Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 01 Апрел 2023 00:00

ДАР ДДТХ ОИД БА МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ҶАЛАСА БАРГУЗОР ГАРДИД

      31 - уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони ректор, декани факултетҳо, муовинони декан, омӯзгорону донишҷӯён ва намояндаи КДАМ дар нощияи Данғара Собиров Р. иштирок намуданд.

       Муовини ректор оид ба таълим н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Қайд гардид, ки масоили асосии ҷаласа худдорӣ кардан аз таблиғоти нодурусти динӣ, оқилона ва мақсаднок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мебошад.

      Мавсуф иброз намуд, ки мақсад ва ҳадафи ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ такя бар илм ва дар заминаи ин саҳми арзанда гузоштан дар пешрафту рушди соҳаи мориф ва тандурустӣ мебошад. Бинобар ин, мо бояд аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои тақвият додани илму дониши худ самаранок истифода барем. Мутаассифона, ҷавононе  ҳастанд, ки барои ҳазм кардани маводи шабакаҳои иҷтимоӣ саводи кофӣ надоранд. Чун саводи кофӣ надошта бошанд, мусаллам аст, ки тафаккури таҳлилӣ низ надоранд ва ноогоҳона ягон маводи диниро паҳн менамоянд, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  

      Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ барои ҷалби одамон дар номашон калимаҳои “дин” ва “ислом”-ро истифода мебаранд. Вале аслан кору кирдор, тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва амалашон ба исломи ноб дахле надорад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳангоми истифода бурдан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба ахбори беманфиат ва ғаразҷӯёна аҳамият додан лозим нест. Коре кардан лозим аст, ки дуруст аз вақт истифода бурда, дониши худро ҳаматарафа баланд бардоштан лозим аст.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 209 times Last modified on Шанбе, 01 Апрел 2023 07:24

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид