Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (842)

Ҷумъа, 04 Ноябр 2022 00:00

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ

Ба фонди Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боз китобҳои тозанашр ворид гардиданд.  Ин навбат силсиламаҷмӯаи китобҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” (бо забони тоҷикӣ ва русӣ), “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), “Эмомали Раҳмон - жасорати”  ва “Очеркҳо оид ба инкишофи забони тоҷикӣ”, ки дар маҷмуъ аз 17 номгӯи китоб ва 131 нусха иборат аст, аз муассисаи нашрияи “Ирфон” харида шуда, ба фонди Китобхонаи ДДТХ ворид карда шуд.

Бояд қайд кард, ки китобҳои мазкур аз ҳисоби буҷаи ДДТХ харида шудааст.

КИТОБХОНА

1 - уми ноябри соли 2022 вохӯрии намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара ва минтақаи Кӯлоб бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.

Мушовири ректори ДДТХ Азизуллоев А.А. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, намояндагони мақомотро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Нахуст ёрдамчии прокурори ноҳияи Данғара, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 Одиназода Н.М. дар мавзӯи “Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳми ҷавонон дар он” маъруза кард. Тибқи иттилои ёрдамчии прокурор бештари ҷавонон аз надонистани қонун ба ҷинояткорӣ даст мезананд. Бинобар ин, ҷавононро лозим аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда ва кодексҳоро пайваста мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Сардори ШКДАМ дар н.Данғара Қурбонов И.И. ва муовини филиали иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон Қурбонзода Т.Ҳ.  дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм” маълумоти муфассал доданд. Тибқи маълумоти маърузачиён шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ваъдаҳои маблағҳои калон амалӣ мегардад. Бинобар ин, ҷавонон бояд дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ниҳоят ҳушёр бошанд.

Сардори бахши муқовимат ба корупсияи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб - майори адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабзода дар мавзуи  “Коррупсия яке аз монеаҳои рушди босубот” маъруза кард. Қайд гардид, ки  бисёр ҷиноятҳо барои ба даст овардани маблағ анҷом дода мешаванд. Корупсия на танҳо ба рушди босуботи ин ё он давлат монеа мерасонад, балки бо мурури замон, агар бо он мубориза бурда нашавад, ба рукуди давлатдорӣ оварда мерасонад.

Дар анҷоми вохӯрӣ мушовири ректори ДДТХ Азизуллоев А.А. ба намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  барои маърӯзаҳои пурмуҳтавояшон изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки баъзе ҷавонон аз бетаҷрибагӣ ё надонистани ҳуқуқҳои хеш ба қонунвайронкунӣ даст мезананд ва баргузории чунин вохӯриҳо барои тарбияи ҷавонон ниҳоят муҳим мебошад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

31-уми октябри соли равон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг ва кафедраи Фанҳои ҷомеашиносӣ барои   омӯзиши  дастҷамъонаи  китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. семинари мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров шоҳасарест, ки урфу одат, маданият ва таърихи халқи тоҷикро ба таври пурра инъикос намудааст.

Дар идомаи семинари мазкур мудири кафедраи Фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. оид ба бобҳои  китоби “Тоҷикон” маълумот дод.

Қайд кардан лозим аст, ки масъалаи омӯзиши дастҷамъонаи китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров дар сатҳи Шӯрои олимони ДДТХ баррасӣ гардида, ҷиҳати омӯзиши он нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ таҳия гардидааст.

Дар Китобхонаи Раёсат ва Китобхонаи донишгоҳ барои мутолиа намудани китоби мазкур гӯшаи алоҳида омода карда шудааст ва омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ пайваста ба омӯзиши он ҷалб гардида истодаанд. Тибқи нақша - чорабиниҳои донишгоҳӣ омӯзиши “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар соатҳои кураторӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Барои боз ҳам баланд бардоштани худшиносии миллии донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дар партави омӯзиши китоби “Тоҷикон” корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, семинарҳои навбатӣ дар мавзуи мазкур баргузор хоҳанд шуд.

МУОВИНАТИ

ИЛМ ВА ТАРБИЯ

Чоршанбе, 26 Октябр 2022 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОН

26 - уми октябри соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3 Айниев Б.С.-ро ба муносибати 55-умин солгарди баҳори умраш табрику таҳният намуданд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. оид ба корҳои таълимӣ-методӣ дар соли таҳсили 2021-2022 ба таври муфассал маълумот дода шуд. 

Дар идомаи ҷаласа ахбори муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ Камолов Д.Ғ. дар бораи рафти иҷрои корҳои сохтмонии иншооти нави ДДТХ шунида шуд.

Инчунин дар ҷаласа мудири кафедраи Забонҳо Одинаев С.П.   оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маълумоти муфассал дод.

Дар ҷаласа масоили мухталиф баррасӣ гардида, аз ҷумла, қарори Шӯрои олимон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи раванди имтиҳонҳои ҷорӣ дар ДДТХ” қабул гардид.

              Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

 

 

 

 

27 - уми октябри соли равон вохӯрии намояндаи Кумитаи давлатии амният дар ноҳияи Данғара, сарпарасти ДДТХ Собиров Р. бо донишҷӯёни Донишгоҳи  давлатии тиббии Хатлон  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, сардори шуъбаи таҳлил ва назорат бо ҷомеа, сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ, декани факултетҳо, муовинони декан, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки донишҷӯён дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд. Маҳз даъват кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом дода мешавад. Тибқи иттилои намояндаи амният бархе аз ҷавонон аз нофаҳмӣ  ва бидуни дарки мазмун ахбори гуногунро дар гурӯҳҳои шабакаи иҷтимоӣ паҳн мекунанд, ки бар хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аммо бояд қайд кард, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Ҳатто бо гузоштани як  “лайк” (ишора барои маъқул будани мавод) дар ҷиноят шарик шудан мумкин аст, зеро мавод барои тамоми дӯстони маҷозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад.

Пас аз анҷоми суҳбати озод донишҷӯён ба саволҳои хеш аз ҷониби намояндаи амният ҷавобҳои мусбат гирифтанд.

МУОВИНАТИ

ТАРБИЯ ВА ФАРҲАНГ

Дар гирду атрофи хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон корҳои ободонӣ идома дорад. Муовинати хоҷагӣ  бо кормандони техникӣ, ҳамзамон омӯзгорони варзиши кафедраи ҳарбӣ ва донишҷӯён дар корҳои ободонии гирду атрофи хобгоҳи донишҷӯён саҳми назаррас доранд.

Инчунин барои ободу зебо гардидани гирду атрофи донишгоҳ пайваста шанбегиҳо доир мегардад. Тозагӣ ва гулҳои муаттари гирду атрофи донишгоҳ ба он ҳусни дигар мебахшанд, ки ин аз меҳнати софдилонаи кормандони хоҷагӣ шаҳодат медиҳад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Аз ҷониби соҳибкор Нозимова Санавбар аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ либосҳои занона ҳамчун кумак ворид гардид.

Либосҳои мазкур барои донишҷӯён - ятимони кул ва маъюбон тақсим карда шуд.

Раёсати ДДТХ ба соҳибкор Нозимова С. барои кумаки хайриявиаш аз самими қалб изҳори сипос менамояд.

Аз 12 то 14-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Ассотсиатсияи  баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” ва нашри маҷаллаи лоиҳа бо номи «Маҷаллаи илмҳои тиббӣ ва тандурустӣ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур намояндагони 12 донишгоҳи олии касбии тиббӣ аз давлатҳои Литва, Гурҷистон, Молдова, Белорус, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар конфронс муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш. Р., декани факултетҳо Холов Ш.И. ва сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И. ширкат варзиданд.

 Конфронсро сардори шуъбаи баҳодиҳии технологияи тандурустии Донишгоҳи тиббии София - Антония Янакиева, ҳамоҳангсози асосии лоиҳа аз Донишгоҳи Байналмилалии Батуми - Леван Метревели ифтитоҳ намуда, доир ба барномаи корӣ ва масъалаҳои рўзномаи конфронс маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Аз рӯи нақшаи барнома, муовини ректор оид ба илм ва Аккредитатсияи Донишгоҳи тиббии София дар мавзӯи “Раванди аккредитатсия дар Булғористон - мушкилот ва навовариҳо” маърӯза кард.

Сипас, Раиси Шӯрои лоиҳаи “SPRING” - профессор Линас Шумскас оид ба нашри маҷаллаи лоиҳа ба номи «Маҷаллаи илмҳои тиббӣ ва тандурустӣ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ», аз ҷумла мазмуни маҷалла, талабот барои муаллифон, пешниҳоди мақола, сертификат ва бақайдгирии байналмилалии маҷалла ва сайти интернети маҷалла маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар идомаи конференсия ҳамоҳангсози асосии лоиҳа Леван Метревели оид ба фаъолияти лоиҳа ва дастовардҳо дар раванди фаъолияти лоиҳа вобаста ба “Ассотсиатсияи  баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” маълумот дод.

Қайд гардид, ки вазифаи асосии Ассотсиатсия - ин таблиғи таҷриба, гузаронидани онлайн - курсҳои тиббӣ дар доираи худбаҳодиҳии касбӣ ба донишгоҳҳои тиббии ватанӣ ва ҷалб намудани экспертҳои пуртаҷриба аз дигар донишгоҳҳо мебошад.

Профессор Леван Метревели дар ҷамъбасти вохурии рӯзи якуми конфронс зикр намуданд, ки пас аз анҷом ёфтани  лоиҳаи Ассотсиатсия ба таври мунтаззам кори худро идома хоҳад дод ва аз ҳар як узви лоиҳа дархост намуданд, ки барои боз ҳам мустаҳкам гардонидани раванди худбаҳодиҳии касбӣ сарчашмаҳои маблағгузор дарёфт намоянд.

Дар рӯзи дуюми конфронс ҳар як узви лоиҳа донишгоҳи худро муаррифӣ намуда, сипас ба таври муфассал оид ба иҷроиши бандҳои лоиҳа маълумот пешниҳод намуданд. 

Аз ҷониби сардори шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон - Назаров Р. дар бораи фаъолият ва саҳми ДДТХ дар иҷрои лоиҳа маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Рӯзи сеюми конфронс намояндагони Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ низ, дар кори кори конфронс (мавзӯи “Касбикунонии мутахассисон дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ”), ки дар якҷоягӣ бо  Ассотсиатсияи мактабҳои тандурустии ҷамъиятӣ дар минтақаи Аврупо (ASPHER) ташкил гардида буд, иштирок намуданд.

Қай кардан зарур аст, ки  саҳми Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро  дар кори лоиҳа ба инобат гирифта, ДДТХ ҳамчун узви комилҳуқуқи “Ассотсиатсияи  баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” пазируфта шуд ва соҳиби  Сертификат  гардид.

             Пас аз ҷамъбасти кори иҷлосияҳо барои баргузор намудани мулоқоти намояндагони шарикии лоиҳа ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила ва мустаҳкам байни  14 муассисаи олии кишварҳое, ки дар конфронси мазкур иштирок карда буданд, шароит фароҳам оварда шуд,  Аз ҷониби намояндаи ДДТХ Аҳмадиён Ш.Р. бо муовини аввали Донишгоҳи тиббии  София Антония Янакиева, намояндаи Донишгоҳи тиббии Батубӣ Леван Метревели,  сардори раёсати Донишгоҳи хусусии тиббии Гурҷистон Нино Кладзе,  намояндаи Донишгоҳи давлатии тиббии Қараѓандаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндаи Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи Исфандиёров мулоқот доир карда шуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳим вобаста ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ матраҳ гардиданд. 

Лозим ба ёдоварист, ки Лоиҳаи «Муайян намудани ҳадафҳо ва воситаҳои баҳодиҳии экспертӣ оид ба омӯзиши таҳсилоти тиббӣ (тандурустӣ) /SPRING», дар доираи ҳамкориҳо бо дафтари миллии Эрасмус+  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2019 бо Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамкорӣ намуда истодааст.

                              ШУЪБАИ РАВОБИТИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Page 9 of 71

Таърихи ДДТХ

 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид