Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд. Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад. Бинои асосии донишгоҳ дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии он 25 ҳазору 956 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 ҳазору 787 метри мураббаъ  масоҳати муфиди таълимӣ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони вилоят мулоқоти самимӣ ва судмандро доир намуд. Пешвои муззами миллат таъкид намуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар қисми маъмурӣ раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, осорхонаи марказӣ, марказу шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.

Дар ошёнаҳои аз 4-ум то 6-уми бино кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ, аз ҷумла кафедраи забонҳо, ҷомеашиносӣ, химия ва биологияи тиббӣ, физикаи тиббӣ ва информатика, фармакология ва микробиология, беҳдошт ва вогиршиносӣ мавҷуд мебошад.

Дар бинои навбунёд 194 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон ва 80 синфхонаи таълимӣ, дар умум беш аз 2000 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толорҳои маҷлисӣ ва лексионӣ бошад, 12 ададро ташкил медиҳад.

Толори бошукуҳи маҷлисӣ ва фарҳангии донишгоҳ дорои 1100 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст. Масоҳати умумии толори мазкур  1 ҳазору 164 метри мураббаъро дар бар мегирад. Минбаъд тамоми чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатии донишгоҳ дар ин толори муҳташам баргузор карда мешаванд.

Дар шафати Бинои асосӣ инчунин бинои таълимии рақами 1, ки аз таҳхона ва шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0,5 гектар сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии бинои нави таълимӣ 3 ҳазору 814 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки масоҳати муфиди он 2 ҳазору 451 метри мураббаъ мебошад. Дар бинои таълимӣ 16 синфхона, 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо 318 ҷои нишаст ва як толори барҳавои лексионӣ бо 100 ҷои нишаст барои таълими донишҷӯён мавҷуд аст.

Дар бино кафедраҳои тибби назариявӣ: анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ, гистология ва тибби судӣ, ки асосан донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3-юм дар онҳо таълим мегиранд, ҷойгир карда шудааст.

Ҳамзамон, дар шафати бинои асосӣ ва таълимии донишгоҳ дар масоҳати 1083 метри мураббаъ ошхонаи барҳаво бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Дар ошхона имкон аст, дар як вақт ба 300 нафар хизмат расонида шавад. Ошхона бо таҷҳизоти нонпазӣ, омода кардани хӯрок ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Илова бар ин, дар таҳхонаи бино низ дар масоҳати 600 метри мураббаъ барои 200 ҷои нишаст ошхона сохта шудааст. 

 

Имконияти муосири илму касбомӯзӣ дар донишгоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири аз бар намудани донишҳои замони имрӯза, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва пешрафти илми тибби тоҷик фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи нақшаи генералӣ бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 2 марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи якум бинои хобгоҳи донишҷӯён, бинои асосӣ, бинои таълимии №1 ва бинои охшона имрӯз пурра татбиқ шуд.

Дар марҳилаи дуюм бошад, сохтани биноҳои таълимии №2 ва 3, манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳи донишҷӯён, Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ, бинои виварий, майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ, толори лексионӣ ва бинои клиникаи донишгоҳӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ин бинои муҳташами замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Устодони донишгоҳ изҳор доштанд, ки барои таъмини солимии ҷомеа аз тамоми дониш ва маҳорати касбнамудаи хеш босамар истифода менамоянд.


     

     Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз 1-юми июни соли 2023 тибқи ҷадвал имтиҳонҳои сессияи тобистона оғоз гардиданд. Донишҷӯён аз 28 фанни таълимӣ, аз қабили фанҳои умимитаълимӣ, назариявии тиббӣ ва клиникӣ дар се марҳила: шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ имтиҳон месупоранд. Саволномаҳои имтиҳонӣ аз саволҳои тестӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ва иҷрои машқҳои амалӣ  иборат мебошанд.

    Дар толорҳои донишгоҳ аз донишҷӯёни курси  якуми ҳамаи факултетҳо  аз фанни “Забони русӣ" диктант ва имтиҳони шифоҳӣ, дар курсҳои дуюм аз фанни “Биохимия”, курсҳои сеюм аз фанни “Анатомияи патологӣ” ва курси 4-уми факултети тиббӣ аз фанни “Бемориҳои даруна” имтиҳонҳо қабул гардиданд.

    Ҳамин тариқ,  рӯзи 2-юми июн дар курси якум аз фанни “Забони русӣ”, дар курси дуюм аз фанни “Биохимия”, дар курси 3-юми факултети стоматологӣ аз фанни “Анатомияи патологӣ” имтиҳонҳои тестӣ баргузор мегарданд. Ҳамзамон, курсҳои 4-уми  факултети стоматологӣ аз фанни “Стоматологияи муолиҷавӣ” имтиҳони шифоҳӣ месупоранд.

     3-юми июни ҳафтаи равон донишҷӯёни курси 5-уми факултети педиатрӣ аз фанни “Бемориҳои ҷарроҳӣ”,  курси 5-уми факултети тиббӣ аз фанни “Ҷарроҳии кӯдакона” имтиҳони шифоҳӣ ва курси 4-уми факултети стоматологӣ аз фанни “Стоматологияи муолиҷавӣ” имтиҳони тестӣ хоҳанд супорид.

Раванди имтиҳонот дар толорҳо пайваста аз ҷониби ҳайати комиссияи имтиҳонотӣ назорат карда мешаванд.

 

ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

27 - уми майи соли 2023 ҷаласаи навбатии Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили омодагии шуъбаи таълим, деканати факултетҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба имтиҳонҳои сессияи тобистона, фаъолияти шуъбаи кадрҳо, фаъолияти кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология ва ҷамъбасти аттестатсияи хатми давлатӣ дар соли таҳсили 2022-2023 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Ваколатдори сардори шуъбаи таълим Ҳомидзода И.Ҷ. оид ба омодагии ҳамаҷонибаи шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки дар асоси нақшаи таълимӣ дар маҷмуъ аз курси якум то то шашуми ҳамаи факултетҳо 37 имтиҳон ва 4 санҷиши диференсиалӣ муқаррар карда шудааст. Шуъбаи таълим, деканати факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани имтиҳонҳои сессияи тобистона тамоми шароитро фароҳам овардааст.

Тибқи иттилои сардори шуъбаи кадрҳо Асоев С.П. дар донишгоҳ дар ин давраи соли таҳсил 276 нафар корманди асосӣ ва 52 нафар ба ҳайси ҳамкор фаъолият карда,  21 нафар омӯзгори ДДТХ соҳиби дараҷаи илмӣ мебошанд.

Дар идомаи ҷаласа мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология н.и.т. Исоева Б.И. оид ба фаъолияти кафедраи мазкур маълумоти мушаххас дод. Қайд гардид, ки аксарияти собиқаи омӯзгорони кафедра аз 20 сол зиёд аст. Дар кафедра маҳфили “Сироятшиносони ҷавон” амал менамояд ва 20 нафар донишҷӯ аъзои маҳфили мазкур мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра 1 монография, 11 мақолаи илмӣ ва 14 тезис нашр гардидааст.

    Ҳамзамон, дар ҷаласа муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. оид ба ҷамъбасти аттестатсияи хатми давлатӣ дар соли тақсили 2022-2023 маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки  имсол  аз байни 367 нафар хатмкунандаи донишгоҳ 29 нафарашон  дипломи аълоро ба даст оварданд.

Дар анҷоми Шӯрои олимон бархе аз омӯзгорон, аз ҷумла профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А., мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика Холов А.А., ассистенти кафедраи забонҳо Ғарибмамадов М.М. ва ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Мардонова Н.М. барои фаъолияти пурмаҳсул ва дастовардҳои шогирдонашон дар озмуни фаннии байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва маблағ қадрдонӣ гардиданд.

Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди тақҳили амиқ қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзўр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

   25-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара бо иштироки раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Р.И.Хайриддин, прокурори ноҳия Қодирзода Н.Т., Сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара Каримзода, Сардори КДАМ-и н. Данғара Қурбонов И.И., ректорони донишгоҳҳо, директорони муассисаиҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоту идораҳо баргузор гардид.

     Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ва 20-нафар донишҷӯи фаъоли курси панҷум иштирок карданд.

      Дар ҷаласа сардорони мақомоти болозикр дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамзамон оид ба терроризму экстремизм суханронӣ карда,  қайд намуданд, ки яке аз роҳи асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин, аз ҷавонон дархост гардид, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетро танҳо барои ташаккули илму дониши хеш истифода намоянд. Ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ҳама ҷо исбот кунанд, ки фарзандони фарзонаи миллат мебшанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

   24-уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

    Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ДДТХ Раҳимов Х. С. оид ба фаъолияти пурсамари омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён дар ДДТХ ва берун аз он маълумот дод.

   Дар идомаи чорабинӣ ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон аҳли нишастро ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” табрику таҳният намуданд.

    Пас аз табрикот омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони фаъоли донишгоҳ аз ҷумла, ғолибони озмунҳо ва аъзои фаъоли дастаи ҳунарии “Дурахшон” бо Ифтихорномаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  сарфароз гардонида шуданд.

    Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Дурахшон” композитсияи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд.

   Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар бораи ҷавонӣ, иҷрои сурудҳои дилнишин ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

 ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

   

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорони донишгоҳҳои олӣ навиштани тезис, мақола, дастурҳои методӣ ва китобҳои илмӣ ба шумор меравад, ки омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин самт саҳми назаррас доранд.

   Ин навбат ба фонди китобхонаи ДДТХ дастури методӣ, монография ва китоби нави д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон дар ҳаммуаллифӣ бо олимони шинохтаи соҳаи тиб таҳти унвони "Хирургическое лечение дефектов и рубцовых деформаций мягких покровов головы", “Варикозное расширение вен нижних конечностей” (учебно - методическое пособие), “Хирургическое лечение послеожоговых стягивающих рубцов шеи и грудной клетки” (монграфия), “Экстренная микрохирургия повреждений сосудисто - нервных конечностей”,  китоби  н.и.с., дотсент Аҳмадиён Ш.Р. бо номи “Хирург -перфекционист”, монографияи н.и.т. Ш. И. Холов - “Тактико - технические аспекты хирургического лечения гипоспадии” ва монографияи н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. - “Семантико-стилистические особенности поэтонимии “Шахнаме” Абулкасыма Фирдоуси”  ворид гардиданд.  

КИТОБХОНА

       18-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Данғара даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.

        Дар номинатсияи “Математика” донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Ш. Бахтиёр, дар номинатсияи “Физика” донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Раҳимов Ф.А., дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Рустамқулова Г.  ва дар номинатсияи “Биология” донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Худойбердиев Ҳ.Ж. бо ҷойи якум сарфароз гардиданд.

        Ҳамзамон, дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 Дадаҷонов Ҷ.Ю. ҷойи аввалро ба даст овард.

        Донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Тураев Н. ва донишҷӯи  курси дуюми факултети педиатрӣ Набиев Ш.Ш. аз рӯйи номинатсияи “Математика”, донишҷӯёни курси якуми факултети стоматологӣ  Ёрова Э. ва Пиров В.  аз рӯи номинатсияи “Физика”, донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ Раҳимов У.М. ва Худойқулов Б.Ш. аз рӯйи номинатсияи “Химия”, донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ аз рӯи номинатсияи “Биология” ва донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Умаров А.А. аз рӯи номинатсияи “География” ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

        Ҷойи сеюмро дар номинатсияи “Математика” донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Тоҷиев Ҳ., дар номинатсияи “Физика” донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ С.Ҳабибулло, дар номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Юлдошев А., дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ Ҳалимзода М. ва Ализода Г., дар номинатсияи “Химия” донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ Шоқурбонов Э. ва донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ Маҳмадҷонов А.А., дар номинатсияи “Биология”  донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Барфиева Г.Ш. ва донишҷӯи курси чоруми факултети педитарӣ Мирзоев Ш.Ҷ. ва дар номинатсияи “География” донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Исмоилзода Б.М. ишғол намуданд.

        Илова бар ин, ду нафар донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ Шералиев З.С.  ва Хуррамов О.Р. дар номинатсияҳои “Химия” ва “География” ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

        Раёсати ДДТХ ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар оянда комёбиҳои бузургро таманно менамоянд.

МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ  

  15-уми майи соли 2023 аз ҷониби Қурбонзода Т.Ҳ. муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТХ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид.

          Дар хонишҳои сиёсӣ донишҷӯён ва омӯзгорони ДДТХ ширкат варзиданд.

  Муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қурбонзода Т.Ҳ. оид ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони истиқлол, бузургии ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пос доштани муқаддасоти Тоҷикистони азиз суханронӣ намуд.

   Дар анҷоми маҷлис омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ба ҳамин васила мусоидат намудан дар самти баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси худшиносии ҷавонон бо Сипосномаи раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. 

 

ШУЪБАИ КОР БО

ҶАВОНОНИ ДДТХ

Page 7 of 77

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид