Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 01 Май 2023 00:00

УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД

Бахшида ба 145 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилу чорабиниҳои гуногун гузаронида истодаанд.

            Вобаста ба ин санаи муҳим, 25-уми апрели соли 2023 дар кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

            Дар маҳфил муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П., профессори фахрии кафедра Должикова В.А., сардори бахши гурўњи назорати сифати тањсилот Қурбонов Х.Ш., сармуҳаррири рӯзномаи  “Пайки шифо” О.Саркорӣ, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок карданд.

            Мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда оид ба тарҷумаи ҳол ва осори устод Айнӣ маълумоти мухтасар дод.

            Дар идомаи чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. дар бораи қаҳрамониҳои беназири устод Айнӣ суханронӣ кард. Қайд гардид, ки нақши устод Айнӣ дар ҳифзи таъриху фарҳанги ин миллати куҳанбунёд хеле бузург аст ва ӯ барои бузургдошти халқи тоҷик муборизаи беамон бурдааст. Устод Айнӣ нобиғаи нотакрор буда, дар асари худ таҳти унвони “Маънои калимаи “тоҷик” ва услуби нигориши он, ки ҳамагӣ 24 саҳифаи дастнавис аст, 208 маротиба калимаи “тоҷик”-ро зикр намудааст ва барои исботи фикраш далелу санадҳои раднопазир овардааст.

            Профессори фахрии кафедра Должикова В.А. қайд намуд, ки устод Айнӣ бо гуфтори нек, кирдори нек ва рафтори некаш номи неки худро дар ҷаридаи олам ҳамешагӣ сабт намуд.

              Сармуҳаррири рӯзномаи  “Пайки шифо” О.Саркорӣ дар бораи ҷилди панҷуми  “Ёддоштҳо” ё  худ “Таърихи инқилоби Бухоро”-и устод Айнӣ, ки ҳафтод сол ба нашри он пантуркистон монеъ шуда буданд, маълумоти мухтасар дод.

            Шеърхонии донишҷӯён аз ашъори устод Айнӣ ба ҳусни чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.

            КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО

Хондан 190 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид