3 - юми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имтиҳони хатми давлатӣ оғоз гардид.
Хатмкунандагон бо тайёрии ҳамаҷониба ва дониши мукаммали касбӣ ба донишгоҳ ҳозир шуданд.
Раисони имтиҳони давлатӣ - сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Набиев З. Н., духтур-стоматологи Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии “Стоматология” ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.т. Юсупов З.Я. ва мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТХ ба номи Абӯалӣ ибни Сино н.и.т., дотсент Маҳмадзода Ш.Қ. аз ҷавобҳои хатмкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки имтиҳони хатм дар се давра (супоридани малакаҳои таҷрибавии касбӣ, ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ (шифоҳӣ) ва имтиҳони тестӣ) баргузор гардида, аз рӯйи системаи 100 балла баҳогузорӣ карда мешавад. Донишҷӯёни факултети тиббӣ аз рӯи ихтисоси “Кори табобатӣ”, факултети педиатрӣ аз рӯи ихтисоси “Педиатрия” ва факултети стоматологӣ аз рӯи ихтисоси “Стоматология” имтиҳони хатми давлатӣ месупоранд.