Чорабиниҳо (121)

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ
Санаи 23 – юми майи соли 2018 дар ДДТХ «Ҳафтаи ҷавонон» бо шукуҳ таҷлил гардид. Барномаи фарҳангиро муовини Ректори донишгоҳ Ғафуров Б.А бо нутқи табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, пеш аз ҳама донишҷӯёну омӯзгоронро ба иди Ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд. Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки «…вазъи сиёсии ҳар як ҷомеъаро гурӯҳҳои сиёсие муайян менамоянд, ки дар як низом ва ё ташкилоти сиёсӣ муттаҳид гашта, барои расидан ба рушду тараққиёти иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии фарҳангӣ якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.
Фаъолияти ҷавонон, ки аз назари шумора дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ифодагари он аст, ки нақши ин табақа дар ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «..мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 дарсади аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30- сола ташкил медиҳанд».
Ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд, ки он аз таваҷҷуҳи зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ба ҳалли проблемаҳои ҳаёти ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Дар марҳилаи имрӯзаи инкишоф бошад, ташаккули маърифати сиёсии аҳолӣ, хоса ҷовонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати тозаистиқлоли мо гаштааст. Зеро раванди ҷаҳоншавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқуъ меояд, сари вақт баҳои воқеӣ дода, мавқеъи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.
Таъкид гардид, ки донишҷӯёни ДДТХ баъди хатми ин даргоҳи илму маърифат рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеаро ба дӯши худ мегиранд, ҳамеша ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис карда, дар раванди ободсозӣ ва бунёдкориҳои ҷомеа ҳамеша бояд нақши муассир гузоранд. Боварӣ аст, ки ҷамъомади мазкур дар болоравии тафаккури сиёсии донишҷӯёни мо, нақши муассир гузошта, мавқеи сиёсию ҷамъиятии аҳли Донишгоҳи навбунёди тиббиро дар марҳилаи имрӯза боз ҳам равшантар муайян месозад…».
Дар рафти баргузории чорабинӣ ва аз тарафи Раёсати донишгоҳ дар доираи баргузории ин ҷашн 56 нафар ҷавонони боистеъдоди донишгоҳ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Илова бар ин, ҷиҳати дастгирии ятимони кул ва маъюбони донгишгоҳ ки дар айни замон 8 нафарро ташкил медиҳад дар доираи ҷашни ҷавонон ба ҳар як нафари онҳо ба миқдори 250 сомонӣ кӯмакпулии яккарата расонида шуд.
Сипас, барои хотирмон гузаштани ин ҳамоиш барномаҳои фароғатию фарҳангӣ ба диққати ҳозирин пешкаш карда шуд. Зимнан қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин маҳфили зеборо бо номи «Шоми ҷавонӣ» донишҷӯи курси 1-ум ва 2-юм Баҳодурова Т. Муҳаммади С. ба уҳда доштанд. Чеҳраҳои болида ва аз самими дил хурсандӣ намудани донишҷӯён далели он буд, ки дар ҳақиқат ҳам ин чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилию фароғатӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи кор бо ҷовонон
Маъмурияти китобхона дар якҷоягӣ бо Мудири кор бо ҷавонони ДДТХ тибқи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, илмию маърифатии Ҳукумати ноҳияи Данғара бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон 23-май» «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» маҳфили бошукуҳе бо номи «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» доир намуд.
Ҳамзамон дар рафти маҳфил донишҷӯён бо баромадҳои худ оид ба гиромидошти китоб хотири иштирокчиёнро шод намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси якум Бобиев К дар мавзӯи«Китоб ва пайдоиши он» Сатторова А, «Книга-познаний великий океан» Баҳодурова Танноз муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва гурӯҳҳои 104 ва 105 педиатрӣ низ дар маҳфили номбурда фаъол буданд.
Инчунин, донишҷӯи курси 2-юм Муҳаммади С виктаринаеро омода намуд, ки нишастагони толорро бо саволҳои ҷолиби худ оид ба китоб ба ваҷд оварда, ғолиби виктарина бо китоби «Анатомияи одам ҷилди 1» қадрдонӣ карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин маҳфил Мудири бахши ҷавонони ноҳияи Данғара Салимзода Шамсулло ширкат варзид ва дар рафти маҳфил баромад намуда донишҷӯёнро ба китобдӯстиву китобхонӣ ва илмомӯзию ватанпарварӣ даъват намуд.
Китобхона
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи физикаи биологӣ ва информатика ба муносибати Рӯзи Кайҳоннавардон 12-апрел ҷамъомади илмии донишҷӯён ва омӯзгорон гузаронида шуд.
Дар ҷамъомади мазкур мудири кафедраи физикаи биологӣ ва информатика, дотсент Ситамов С. бо маърузаи «Таърихи азхудкунии кайҳон ва кайҳон ҳамчун озмоишгоҳи тадқиқотии табибону олимон» баромад намуда, ба ҳозирин аз дастовардҳои олимони соҳаи физика, химия, биология, тиб ва ғайра маълумот дод: ҳамзамон ҳозиринро бо баъзе аз ин таҷрибаҳо ба воситаи видеороликҳо ошно намуд.
Баъди маъруза ба иштирокчиёни ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Кайҳон лабораторияи тадқиқотии табибон» ва «Тадқиқотҳои кайҳонӣ» кинофилмҳои хурд дар ҳаҷми 20 дақиқагӣ нишон дода шуд.
Ҷамъомад хеле шавқовар ва диқатҷалбкунанда ба анҷом расид. Дар охир ба ҳамаи саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Ҳангоми ҷамбасти ҷамъомад якчанд донишҷӯён баромад карда фикру мулоҳизаҳои худро оид ба омӯзиши кайҳон ва дастовардҳо дар бораи кайҳон иброз намуданд.
Кафедраи физикаи биологӣ ва информатика.
Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оиди баргузории идҳои баҳорӣ санаи 15-уми марти соли 2018 озмуни “Гулбазми наврузӣ” баргузор карда шуд. Дар озмун 14 нафар донишҷӯёни курси якуму дуюм иштирок намуда, вобаста ба шарти озмун маҳорат ва малакаи худро санҷиданд.
Аъзоёни Кумитаи тадорукот - муовини ректор оид ба таълиму тарбия Ғафуров Б.А., муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Аҳмадов Ш.Р., сардори МТИ Мардонзода Қ., декани факултетҳо Саидов И.З., мудири кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. тамоми ҳусну қубҳи баромади иштирокчиёнро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, озмунро ҷамъбаст намуданд.
Мақсади асосии баргузор намудани озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” ин омодагӣ ба ҷашни “Наврӯз” ва ба ин васила дарёфт кардани истеъдодҳои нав, ки маҳорати баланди саҳнавӣ доранд, мебошад.
Натиҷаи озмун ғолибони зеринро муайян намуд:
Ҷойи аввал – Ғайратова Навруза, донишҷӯи соли дуввуми факултети педиатрӣ.
Ҷойи дуюм – Ҳошимзода Сафомиддин, донишҷӯи соли аввали факултети педиатрӣ.
Ҷойи сеюм – Давлатова Нилуфар, донишҷӯи соли аввали факултети тиббӣ.
Ғолиби озмун дар чорабинии умумидонишгоҳии таҷлили иди Наврӯз ба Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва мукофот қадр карда мешавад.
Ғолиби озмун дар чорабинии умумидонишгоҳии таҷлили иди Наврӯз ба Ифтихорномаи раёсати донишгоҳ ва мукофот қадр карда мешавад.
Кафедраи забонҳо
Дар асоси нақша чорабиниҳои раёсати донишгоҳ бахшида ба таҷлили бошукуҳи “Наврӯзи байналмилалӣ -2018” дар кафедраи Морфология ва физиологияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои баланд бардоштани сатҳи зеҳнии донишҷӯён озмуни «Тайёр намудани кроссворд ва чайнворд» - анатомӣ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни 20 гурӯҳҳои академии бахшҳои якум ва дуюми ҳамаи факултетҳои донишгоҳ бо пешниҳоди кроссворд ва чайнворҳои ҷолиби диққат вобаста ба фанни анатомияи одам, иштирок намуданд.
Озмун аз тарафи комиссияи озмунӣ бо раисии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.
Ғолибони озмун ба чунин тартиб муқаррар гардиданд, донишҷӯёни гурӯҳи 106 факултети тиббӣ сазовори ҷойи якум, донишҷӯёни гурӯҳи 102 факултети стоматологӣ сазовори ҷойи дуюм ва дониҷӯёни гурӯҳҳои 105 факултети педиатрӣ ва 103 факултети тиббӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Кафедраи морфология ва физиологияи одам
Рӯзи 20-уми марти соли 2018 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Барномаи фарҳангӣ бо номи «Наврӯзи дилафрӯз муборак бодо!» баргузор гардид. Тамоми майдон бо чодирҳои гулдӯзӣ, мизҳои ҳафтсину ҳафтшин, шамиму накҳати гулҳо, чеҳраи шоду хандони устодону донишҷӯён наврӯзгоҳи донишгоҳро ҳусну таровати аҷибе бахшида буд. Дар як тарафи майдон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дар тарафи дигар гулҳои ранг ба ранг, дар як гӯшаи майдон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хаймаҳои туристӣ насб карда шуда буданд. Чунин ҳамоҳангии зебогӣ ва табиати наврӯзӣ боиси болидахотирии ҳамагон гардида буд. Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ ва паёми наврӯзӣ ректори Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон баромад карданд. Қайд карда шуд, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.
Композитсияи адабӣ- мусиқӣ бо номи «НАВРӯЗ дар фарохнои таърих» дар майдон садо дод. Ба саҳна шоҳ Ҷамшед, сарбозон ва шоирон баромада, мардумро бо фарорасии ҷашни бузурги Наврӯз табрику таҳният намуданд. Аз ҷониби дигар майдон маликаи зебои наврӯзӣ – Баҳори нозанин, Бобои деҳқон ҳамчун рамзи Наврӯзи хуҷастапай ҳунарнамоӣ карданд.
Суруди «Аз ман рафт» дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Тошбоев Муслимбек дар саҳна бо рақси дилангез Қодирова Мафтуна, рақси «Чупонбача» дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Қаҳҳоров Исомиддин ба базми пуршукӯҳи наврӯзӣ оғоз бахшиданд. Боиси хушнудӣ ва пайки неки наврӯзии мо ин аст, ки муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги ҷумҳурии азизи мо бо яке аз мамолики таърихан ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии ӯзбекистон дар асоси дӯстию бародарӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Ба ин хотир суруди ӯзбекӣ дар иҷрои донишҷӯёни соли дуюм Фозилов Насим ва Алиева Фарида) садо дод.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Аз ин сабаб як гурӯҳ донишҷӯён дар нақши намояндагони мамолики гуногуни дунё аз ҷумла ИМА, Ҷопон, Хитой, Итолиё, Ҳиндустон, Арабистон, Россия бо забонҳои мамлакатҳои худашон ҳамагонро ба Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, аз дастурхонҳои наврӯзии донишҷӯён ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Монолог аз эҷодиёти Убайди Зоконӣ дар иҷрои донишҷӯйи соли дуюм Шукуров Дамир, рақси бадахшонӣ дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Дустмамадова Гулмира, суруди халқии «Уштур ба чаман» дар иҷрои Шукуров Дамир, суруди “Куштаи тири нигоҳ” дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Абдуллоев Муҳибулло ва донишҷӯйи соли якум Шукуров Абдулло, суруди “Омад баҳор” дар иҷрои донишҷӯёни соли якум Каримова Шукрона, саҳначаҳои ҳаҷвии наврӯзӣ ва дигар суруду рақсҳои халқӣ шукуҳи ин ҷашни дар ҳақиқат ҳам наврӯзиро шаҳомати хоссае бахшиданд. Қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин намоишномаи адабию фарҳангиро донишҷӯёни соли дуюм Ғайратова Наврӯза ва Муҳаммади Саидмустафо ба уҳда доштанд.
Дар охир таҳти суруди “Ватан” дар иҷрои гурӯҳи донишҷӯён тамоми иштирокчиёни ин намоиши хотирмони наврӯзӣ ба майдон баромаданд. Аз номи раёсати донишгоҳ ректори Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳамагонро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табриқ намуда, ба иштирокчиёну масъулони ин чорабинӣ миннатдории хешро иброз доштанд.
Қурбонмамадов С.Х. – мудири кафедраи забонҳо,
Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо
Всемирный день здоровья – отмечается ежегодно 7 апреля начиная с 1950 года. В этот день в 1948 году вступил в силу устав Всемирной организации здравоохранения (ВОЗ)
ВОЗ посвящает каждый ежегодный Всемирный день здоровья каким-либо темам и проводит различные пропагандистские мероприятия, как в этот день, так и длительное время после 7 апреля .
Каждый год Всемирный день здоровья посвящается глобальным проблемам, стоящим перед здравоохранением планеты и проходит под разными девизами: «В безопасности твоей крови - спасение жизни многих», «Активность - путь к долголетию». Сделаем его безопасным, защитим здоровье от изменений климата…
"Здоровье для всех» под таким лозунгом пройдет Всемирный день здоровья – 7 апреля текущего года. «Здоровье для всех» является нашим руководящим принципом и придает импульс кампании, проводимой в настоящее время на уровне всей организации в поддержку стран в их движении к обеспечению всеобщего охвата услугами здравоохранения (ВОУЗ). Основные идеи Всемирного дня здоровья
Всеобщий охват услугами здравоохранения означает, что все люди могут получать качественные услуги здравоохранения там и тогда, где и когда они в них нуждаются, не испытывая при этом финансовых трудностей.
Никто не должен делать выбор между хорошим здоровьем и другими жизненными потребностями.
ВОУЗ – это ключ к здоровью и благополучию народов и стран.
ВОУЗ достижим. Некоторые страны добились больших успехов. Их задача – поддерживать охват на уровне, отвечающем ожиданиям людей.
Разные страны будут по-разному продвигаться к ВОУЗ – универсального средства не существует. Но каждая страна должна прилагать усилия для обеспечения ВОУЗ.
Для обеспечения действительно всеобщих услуг здравоохранения необходимо, чтобы системы здравоохранения были ориентированы не на болезни и институты, а на людей.
В 2018 году будет отмечаться юбилей: 70-летие со дня вступления в силу Устава Всемирной организации здравоохранения (ВОЗ).
Проведение и история этого праздника напрямую связаны с деятельностью Всемирной организации здравоохранения – специального учреждения Организации Объединенных наций, на которую возложено решение международных проблем, связанных со здравоохранением населения планеты. Всемирная организация здравоохранения была создана на основании принципа, заключающегося в том, что все люди должны иметь возможность для реализации своего права на обладание наивысшим достижимым уровнем здоровья.
6 апреля 2018 в ХГМУ под руководством кафедры клинических дисциплин была проведена культурно-просветительное мероприятие посвященная международному дню здоровья. Цель праздника – привлечение внимания к проблемам здравоохранения и необходимости развернутой и всеохватной профилактики заболеваний, здорового образа жизни.
Приветственным и поздравительным словом мероприятие открыл проректор университета Ахадов Ш.Ф. С поучительным докладом выступил доцент кафедры морфологии и гистологии ХГМУ Бустонов М.О, который придал большое значение празднованию этого дня. В своем выступлении уважаемый Бустонов М.О. отметил, что здоровье – это когда ты радуешься жизни, это счастье в жизни, здоровье надо беречь, заботиться о нем с ранних лет. В продолжении программы, студентами ХГМУ были продемонстрированы сценки о значении здоровья в жизни, о здоровом образе жизни. Множество прекрасных стихотворений и песен были прослушаны присутствующими, в честь дня здоровья и о роли здоровья в жизни человека.
Хорошее здоровье – условие и гарантия благополучной и счастливой жизни. Забота о здоровье – это не только обязанность каждого человека, но и широкий спектр мер, проводимых общественными и государственными организациями, системами здравоохранения.
Кафедра клинических дисциплин ХГМУ
Дар асоси нақша чорабиниҳои ҷашнҳои баҳорӣ кафедраи морфология ва физиологияи одам озмуни илмию омӯзишӣ дар байни донишҷӯёни бахшҳои якум ва дуюм, вобаста ба навъ хусусиятҳои шифобахши ва ҳам дар амалияи тиб байни табибон, дар таҷрибаашон пурра барои табобати беморон самаранок ва фоидаовар истифодашавии гиёҳҳо маърӯзаҳои ҷолиб бо намоишгузории гиёҳҳои шифобахш дар гушаю канори Тоҷикистон буда, анҷом дода шуд. Маҳфил ба тарзи озмуни-интерактивӣ гузаронида шуда, аз чорабиноҳои зерин бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 105 педиатрӣ, 104 педиатрӣ, 106 тиббӣ, 102 педиатрӣ, 204 педиатрӣ, 104 тиббӣ, 205 тиббӣ ва ҳам аъзои ҳакамон аз шумораи омӯзгорони донишгоҳ, бо баҳогузории баромади донишҷӯён ва ҳам презинтатсияи онҳо гузашт. Дар маҳфили озмунӣ маърӯзаи донишҷӯён шунавида шуда ва ҳам викторинаҳо ба тарзи саволу ҷавоб байнашон гузаронида шуд.
Аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол иштирокдорони чорабинӣ донишҷӯёни зерин вобаста ба шартҳои озмун ва қобилияташон ҷойҳои зеринро сазовор дониста шуданд:
- Аз рӯи номинатсияи “Муаррифӣ намудани гиёҳҳои шифобахш:
Ҷойи аввал иштирокчиёни гурӯҳи 102 педиатрӣ
Ҷойи дуюм ба иштирокчиёни гурӯҳи 105 педиатрӣ.
Ҷойи сеюм ба иштирокчиёни гурухи104 педиатрӣ
- Аз рӯи номинатсияи “Маърӯза ва презентатсияҳо оид ба гиёҳҳои шифобахш”:
Ҷойи аввал ба гурӯҳи 204 педиатрӣ - Таваллоев Муҳаммад
Ҷойи дуюм ба гурӯҳи 104 тиббӣ Юлдошов Авазбек
Ҷойи сеюм ба гурӯҳи 205 тиббӣ - Ҳакимов Муҳим
- Аз рӯи номинатсияи “Саволу ҷавоб оид ба гиёҳҳои шифобахш”:
Ҷойи аввал ба иштирокчиёни гурӯҳи 105 педиатрӣ
Ҷойи дуюм ба иштирокчиёни гурӯҳи 104 тиббӣ
Ҷойи сеюм ба иштирокчиёни 102 тиббӣ
Барои фаъолона роҳбари намудани маҳфили гиёҳҳои шифобахш ба донишҷӯи гурӯҳи 204 педиатрӣ - Мусоева Фарангис ва барои шеърҳои пурмазмун Шаҳнозаи Шӯҳратзода қадрдонӣ карда шуданд.
Дар арафаи ҷашни Наврузӣ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои баҳорӣ донишҷӯён бо ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.
Кафедраи морфология ва физиологияи одам