Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

Ҳафтаи сеюми моҳи январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қабули имтиҳонҳои сессияи зимистона идома ёфт.

16 - уми январ дар толорҳои донишгоҳ аз донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ аз фанни “Химияи тиббӣ” ба тариқи тестӣ ва шифоҳӣ имтиҳон қабул гардид.

Курсҳои сеюми факултети стоматологӣ 17 - уми январ  аз фанни “Пешгирии бемориҳои стоматологӣ” ва 21-уми январи соли равон аз фанни “Ташхиси шуоӣ”  имтиҳон супориданд.

Ҳамин тариқ, имтиҳонҳои сессияи зимистона ба анҷом расиданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

Тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаи  омӯзиши ҳатмии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуров аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа дар Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби муовинати тарбия ва фарҳанг барои омӯзиши дастҷамъонаи китоби мазкур нақша - чорабиниҳо  таҳия гардид.

19 - уми январи соли 2023 бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ силсиласеминари омӯзишӣ оид аҳамият ва асолати китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуров ба кори худ оғоз намуд. Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. семинарро ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти ин китоби гаронарзиш ва шиносномаи миллат маълумоти мухтасар дод. Қайд гардид, ки семинарҳо барои омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров то 15-уми феврали соли равон идома ёфта, ҳар рӯз як боби китоби мазкур мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад.

Дар идомаи семинар мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. оид ба боби якуми фасли якуми китоби “Тоҷикон” - “Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна” маълумоти муфассал дод.

Рӯзи 22 - юми январ семинари мазкур кори худро идома дод. Дар ин рӯз мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б.И. оид ба боби дуюми фасли якуми китоб - “Тоифаҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар оғози пайдоиши ҷамъияти синфии ибтидоӣ”  маълумот дод. Қайд гардид, ки тоҷикон аз қадимулайём маданияти баланд доштанд ва китоби муқаддаси Авесто яке аз ёдгориҳои беназири халқи тоҷик мебошад.

23-юми январ Мурод Бозор - омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар мавзуи “Таърихи сиёсии Осиёи Миёна дар асри VI - ибтидои асри V пеш аз милод”  маърӯза кард.

Хотирнишон месозем, ки семинарҳо ҳафтаҳои оянда низ барои омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров идома меёбанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 3 январи соли 2023 тибқи ҷадвал имтиҳонҳои ҷории семестри тирамоҳӣ оғоз гардиданд. Дар толорҳои донишгоҳ аз донишҷўёни курсҳои якуми факултети тиббӣ ва педиатрӣ аз фанни таърих муосири тоҷик, курсҳои дуюми факултетҳои педиатрӣ ва стоматологӣ аз фанни гистология ва курси чоруми факултети педиатрӣ аз фанни амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ дар шакли омехта имтиҳон қабул гардид.

Саволномаҳои имтиҳонӣ аз саволҳои тестӣ, хаттӣ, шинохтани препоратҳо  ва шифоҳӣ иборат буданд.

Низоми имтиҳон дар толорҳо аз ҷониби ҳайати комиссияи имтиҳонотӣ назорат карда шуд.

Ҳамин тариқ, 4-уми январ курсҳои якуми факултетҳои педиатрӣ ва стоматологӣ аз фанни таърихи муосири тоҷик, курси дуюми факултети тиббӣ аз фанни гистология, курси чоруми факултети тиббӣ аз фанни амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ  ва курси панҷуми факултети стоматологӣ аз фанни стоматологияи кӯдакона имтиҳон месупоранд. 

Ёдовар мешавем, ки дар ин давра тибқи барномаҳои таълимӣ аз 22 фанни таълимӣ имтиҳон ба нақша гирифта шудааст. Аз ин,  дар курси 1 - панҷ имтиҳон, дар курси 2 - ду имтиҳон, дар курси 3 - шаш имтиҳон, дар курси 4 - се имтиҳон, дар курси 5 - чор имтиҳон ва дар курси 6 - 2 имтиҳонро ташкил медиҳад.

ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

Сешанбе, 03 Январ 2023 00:00

ТАЪЗИЯ

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба омӯзгори кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ Сармисоқова Холида Ҷойлобовна барои  марги

ҚИБЛАГОҲАШ

ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯ ва наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

РАЁСАТИ ДДТ

31-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба соли нави мелодӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сараввал ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳозиринро ба фарорасии соли нави 2023 табрику таҳният намуда, оид ба дастовардҳои донишгоҳ  суханронӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинии идона аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон” барномаи мусиқии хеле дилнишин, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва бозиҳои шавқовари солинавӣ ба намоиш гузошта шуд. Аҳли толор аз тамошои барнома ба ваҷд омаданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ профессор Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва тањиягарони барномаи солинавӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда,  барои аҳли нишаст саломативу сарбаландӣ орзу намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

Дусад адад китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик” ба фонди китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ворид гардид.

Китоби мазкур андешаи олимони тоҷику форс оид ба тарғиби андешаҳои дунявӣ ва инсонпарваронаву ҳаётдӯстона дар бар гирифта,  ташаккули андешаи солимро барои ҳар як ҷӯяндаи роҳи фатҳи қуллаи мақсуд ҳидоят менамояд. Истифода аз китоби мазкур дар кафедраҳои забонҳо,  фанҳои ҷомеашиносӣ ва дарсҳои кураторӣ хеле муфид хоҳад буд.

КИТОБХОНА

28 - уми  декабри соли равон дар кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология аз ҷониби ризокорони кафедра дар мавзуи “Бемории сил, аломатҳо ва мубориза бар зидди он” маҳфили илмӣ гузаронида шуд.

Дар маҳфил мудири кафедраи мазкур Исоева Б.И., омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои шашум иштирок  карданд.

Донишҷӯи курси шашуми факултети педиатрӣ Саидзода А. оид ба бемории сил ва аломатҳои он, табобат ва пешгирии паҳншавии бемории сил маълумоти мушаххас дод.

Пас аз маърӯза байни донишҷӯён мубоҳисаи илмӣ баргузор гардид. Омӯзгорони кафедра Қаҳоров И.М. ва Фаридов А. оид ба мавзуъ суҳбат намуда, ҷавобҳои донишҷӯёнро пурра ва мукамал намуданд.

КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

 ВА ДЕРМАТОВЕНЕРОЛОГИЯ

 

Аз ҷониби кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология дар назди муассисаи давлатии Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятӣ 8 бех ниҳоли ҳамешасабзи арча ва сад бех гули садбарг шинонда шуд. Ин аз як тараф агар боиси  зебогии гирду атрофи бино гашта бошад, аз ҷониби дигар экологияро тоза нигоҳ медорад.

Мудири кафедраи мазкур Исоева Б.И. қайд намуд, ки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои шашуми  ДДТХ дар шинондани дарахтони саҳмгузор мебошанд.

Бояд қайд кард, ки дарахтон ва гулҳо аз ҷониби маъмурияти хоҷагидории ДДТХ таъмин карда шудааст.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 12 of 77

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид