳои қаблан имзошуда аз санаи 1-уми апрел то 8-уми апрели соли 2024 барои донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз фанҳои клиникӣ лексияи се нафар мутахассисони варзида аз Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия ва як нафар аз Донишгоҳи тиббии Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Зикр бояд кард, ки барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети педиатрӣ лексия аз фанни «Бемориҳои кӯдакона» аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, мудири кафедраи педиатрияи госпиталӣ бо курси маълумоти иловагии касбии Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия, н.и.т., профессор Павлинова Елена Борисовна, аз фанни «Бемориҳои дарунӣ» барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз ҷониби мудири кафедраи тибби реабилиталӣ бо маълумоти иловагии касбии Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия н.и.т., профессор, Ахмедов Вадим Адилевич ва аз фанни «Акушерӣ ва гинекологӣ» барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз ҷониби мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Омск, н.и.т., дотсент Савелева Ирина Вячеславовна давоми ду рӯз идома ёфт.

  

  

Лексия аз фанни «Бемориҳои ҷарроҳӣ» барои донишҷӯёни курсҳои 4-ум, 5-ум ва 6-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ бошад, аз 1-ум то 8-уми апрел сурат гирифта, аз тарафи ёвари профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳии Донишгоҳи тиббии Қарағанда, табиб-ҷарроҳ, колопроктолог Эргешов Руслан Хадиматович доир карда шуд.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсия Русия ва Донишгоҳи тиббии Қарағандаро Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т, профессор Убайдулло Қурбон расман ба ҳузур пазируфта, аз ҳамкориҳои судманд бо донишгоҳи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар навбати худ, намояндагон низ аз пазироии самимӣ ва ташкили имконияту шароити мусоид миннатдории худро ба роҳбарияти донишгоҳ иброз намуданд.

 

Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Санаи 28-уми март бо ибтикори маъмурияти китобхонаи донишгоҳ бахшида ба шоҳасари бузурги ниёгон “Захираи Хоразмшоҳӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ дбаргузор гардид. Маҳфилро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илм, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. оғоз намуд ва бузургиву манзалати ин асар, аз ҷумла барои соҳаи тибро арзёбӣ намуд.

 

Мудири китобхона Ҳалимов М.А. дар маърузаи худ оид ба раванди таҳия, баргардон ба хати криллӣ, ба чоп омода намудани асари мазкур, ҳайати таҳририя, муҳаррири масъул  ва дигар масъалаҳои марбут ба асари “Захираи Хоразмшоҳӣ” сухан намуд.

 

Инчунин дар маҳфил аз ҷониби мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., дотсент Гулов А.А.  дар мавзуи “Захираи Хоразмшоҳӣ-эҳёгари соири улум””, мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Одинаев С.П. дар мавзуи “Исмҳои ҷамъбандӣ дар “Захираи Хоразмшоҳӣ”", мудири кафедраи Бемориҳои ҷарроҳӣ н.и.т., Холов А.Д. дар мавзуи “Захираи Хоразмшоҳӣ-роҳнамо дар табобати омосҳо”, омӯзгори кафедраи анатомияи нормалӣ н.и.ф., Сангова Ҳ.Р. дар мавзуи “Манфиату мазаррати хобу бедорӣ аз нигоҳи Исмоили  Ҷурҷонӣ”, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., Саидова М.Р. дар мавзуи “Илми тиб аз нигоҳи Исмоили Ҷурҷонӣ” бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуданд.

Дар фарҷом муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. кори маҳфилро қаноатбахш арзёбӣ намуда, бори дигар муҳиммияти ин асарро барои соҳаи тиб ва табибон таъкид намуд ва аз баргузории чунин маҳфил ба масъулон изҳори сипос кард.

Китобхонаи донишгоҳ.

Санаи 30-уми марти соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ бахшид ва аъзои ҷаласаро бо рӯзнома шинос намуд.

Дар масъалаи якуми рӯзнома муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. "Маълумот оид ба натиҷаи сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2023-2024"-ро баррасӣ намуда, дар маҷмуъ, камбудӣ ва муваффақиятҳои бадастоварда дар сессияи имтиҳонии мазкурро бо таҳлили амиқ ва далелҳои асоснок пешниҳод намуд.

Дар масъалаи дуюми рӯзнома мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 дотсент Пиров Б.С. оид ба "Фаъолияти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1, мушкилот ва дурнамо" ҳисоботи панҷсола пешниҳод намуд. Ҳамзамон, хулосаи комиссияи санҷишӣ вобаста ба фаъолияти кафедраи мазкур аз ҷониби раиси комиссия дотсент Боронов Ҳ.А. манзур гардонда шуд.

Мудири китобхонаи донишгоҳ Ҳалимов М.А. дар масъалаи сеюми рӯзнома аз "Фаъолияти китобхона, мушкилот ва дурнамо" ба аъзои шуро маълумот пешниҳод намуд.

Масъалаи чорум: "Маълумот оид ба фаъолияти Маркази технологияҳои иттилоотӣ дар соли таҳсили 2023-2024"-ро сарвари марказ Саидов Н. пешниҳоди аъзо гардонид.

Зикр бояд кард, ки вобаста ба масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардида Қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар масъалаҳои ҷорӣ бошад як қатор лоиҳаи қарорҳо пешниҳод ва аз ҷониби аъзои шурои олимон тасдиқ карда шуданд.

Инчунин, Раиси Шурои олимон аз номи тамоми аъзои шуро ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 Дадаҷонов Ҷаҳонгир, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии "Маркази рушди зеҳнӣ" дар озмуни байналмилалии "100 чеҳраи муваффақ" аз рӯйи номинатсияи "Ихтироъкориву барномасозӣ" ғолиб дониста шуда буд, табрик намуда, дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои навтаринро таманно намуд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 25-уми марти соли 2024 ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар маркази ноҳияи Данғара бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки Раёсати донишгоҳ низ дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзид.

Нахуст, дар боғи «Хуррамшаҳр»-и ноҳия, дар баробари дигар идораву муассисаҳои воқеъ дар ноҳияи Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ "Намоиши наврузӣ"-ро, ки аз "Ҳафтсину ҳафтшин", хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иборат буд, ташкил ва ба маърази тамошо гузошт.

Сипас, роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дар барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли ҳунари ноҳия, ки дар варзишгоҳи марказӣ бахшида ба таҷлили бошукуҳи Наврӯз баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 20-уми марти соли 2024 тибқи нақша-чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иди Наврӯзи оламафрӯз бо ҷалолу шукуҳи хоса таҷлил гардид. Аз субҳи барвақт донишҷӯёну омӯзгорон бо либоси идона, занону бонувон бо атласу адрас ва чакану дигар либосҳои миллӣ ба донишгоҳ ҳозир гардида, бо либоси миллӣ ба ҷашни донишгоҳӣ таровати нав зам намуданд. Шурои занон ва духтарон, шуъбаи тарбия ва фарҳанг ва донишҷӯёни факултети педиатрӣ, ҷиҳати иҷрои расму ойинҳои наврузӣ, дар назди толори фарҳангии донишгоҳ "Намоишгоҳи наврузӣ"-ро омода намуданд, ки аз "Ҳафтсину ҳафтшин", хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иборат буд. То оғози чорабинии фарҳангӣ ҲПО ва донишҷӯён аз ин намоиш дидан намуданд.

Сипас, дар толори фарҳангӣ барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари донишгоҳ доир карда шуд. Чорабиниро Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо ин ҷашни бузург ва ҷаҳонӣ табрику таҳният намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: "Хеле хушоянд ва фараҳфизо аст, ки имрӯз дар кишвари биҳиштосои мо аз фарорасии Наврӯзи хуҷастапай фазои идона ҳукмфармо аст. Аз ҳар гӯшаю канори мамлакат танини найу дутор, дафу доира, созу наво ва хандаю сурури мардуми шарафманди миллати тоҷик ба гӯш мерасад. Тантанаю дабдабаи имрӯзаи мо низ шаҳомату шукуҳи Наврӯзи фархундапай мебошад". Ҳамзамон, Ректори донишгоҳ аз таърихи Наврӯз, расму оинҳои он, ҷаҳонишавии Наврӯз, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар "Иди байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз" ва дигар хусусиятҳои хоси ин ҷашни бузурги миллӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, Ректори донишгоҳ ғолибони озмунҳои "Маликаи Наврӯз-2024", "Гулбазми наврӯзӣ" ва "Канӣ духтарон"-ро, ки бахшида ба идҳои баҳорӣ дар донишгоҳ баргузор гардиданд, бо Ифтихорномаи ва мукофти пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Дар идома, дастаи ҳунарии "Дурахшон"-и донишгоҳ дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети педиатрӣ барномаи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони "Наврӯзи оламафрӯз"-ро, ки аз композитсияи адабӣ-мусиқӣ, суруду тарона, шеъру баромадҳо, намоиши либосҳои миллӣ, рақсу бозиҳои наврӯзӣ иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардонданд.

Хабарнигори сомона.

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба баргузории идҳои баҳорӣ санаи 15-уми марти соли 2024 дар донишгоҳ озмуни “Маликаи наврӯзӣ” ва “Гулбазми наврӯзӣ” доир карда шуданд. Масъули озмунҳои мазкур шурои занон ва духтарон ва кафедраи забонҳо буда, донишҷӯдухтарони соҳибистеъдод барои иштирок дар озмун ҷалб карда шуданд. Довталабон шартҳои озмунро, ки қаблан эълон гардида буданд, бо як маҳорату истеъдоди хос иҷро намуданд ва ҳунари онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд.

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ – Рустамқулова Гулнора Шуҳратҷоновна ғолиби озмуни донишгоҳии “Маликаи Наврӯз-2024” ва донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ - Баротова Амина Мирзоҳаётовна ғолиби озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” дониста шуданд.

Ғолибон дар ҷашни наврузии донишгоҳӣ бо Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

 

Шурои занон ва духтарон,

Кафедраи забонҳо.

Page 1 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид