Санаи 23 – юми майи соли 2018 дар ДДТХ «Ҳафтаи ҷавонон» бо шукуҳ таҷлил гардид. Барномаи фарҳангиро муовини Ректори донишгоҳ Ғафуров Б.А бо нутқи табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, пеш аз ҳама донишҷӯёну омӯзгоронро ба иди Ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд. Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки «…вазъи сиёсии ҳар як ҷомеъаро гурӯҳҳои сиёсие муайян менамоянд, ки дар як низом ва ё ташкилоти сиёсӣ муттаҳид гашта, барои расидан ба рушду тараққиёти иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии фарҳангӣ якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.
Фаъолияти ҷавонон, ки аз назари шумора дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ифодагари он аст, ки нақши ин табақа дар ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «..мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 дарсади аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30- сола ташкил медиҳанд».
Ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд, ки он аз таваҷҷуҳи зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ба ҳалли проблемаҳои ҳаёти ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Дар марҳилаи имрӯзаи инкишоф бошад, ташаккули маърифати сиёсии аҳолӣ, хоса ҷовонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати тозаистиқлоли мо гаштааст. Зеро раванди ҷаҳоншавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқуъ меояд, сари вақт баҳои воқеӣ дода, мавқеъи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.
Таъкид гардид, ки донишҷӯёни ДДТХ баъди хатми ин даргоҳи илму маърифат рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеаро ба дӯши худ мегиранд, ҳамеша ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис карда, дар раванди ободсозӣ ва бунёдкориҳои ҷомеа ҳамеша бояд нақши муассир гузоранд. Боварӣ аст, ки ҷамъомади мазкур дар болоравии тафаккури сиёсии донишҷӯёни мо, нақши муассир гузошта, мавқеи сиёсию ҷамъиятии аҳли Донишгоҳи навбунёди тиббиро дар марҳилаи имрӯза боз ҳам равшантар муайян месозад…».
Дар рафти баргузории чорабинӣ ва аз тарафи Раёсати донишгоҳ дар доираи баргузории ин ҷашн 56 нафар ҷавонони боистеъдоди донишгоҳ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Илова бар ин, ҷиҳати дастгирии ятимони кул ва маъюбони донгишгоҳ ки дар айни замон 8 нафарро ташкил медиҳад дар доираи ҷашни ҷавонон ба ҳар як нафари онҳо ба миқдори 250 сомонӣ кӯмакпулии яккарата расонида шуд.
Сипас, барои хотирмон гузаштани ин ҳамоиш барномаҳои фароғатию фарҳангӣ ба диққати ҳозирин пешкаш карда шуд. Зимнан қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин маҳфили зеборо бо номи «Шоми ҷавонӣ» донишҷӯи курси 1-ум ва 2-юм Баҳодурова Т. Муҳаммади С. ба уҳда доштанд. Чеҳраҳои болида ва аз самими дил хурсандӣ намудани донишҷӯён далели он буд, ки дар ҳақиқат ҳам ин чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилию фароғатӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи кор бо ҷовонон