Хабарҳои ДДТХ (842)
ДАРСИ КУШОД: “ПАТОФИЗИОЛОГИЯИ СИСТЕМАИ ДИЛУ РАГҲО”
Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таълим дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гузаронидани дарси кушод дар кафедраҳо идома дорад.
16-уми феврали соли равон аз ҷониби мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. дар гурӯҳи 305-и тиббӣ дар мавзуи “Патофизиологияи системаи дилу рагҳо” дарси кушод гузаронида шуд.
Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х. Ш., мудири кафедраи фармакология ва микробиология Ҷулаев А.С., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А. мудири кафедраи физика ва информатикаи тиббӣ Холов А.А. ва омӯзгорони кафедраҳои мазкур иштирок карданд.
Дарс бо усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда, дар рафти он аз асбоби айёнҷ ва технологияи иттилоотҷ истифода бурда шуд. Фаъолнокии донишҷӯён аз он шаҳодат медод, ки моҳияти мавзуъро дар сатҳи баланд аз худ намудаанд.
Гузаронидани дарси кушод барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ, паҳн кардан ва ҷорҷ намудани таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорони кафедра мусоидат хоҳад кард.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
Курсы английского языка для интернов, клинических ординаторов и молодых преподавателей
20 февраля 2023 года в ХГМУ стартуют курсы английского языка для интернов, клинических ординаторов и молодых преподавателей в рамках проекта BERNICA "Building Educational and Research Capacities in Nutrition and Dietetics in Central Asia" программы Эразмус+ .
Обучение будет проводиться на уровне Upper-Intermediate и Pre-Intermediate. Курсы позволят обучающимся знакомиться с иноязычными научными источниками, самостоятельно читать статьи на английском языке, писать и публиковать статьи в иностранных изданиях, участвовать в международных семинарах и тренингах.
Бесплатные курсы пройдут в течение 4-х месяцев. По их завершению участники получат сертификаты.
Заявки на участие принимаются до 18 февраля 2023г.
Для регистрации необходимо отправить резюме
на электронную почту This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ВИЛОЯТИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР ДДТХ
10-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм дар мавзуи “Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А., сардори шуъбаи кадрҳо Асоев С.П., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Данғара Аминова М. ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Мудири кафедраи педиатрияи ДДТХ н.и.т., дотсент Кузибаева Н.К. конференсияро ифтитоҳ намуда, оид ба нақши калидии занон дар ҷомеаи муосир суханронӣ кард.
Дар идомаи конференсия мудири кафедраи ҷарроҳии №2 доктор PhD Норматова М.А. дар мавзуи “Пешгирии омосҳои хушсифат ва бадсифати ғадудҳои ширӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
Ҳамзамон, дар конференсия маърӯзаҳои ассистентони кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ Қобилова З.А. дар мавзуи “Занон - фаъолони ҷомеа” ва Сармисоқова Х.Ҷ. дар мавзуи “Баҳогузории нишондодҳои таваллуди пеш аз муҳлати дерина дар 34-36 ҳафтаи ҳомиладорӣ” шунида шуд.
Инчунин, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Раҷабова Г.Қ. дар мавзуи “Саҳми занон дар омӯзиш ва баррасии масъалаҳои номшиносии тоҷик” ва ординатори клиникии ДДТХ Қурбонова И.М. дар мавзуи “Нақши занон дар соҳаи ҷарроҳӣ” маъруза карданд.
Конференсияро мудири кафедраи педиатрияи ДДТХ Кузибаева Н.К. ҷамъбаст намуд. Қайд гардид, ки нақши занон дар пешрафти илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хеле назаррас мебошад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ БО ҲПО ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ
9-уми феврали соли равон вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи кӯлоб бо ҲПО ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковник Халилзода С.Ҷ., сардори КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Қурбонов И.И., муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ҳомидзода И.Ҷ., декани факултетҳо н.и.т. Холов Ш.И., сардори шуъбаи кадрҳо Асоев С.П., мутахассиси шуъбаи фарҳанг Назиров Р.Р., мудирони кафедраҳо, кураторони гурӯҳҳо, сардорони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок карданд.
Дар вохӯрӣ сардори КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковник Халилзода С.Ҷ. оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, терроризму экстремизм, корҳои фаҳмондадиҳӣ барои дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ кард. Қайд гардид, ки аксарияти ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ҷалб карда мешаванд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. вохӯриро ҷамъбаст намуд. Қайд гардид, ки муовинати тарбия ва фарҳанг ва омӯзгорони донишгоҳ дар ин самт ҳамеша барои донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
8 - уми феврали соли равон дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон, аъзои раёсати донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар он 20 намояндаи расонаҳои иттилоотӣ, аз қабили шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», “Сафина”, «Синамо», «Хатлон», «Кӯлоб», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», “Минбари халқ” «Садои Мардум», «Симои Данғара», «Фараж», «Народная газета», «Ваҳдатсаро», «Омӯзгор», «Пайк», «Новый Хатлон», “Тоҷикистон” «Пайёми донишҷӯ», «СССР», оҷонсии иттилоотӣ ва хабаргузории «Озодӣ», намояндаи Хадамоти матбуотии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Сараввал ректори Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон оид ба фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2023 ахбор доданд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ хабарнигорон ва рӯзноманигорон ба профессор Убайдулло Қурбон вобаста ба воситаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити хобгоҳ, базаи илмии донишгоҳ, рафти сохтмони донишгоҳ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалб намудани мутахассисони унвондор, теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки барои намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар соли 2022 таҳия гардида, дар рӯзи нишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ҶАЛАСАИ АВВАЛИНИ ШЎРОИ КУРАТОРОН ДАР СОЛИ 2023 ДАР ДДТХ
1-уми феврали соли равон ҷаласаи аввалини Шўрои кураторони ДДТХ дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҷаласаро раиси Шӯрои кураторон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар ҷаласа масоили фаъолияти кураторон дар нимсолаи аввал, ахлоқу одоб, тарзи либоспӯшӣ, давомот ва иштироки донишҷўён дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсӣ баррасӣ гардиданд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг ҷаласаро ҷамъбаст намуда, бори дигар таъкид намуд, ки ба тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ, ҳуқуқуқӣ ва худшиносии донишҷўён, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва чораҳои пешгирӣ аз онҳо дар байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни донишҷӯёни аз ҷониби кураторон диққати ҷиддӣ дода шавад. Кураторони гурўҳро лозим аст, ки бо волидайни донишҷўён ҳамкории ҳаматарафа барқарор намоянд. Навбатдорӣ дар хобгоҳҳо аз ҷониби омўзгорони навбатдор пурра риоя карда шавад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
ТАЪЗИЯ
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Шодмон Раҷаб нисбати марги МОДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш изҳори таслият менамоянд.
РАЁСАТИ ДДТХ
ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РЕКТОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ
31-уми январи соли ҷорӣ ҷаласаи онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм - Абдулхолиқзода Лутфия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат бо ректорон ва кормандони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректорони 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муовинони ректорон, деканҳо ва мудирони кафедраҳо иширок намуданд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ таҳти роҳбарии ректори ДДТХ муҳтарам Убайдулло Қурбон дар ҷаласаи мазкур ба тариқи онлайнӣ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби вазири маориф ва илм масъалаҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои корупсионӣ байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муқовимат бо тероризм ва экстримизм ва чораҳои пешгирӣ аз онҳо дар байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳое, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ ва техникӣ мутахассис омода мекунанд, омода кардани омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз байн бурдани норасоии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ, ҷалби грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, табодули донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа иштироккунандагон табодули афкор намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодоти худро иброз доштанд.
Дар охир муҳтарам Раҳим Саидзода ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки мо ба иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бовар дорем ва дар якҷоягӣ метавонем барои рафъи мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешем.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА