Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Чоршанбе, 11 Октябр 2023 00:00

БИНОИ АСОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН ИФТИТОҲ ГАРДИД

1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд. Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад. Бинои асосии донишгоҳ дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии он 25 ҳазору 956 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 ҳазору 787 метри мураббаъ  масоҳати муфиди таълимӣ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони вилоят мулоқоти самимӣ ва судмандро доир намуд. Пешвои муззами миллат таъкид намуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар қисми маъмурӣ раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, осорхонаи марказӣ, марказу шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.

Дар ошёнаҳои аз 4-ум то 6-уми бино кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ, аз ҷумла кафедраи забонҳо, ҷомеашиносӣ, химия ва биологияи тиббӣ, физикаи тиббӣ ва информатика, фармакология ва микробиология, беҳдошт ва вогиршиносӣ мавҷуд мебошад.

Дар бинои навбунёд 194 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон ва 80 синфхонаи таълимӣ, дар умум беш аз 2000 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толорҳои маҷлисӣ ва лексионӣ бошад, 12 ададро ташкил медиҳад.

Толори бошукуҳи маҷлисӣ ва фарҳангии донишгоҳ дорои 1100 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст. Масоҳати умумии толори мазкур  1 ҳазору 164 метри мураббаъро дар бар мегирад. Минбаъд тамоми чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатии донишгоҳ дар ин толори муҳташам баргузор карда мешаванд.

Дар шафати Бинои асосӣ инчунин бинои таълимии рақами 1, ки аз таҳхона ва шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0,5 гектар сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии бинои нави таълимӣ 3 ҳазору 814 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки масоҳати муфиди он 2 ҳазору 451 метри мураббаъ мебошад. Дар бинои таълимӣ 16 синфхона, 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо 318 ҷои нишаст ва як толори барҳавои лексионӣ бо 100 ҷои нишаст барои таълими донишҷӯён мавҷуд аст.

Дар бино кафедраҳои тибби назариявӣ: анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ, гистология ва тибби судӣ, ки асосан донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3-юм дар онҳо таълим мегиранд, ҷойгир карда шудааст.

Ҳамзамон, дар шафати бинои асосӣ ва таълимии донишгоҳ дар масоҳати 1083 метри мураббаъ ошхонаи барҳаво бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Дар ошхона имкон аст, дар як вақт ба 300 нафар хизмат расонида шавад. Ошхона бо таҷҳизоти нонпазӣ, омода кардани хӯрок ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Илова бар ин, дар таҳхонаи бино низ дар масоҳати 600 метри мураббаъ барои 200 ҷои нишаст ошхона сохта шудааст. 

 

Имконияти муосири илму касбомӯзӣ дар донишгоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири аз бар намудани донишҳои замони имрӯза, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва пешрафти илми тибби тоҷик фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи нақшаи генералӣ бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 2 марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи якум бинои хобгоҳи донишҷӯён, бинои асосӣ, бинои таълимии №1 ва бинои охшона имрӯз пурра татбиқ шуд.

Дар марҳилаи дуюм бошад, сохтани биноҳои таълимии №2 ва 3, манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳи донишҷӯён, Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ, бинои виварий, майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ, толори лексионӣ ва бинои клиникаи донишгоҳӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ин бинои муҳташами замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Устодони донишгоҳ изҳор доштанд, ки барои таъмини солимии ҷомеа аз тамоми дониш ва маҳорати касбнамудаи хеш босамар истифода менамоянд.

Хондан 113 times Last modified on Панҷшанбе, 12 Октябр 2023 09:30

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид