Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 06 Апрел 2023 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОН

1 - уми апрели соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  баргузор гардид.

       Дар оғози ҷаласа ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон  н.и.т., мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б. И.-ро ба муносибати 60-умин солгарди баҳори умраш табрику таҳният намуданд.

       Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. оид ба корҳои таълимӣ-методӣ дар бораи натиҷаи сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 ба таври муфассал маълумот дода шуд.  Қайд гардид, ки дар асоси “Тартиби қоидаҳои баргузории имтиҳоноти ҷорӣ дар ДДТХ” баҳогузории имтиҳонҳои ҷорӣ аз рўи меъёри 100 хол муайян гардидааст, ки 60 холи он ба масъулияти кафедраҳо ва 40 холи боқимонда ба салоҳияти  Маркази ягонаи тестӣ вогузор карда шудааст. Дар сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 130 нафар донишҷӯ бо баҳои аъло ва 647 нафар бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд.

Дар идомаи ҷаласа мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2 Норматова М. А. оид ба фаъолияти кафедраи мазкур, мушкилот ва дурнамои он маълумот дод.

Инчунин, дар ҷаласа директори Маркази омӯзиши симулятсионӣ Насруллоев Д. оид ба фаъолияти Марказ маълумоти муфассал дод. Тибқи иттилои директори Марказ асбобу аёнияти мавҷудбуда дар марказ аз ҷониби донишҷӯён самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамзамон асбобу таҷҳизот пурра ба рӯихат гирифта шуда, аз ҷониби масъулон ва омӯзгорони дарсдиҳанда таҳти назорати ҷиддӣ қароро дода шудааст.  

Ҳамзамон, мудири китобхона Ҳалимов М. А. дар бораи фаъолияти китобхона  маълумот дод. Қайд гардид, ки дар фонди китобхонаи донишгоҳ 21 734 адабиёти таълимӣ, 16 886 адабиёти илмӣ, 10 956 адабиёти бадеӣ, 4254 видеоролик ва 3096 маҷаллаи илмӣ -тиббӣ мавҷуд аст.

Дар ҷаласа масоили мухталиф баррасӣ гардида, аз ҷумла, қарорҳои Шӯрои олимон дар бораи  “таҳрири нав “Низомномаи Шӯрои олимон ва тасдиқ намудани”, “тасдиқи Низомномаи хатми давлатӣ” ва “тасдиқ намудани натиҷаи аттестатсияи марҳилавии дохили донишгоҳӣ”  қабул гардиданд.

Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 189 times Last modified on Ҷумъа, 07 Апрел 2023 05:48

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид