Хабарҳои ДДТХ (842)
НАШРИ КИТОБИ НАВ ДАР НАШРИЁТИ “ИСТЕЪДОД”
Дар нашриёти “Истеъдод” китоби нави мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Одинаев С.П. таҳти унвони “Воҳидҳои фразеологии ҳамқолаб дар забони адабии муосири тоҷик” ба табъ расид.
Дар китоби тозаэҷод хусусиятҳои муҳимтарини воҳидҳои фразеологии ҳамқолаб, монандӣ ва фарқияти онҳо аз дигар категорияҳои фразеологӣ, ба мисли муродифот, мутазодот ва гунаҳои фразеологӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд.
Аз ҷониби муаллиф 10 нусха китоби мазкур ба китобхонаи ДДТХ тақдим гардид.
КИТОБХОНА
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 70 - СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДДТХ
5 - уми октябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг, кафедраи забонҳо, кафедраи химия ва биологияи тиббӣ бахшида ба рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 - солагии зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ДДТХ чорабинии сиёсӣ ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Чорабиниро ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба бузургии забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ин сарвати бебаҳо, муқаддас ва ноёби миллатро на танҳо ҳифз карда тавонистем, балки онро даҳчанд нумуъ бахшида, мукаммал гардонидем ва ин боиси ифтихори мост.
Ҳамзамон, муҳтарам ректор қайд намуданд, ки дар ин рӯзи пурфайз ва фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки ҳафтод қадам гузоштанд. Ин ду ид ба ҳам тавъаманд, зеро маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти маҳбубамон забони тоҷикӣ аз нав умри дубора ёфт.
Ин аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳи миллат имрӯз ду иди бузург - Рӯзи забони давлатӣ ва 70-умин баҳори умри пурфайзу баракати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимонаву содиқона ҷашн гирифта истодаанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон” барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони “Забон - ҳастии миллат” пешкаш гардид. Дар барнома оид ба забони тоҷикӣ ва дар васфи Сарвари давлат шеърҳо қироат гардиданд.
Дастаи ҳунарии “Дурахшон” бо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои мавзун дилҳои ҳозиринро шод намуданд.
Профессор Убайдулло Қурбон ба таҳиягарони барнома ва ҳунарномоии аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон” баҳои баланд дода, барои таҳия намудани чунин барномаи пурмуҳтаво изҳори сипос намуданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
МИЗИ МУДАВВАР: АСОЛАТ ВА МАҚОМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
4-уми октябри соли 2022 дар кафедраи забонҳо дар якҷоягӣ бо муовинати илм ва нашрия мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар ҳайати кормандони кафедраи забонҳо, муовини ректор оид ба тарбия фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., сардори гурӯҳи назорати сифати таълим Қурбонов Х.Ш., намояндаи муовинати илм ва фарҳанг Юлдошев А. ва донишҷӯёни курси якуму дуюм иштирок намуданд.
Мавзуи асосии ҳамоиши мазкур асолат ва мақоми забони тоҷикӣ, масъалаи тозагии забон, эҳтиром ва бузургдошти он буда, омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба шаҳомати забони тоҷикӣ суханронӣ намуданд.
Мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. оид ба мақом ва таърихи рушду такомули забони тоҷикӣ, профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А. оид ба ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар байни дигар забонҳо суханронӣ карданд. Инчунин, донишҷӯён оид ба муҳимияти тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ибрози ақида намуданд.
КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО
ДАРСИ КУШОД: “КАМХУНӢ. ТАШХИС, ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН”
7 - уми октябри соли равон дар кафедраи фанҳои муолиҷавии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фанни “Бемориҳои дарунӣ” дар мавзуи “Камхунӣ ва намудҳои он. Ташхис, пешгирӣ ва табобати камхунӣ.” дарси кушод баргузор гардид.
Дарси кушод аз ҷониби омӯзгори кафедраи мазкур Омонов Э.О. дар гурӯҳи 505-и факултети тиббӣ гузаронида шуд.
Дар дарси кушод сардори бахши назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи фанҳои муолиҷавии №1 Эргашев Ҳ.Ю. муовини декнани факултети стоматологӣ Халифаева Ф.И. ва омӯзгорони кафедраҳо иштирок карданд.
Дар раванди дарс омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим моҳирона истифода бурда, оид ба мавзуъ барои донишҷӯён саволҳои баҳсталабро пешниҳод менамуд.
Дар анҷом сардори бахши назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. дарси мазкурро таҳлил карда, баҳои мусбат дод. Қайд гардид, ки омӯзгор Омонов Э.О. таҷрибаи бойи корӣ дошта, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи донишҷӯён ҳамеша кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДДТХ
1-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинӣ бахшида ба рӯзи сайёҳии байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Чорабиниро сарвари Клуби сайёҳии ДДТХ Исоева Б.И. ҳусни оғоз бахшид. Қайд гардид, ки Тоҷикистон манзараҳои хеле зебою дилнишин ва ҷойҳои таърихии зиёд дорад. Зиёрат кардани ҷойҳои таърихӣ ва тамошои манзараҳои дилфиреб меҳри ватандӯстии ҷавононро боз ҳам афзун мегардонад.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Худойбердиев Ҷ. оид ба ҷойҳои таърихӣ ва табиати тамошобоби ҷумҳуриамон маълумот дод.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ҷорабиниро ҷамъбаст намуд. Номбурда қайд кард, ки сайёҳат ба мавзеъҳои хушманзара, агар аз як ҷиҳат агар меҳри ватандӯстии ҷавононро баланд бардорад, аз ҷониби дигар барои саломатиашон низ хеле муфид мебошад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА
БА КИТОБХОНАИ ДДТХ КИТОБҲОИ НАВ ВОРИД ГАРДИДАНД
Аз нашриёти ГЕОТАР МЕДИА ба фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон китобҳои таълимии «Терапевтическая стоматология” (3 часть), “Стоматология детского возраста”, “Ортопедическая стоматология”, “Неонатология”, “Фармакология”, “Анатомия человека”, “Общая хирургия”, “Клиническая фармакология”, “Общий уход за трапевтическим пациентом” ва ғайраҳо бо теъдоди 640 нусха ворид гардиданд.
Бояд қайд кард, ки китобҳои мазкур аз фонди ДДТХ харида шудаанд.
КИТОБХОНА
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДДТХ, Д.И.Т., ПРОФЕССОР ҚУРБОН У.А. БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОН, 5 ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
Ҳозирини арҷманд, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯёни азиз!
Дар ҳама давру замонҳо забон яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.
Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайвандии хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.
Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз 33 сол сипарӣ мешавад. Бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи қонуни мазкур дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад ва ҳар яки мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ин давра корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд ва забони давлатии мо боз ҳам рушду такомул ёфт. Боиси ифтихору фараҳмандӣ аст, ки ин сарвати бебаҳо, муқаддас ва ноёби миллатро на танҳо ҳифз карда тавонистем, балки онро даҳчанд нумуъ бахшида, мукаммал гардонидем.
Барҳақ, ки аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ лафзи ширину гуворои тоҷикӣ садо додаву ҳазорон гӯшҳои шунуфтро навозиш кард. Дар ин ҷода хизмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқаву ҷавонмардона буда, аллакай дар таърихи миллат бо хати зарҳалӣ сабт ёфт ва қарнҳову асрҳо боқӣ хоҳад монд.
Дар робита ба ин иброз бояд дошт, ки ҷашни мавлуди Пешвои муаззами миллат ва Рӯзи забони давлатӣ бо ҳам тавъаманд ва маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти маҳбубамон забони тоҷикӣ аз нав умри дубора ёфт.
Ин аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳи миллат имрӯз ду иди бузург - Рӯзи забони давлатӣ ва 70-умин баҳори умри пурфайзу баракати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимонаву содиқона ҷашн гирифта истодаанд. 70 соли умри Пешвои муаззами миллат, бемуҳобо, 70 шаҳкитоби бузурги зиндагӣ, 70 мактаби мардонагиву шуҷоат ва ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.
Таърих дигарбора ба миллати тоҷик абармардеро ато фармуд, ки рисолати бузургеро ба дӯш гирифтаву ҷавонмардона онро нигоҳ дошт, нафареро бар сари қудрат овард, ки рукнҳои давлатдориро аз тамоми манфиатҳои шахсӣ волотар гузошт, зимоми давлатдориро ба дасти касе супурд, ки худ сарсупурдаи миллат буд, фарзандеро муваззаф сохт, ки забони модариро чун Модар эҳтиром кардаву баландмақом мешинохт. Модареро тифле ҳадя кард, ки камолоти ӯ шаҳсутуне буд барои нигаҳдории тамоми рукнҳои давлатдорӣ ва аз байн нарафтани миллати тоҷик. Ин рисолати басо бузургро маҳз фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт.
Ин шахсияти бузургу сиёсатмадори нотакрор дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ ба густариши ҳамаҷонибаи забони миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба дараҷаи омӯзишу аз байн бурдани баъзе костагиҳои он хидмати босазоеро анҷом дод, ки онро наслҳои баъдина низ фаромӯш нахоҳанд кард. Барҳақ фармудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши забон, ки: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар халқу миллат аст».
Имрӯз масъалаи тавонбахшии забони модарӣ барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватанпараст ҳам фарз асту ҳам суннат, зеро миллате, ки забон надорад, миллати комил нест ва ҳуқуқи маънавии соҳибистиқлол буданро надорад.
Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар яке аз вохӯриҳояшон бо зиёиёни кишвар масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикиро на танҳо ҳамчун масъалаи илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон арзёбӣ намуданд. Ин масъала бахусус имрӯз, дар ҳоле ки раванди ҷаҳонишавӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти олам, аз ҷумла кишвари моро фаро гирифтааст, аҳамияти бештаре касб мекунад. Дар ҷаҳони муосир шиори «Касе, ки забони илмро аз худ мекунад, оламро аз худ мекунад» мавқеи асосиро касб карда истодааст ва дар ин раванд забонҳои нотавону рақобатнопазир метавонанд ба коми ин гирдоби пурталотум афтода, ба умқи фаромӯшӣ афтанд.
Тазаккур бояд дод, ки зери ҳимояи Пешвои муаззами миллат забони тоҷикӣ ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ кам андар кам дар чунин манзалату шукӯҳ қарор гирифта буд.
Устодон ва донишҷӯёни азиз!
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар роҳи татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст. Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2016 дар донишгоҳ Комиссияи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» таъсис дода шуда, то ба имрӯз муваффақона фаъолият намуда истодааст.
Албатта, барои ба пуррагӣ мавқеъ гирифтани забони давлатӣ дар раванди таълимӣ ва корҳои илмии Донишгоҳи тиббӣ моро зарур меояд, ки корҳои зиёди дигареро низ анҷом диҳем. Чунончӣ ба забони давлатӣ тарҷума ва таҳия намудани маводи муфиди тиббӣ, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ мавҷуданд, аз мо - устодону олимони донишгоҳ кӯшишу заҳматро тақозо дорад ва итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик ба ин ҳадафи дигари худ низ хоҳем расид.
Дар фарҷом, ҳозирини арҷманд, якояки Шуморо бо гиромидошти Рӯзи забон ва Ҷашни мавлуди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан табрику таҳният намуда, барои Шумо осмони софу беғубор, фазои тинҷу осуда, зиндагии хушу босаодатро таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!!!
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОН
30 - уми сентябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур масоили фаъолияти кафедраи тибби ҳарбӣ, иҷрои корҳои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, вазъи таъмини ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бо хобгоҳу хонаҳои иҷоравӣ ва натиҷаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён соли таҳсили 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, қарорҳои Шӯрои олимон “Дар бораи гузаронидани як гурӯҳ донишҷӯён аз таълими ғариройгон ба ройгон ва тахфиф намудани маблағи таҳсили як гурӯҳ донишҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023”, “Дар бораи ба нашр расонидани асари илмии Захираҳои Хоразмшоҳӣ”, “Дар бораи тасдиқи мавзӯи рисолаи номзадии унвонҷӯёни кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ” Қобилова З. А., Сармисоқова Х. Ҷ. ва унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2” Раҳмонов С. У. ва дигар қарорҳои дахлдор тасдиқ гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарони сохторҳои донишгоҳ вобаста ба масъалаҳои дар Шӯро баррасигардида ҳисобот доданд.
Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА