14 - уми апрели соли равон дар кафедраи беҳдошт ва эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзуи “Гепатити вирусии В ва С” дарси кушод баргузор гардид. Дарси кушоди мазкур дар гурӯҳи 505-и курси панҷуми факултети педиатрӣ аз ҷониби омӯзгор Эшматов С. гузаронида шуд.
Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т. Алиев А.А., профессори фахрӣ Должикова В.А. ва омӯзгорон аз кафедраҳои химия ва биологияи тиббӣ, фармакология ва микробиология, бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология иштирок карданд.
Дар раванди дарс аз воситаҳои технологӣ истифода бурда, дар доираи мавзуъ презентатсия ва видеоролики хурд нишон дода шуд.
Cардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. дарси кушодро ҷамъбаст намуда, барои омӯзгор дар гузаронидани дарсҳои минбаъда тавсияҳои методӣ дод.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА