Хабарҳои ДДТХ (912)
ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО
Санаи 1-уми декабри соли 2023 тибқи нақша-чорабинии Раёсати донишгоҳ аз тарафи кафедраи Беҳдошт ва эпидемиология аксия ва ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО баргузор карда шуд.
Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондаҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ бо бемории мазкур аз соати 7:00 аз тарафи омӯзгорони кафедра дар байни ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамзамон, дар маркази ноҳия байни аҳолӣ аксияи “Мубориза бар зидди ВНМО” баргузор карда шуд. Ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ, ки роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ дар он дарҷ гардида буд, тақсим карда шуд.
Қисмати ҳамоиши илмӣ дар толори лексионии донишгоҳ, бо ишитроки ҲПО, донишҷӯён ва намояндагони Маркази мубориза бар зидди ВНМО дар ноҳияи Данғара, баргузор карда шуд. Аз тарафи мутахассисони соҳа, аз таърихи қайди ин сана, роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ ва хавфу хатарҳои он бо факту далелҳо мушаххас, маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуданд.
Кафедраи Беҳдошт ва эпидемиология.
МАҲФИЛИ «ҶАРРОҲОНИ МУОСИР»
Яке аз роҳҳои пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ин ташкил ва баргузор намудани маҳфилҳои илмӣ мебошад. Бо ин мақсад дар кафедраи бемориҷои ҷарроҳӣ маҳфили илмии “Ҷарроҳони муосир” таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.т. Холов А.Д. доир карда шуд. Маҳфил бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра оғоз ёфта, сипас аз ҷониби аъзои маҳфил мавзуи “Илтиҳоби шадиди изофаи кирмшакл” бо баррасии муҳиммият, аломатҳои клиникӣ, усулҳои муосири ташхис, табобат ва оризаҳои илтиҳоби шадиди изофаи кирмшакл пешниҳоди ҳозирин гардонда шуд.
Барои беҳтар ба роҳ монда шудани маҳфил аъзои даста ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3 н.и.т., дотсент Айниев Б.С., мудири кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ Холов А.Д., сармутахасиси назорати сифати таълим Қурбонов Х.Ш. ба ҳайси ҳакамон фаъолияти гурӯҳҳоро баҳогузорӣ намуданд.
Дар охир саволҳо аз тарафи ҳакамон вобаста ба мавзуи илтиҳоби шадиди изофаи кирмшакл ба аъзои маҳфил пешниҳод гардид, ки ҳар як гурӯҳ бо ҷавоби аниқу дақиқ додан ба саволҳо омодагии ҳаматарфаи худро ба ин маҳфил нишон доданд.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН
Санаи 25-уми ноябри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Нахуст Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аъзои Шурои олимонро бо рӯзнома шинос намуд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа шахсони масъул аз фаъолияти корӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Директори маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ Қурбонов З.Қ. оид ба қабул ба зинаи ординатураи клиникӣ ва интернатураи клиникӣ, ҳамзамон, барномаҳои таҳсилоти баъдаздипломӣ маълумот пешниҳод намуда, аз дурнамои фаъолияти шуъба сухан кард.
Муовини ректор оид ба илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. дар бораи омодагӣ ба баргузории 4-умин Конференсияи ДДТХ, ки моҳи декабр дар назар дошта шудааст, маълумот дода, иброз дошт, ки айни ҳол корҳои омодагӣ дар ин самт хуб ба роҳ монда шудааст ва кушиш менамоем, ки конфронсро дар сатҳи баланд баргузор намоем.
Дар бораи фаъолияти Маркази симулятсионӣ, мушкилот ва дурнамои он Сарвари марказ Насруллоев Д. баромад намуда, нақши марказро дар ташаккул ва баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯён қайд намуд.
Фаъолияти шуъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ дар давоми соли 2023-ро сардори шуъба Назаров Р.И. баррасӣ намуда, оид ба иштироки ҲПО дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва дигар масъалаҳои ба ин шуъба алоқаманд ибрози назар намуд.
Дар масъалаҳои гуногун як қатор Қарорҳои Шурои олимон баррасӣ ва тасдиқ гардида, ҳамзамон, мавзуъҳои дигари мубрами рӯз шунида шуданд.
Аз ҷониби Раиси Шурои олимон вобаста ба тамоми масъалаҳои баррасигардида ба масъулон ва сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДТХ
Санаи 24-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҷлиси тантанавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба ин санаи муҳим қироат намуд.
Мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. перомуни “Парчами давлатӣ-ифтихори мост” маъруза пешниҳод намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳифзу нигаҳдории ҳамешагии муқаддасоти миллӣ аз вазифаҷои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.
Сипас аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бахшида ба ҷашн суруду тарона ва рақсҳои мавзун пешкаш карда шуд, ки хотири ҳозиринро болида гардонид.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг,
кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ.
РАҲПАЙМОИИ ҲПО, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ
Санаи 24-уми ноябри соли 2023 тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии тамоми кормандони идораву муассисаҳо доир карда шуд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ бо дарки масъулият фаъолона ширкат варзид. Роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бо ифтихор аз ватану сулҳу осоиштагӣ бо баланд бардоштани Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд. Сипас дар толори барҳавои Қасри фарҳанг дар барномаи театркунонидашудаи аҳли фарҳанги ноҳия ширкат варзида, аз барномаи фарҳангии бошукуҳ бархӯрдор гардиданд.
Хабарнигори сомона.
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН
Санаи 15-уми ноябри соли 2023 аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ семинарӣ омӯзишӣ дар мавзуи “Баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон дар макотибҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ҳайати намояндагонро, ки бо роҳбарии Ёсуман Акрамзода – муовини сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ ва Штефан Ханиш – мутахассиси лоиҳаи идоракунии самарабахш, Насриддинова Шаҳноза – ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқшиносон” ва Абуалӣ Сафаров–модератор ба донишгоҳ ташриф оварданд, муовини ректор оид ба таълим Аҳмадиён Ш.Р. расман қабул намуд. Сипас мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А., ки раиси комиссияи дохилидонишгоҳӣ оид ба масъалаҳои зиддикоррупсиониро ба уҳда дорад, ҳайати намояндагонро бо аҳли толор шинос намуд. Намояндагон дар семинар масъалаҳои баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯзи ба он алоқамандро мавриди баррасӣ қарор дода, маърифатнокии ҷавонон-донишҷӯёнро аз муҳимтарин воситаи пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ донистанд. Таъкид намуданд, ки ҷавонон бояд дониши баланду зиракиву ҳушмандиро аз даст надода, барои гулгулшукуфии ҷомеа нақши арзанда гузоранд.
Дар охири семинари омӯзишӣ саволу ҷавоб байни намояндагони Агентӣ ва донишҷӯён доир гашт ва посухҳои мушаххас ба ҳозирин дода шуд.
Хабарнигори сомона.
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БАСТА ШУД
Санаи 10 ноябри соли 2023, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Family Health International» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилшод Пулатов ва менеҷери минтақавӣ Икромов Наҷмиддин ба ДДТХ ташриф оварданд. Намояндагони ташкилоти мазкурро Ректори ДДТХ профессор Убайдулло Қурбон ва дигар аъзои раёсат пазироӣ намуданд.
Мақсади ташриф овардани намояндагони ташкилоти мазкур ин дастгирӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи эпидемиология ва фтизиатрия дар вилояти Хатлон дар доираи барномаҳои баъдаздипломӣ дар ДДТХ мебошад. Дар доираи вохӯрӣ созишномаи ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва ташкилоти мазкур баста шуд.
Шуъбаи равобити байналмилалӣ.
ШУКУҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДДТХ
Ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷашни Рӯзи Президент бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имсол низ бахшида ба ин санаи муҳим нақшаи донишгоҳии иборат аз 20 банд таҳия гардида, тибқи он чорабиниҳо баргузор гардиданд.
Зикр бояд кард, ки аз санаи 9-ум то 14-уми ноябр дар кафедраҳои донишгоҳ тибқи ҷадвали муовинати илм ва нашрия ҳамарӯза ҳамоишҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо мавзуъҳои “Пешвои муаззами миллат”, “Қаҳрамониҳои Пешвои миллат”, “Президенти кишвар – сутуни мустақками миллат”, “Аз даргириҳо то сулҳу ваҳдат”, Нақши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар пойдори Тоҷикистон” ва амсоли инҳо аз ҷониби мудирон ва омӯзгорони кафедра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз тарафи шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва кафедраи тибби ҳарбӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди “Футболи хурд” ва “Тенниси руйимизӣ” байни донишҷӯён ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамзамон, шуъбаи кор бо ҷавонон байни донишҷӯён озмуни “Беҳтарин шеър дар васфи Президент” ва барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонон”-ро бахшида ба “Рӯзи Президент” доир намуд.
Масъулони Китобхонаи донишгоҳ ва Шурои занон ва духтарон аз санаи 10-ум то 16-уми ноябр асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои донишҷӯёнро ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санаи 16-уми ноябр бахшида ба “Рӯзи Президент” раҳпаймоии тамоми идораву муассисаҳо баргузор карда шуд, ки Раёсати донишгоҳ бо зиёда аз ҳазор нафар кормандону донишҷӯён бо шиору акс ва парчаму дигар муқаддасоти миллӣ дар роҳпайоӣ ширкат варзид.
Ҷамъбасти “Рӯзи Президент” бо иштироки Раиси ноҳияи Данғара ва роҳбарони идораву муассисаҳо, донишҷӯёну омӯзгорони мактабҳо ва собиқадорони меҳнат дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо шукуҳи хоса доир гардид. Рақсу таронаҳо ва сурудҳои ватандӯстона ва ифтихор аз Президенти маҳбуби кишвар анҷомбахши ин санаи муҳим гардиданд.
Хабарнигори сомона