Санаи 24-уми сентябри соли 2023 бахшида ба гиромидошти ду нобиғаи бузурги адабиёти тоҷик – Сардафтари адбиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва орифи бузурги Машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори кафедраи забонҳо маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани табрикотӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қурбонмамадов С.Х. ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон, нутқи табрикотии Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба гиромидошти ин ду абармарди адабиёти форсу тоҷикро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд карда шуд, ки қофиласолори назми калиссикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рудакӣ ва шоири шаҳири давронҳову замонҳо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёту фарҳанги тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон мақому манзалати хосае дошта, онро машҳуру оламгир гардонидаанд.
Мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар мавзуи «Орифи бузурги Машриқзамин», профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А дар мавзуи «Рудаки-светоч и величие таджикской литературы», саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. дар мавзуи «Рудакӣ - асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик», донишҷӯи гурӯҳи 101-и тиббӣ Давлатова М. дар мавзуи «Рӯдакӣ ва Сомониён», донишҷӯи гурӯҳи 106-и педиатрӣ Сатторова Р. дар мавзуи «Зодгоҳ ва айёми ҷавонии Рудакӣ» маърузаҳои пурмуҳтаворо пешниҳод намуданд.
Гурӯҳе аз донишҷӯён аз ашъори оламгири Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шеърҳо қироат намуданд. Аз тарафи аъзои дастаи «Дурахшон»-и донишгоҳ шеърҳои Рӯдакӣ ва Балхӣ бо оҳанг суруда шуданд, ҳамзамон рақсҳои марғуб баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. дотсент Қурбонмамадов С.Х. ҳусни анҷом бахшида, бори дигар таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ ва бархурдор будан аз фарҳангу маданияти қадимаи мардуми тоҷик муосидат хоҳад намуд.
Кафедраи забонҳо