Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Чорабиниҳо (122)

Чорабиниҳо

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ

   29 марти соли равон дар кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лотинӣ маҳфили навбатии «Анатомҳои ҷавон» баргузор гардид. Маҳфилро сардори он, донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ - Эргашев И.З. ифтитоҳ намуд.

     Аз рӯи нақша донишҷӯёни курси якуми факултети педиатрӣ Мирзоева Л. ва Мирсаидова Р. дар мавзӯъҳои «Топографии и фасции верхней конечностей» ва «Топографии и фасции нижний конечностей»  бо забони русӣ маърӯза карданд. Ҳамзамон, донишҷӯи курси якуми педиатрӣ Абдуллоева М. дар мавзӯи «Развития и аномалия мышц» маърӯза намуд.

   Сипас барои шавқовар намудани маҳфил ва боз ҳам мустаҳкам кардани дониши аъзои маҳфил оид ба мавзӯи «Миология»  дар шакли викторина саволу ҷавоб  анҷом дода шуд.

   Роҳбари маҳфил омӯзгори кафедраи мазкур - Каримов С.С. викторинаро ҷамъбаст намуда,  гурӯҳҳои 105 ва 107 - ро, ки ба саволҳо ҷавоби пурра гардонида буданд, ғолиб эълон намуд.

   Дар анҷом мудири кафедра - Зарипов И. А. ба маҳфили баргузоргардида баҳои баланд дода, қайд кард, ки гузаронидани чунин маҳфилҳо барои боз ҳам мустаҳкам кардани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён хеле муфид мебошад. 

КАФЕДРАИ

АНАТОМИЯИ НОРМАЛӢ,

АНАТОМИЯИ ТОПОГРАФӢ

    20 - уми марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

      Сараввал, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон аҳли нишастро бо Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният намуданд.

   Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Наврӯзи дилафрӯз муборак!» дар иҷрои дастаи «Дурахшон» ба намоиш гузошта шуд.

   

 



  Бояд қайд намуд, ки пас аз қироати шеърҳо дар васфи баҳор ва наврӯз, сурудҳои дилнишину рақсҳои мавзун, расму оин ва пешвозгирии иди Наврӯз дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ба намоиш гузошта шуд, ки ба чорабинии идонаи наврӯзӣ шукуҳу шаҳомати хосса ва ҳусну таровати тоза бахшид.

    Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ба таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, бори дигар барои аҳли нишаст рӯзгори неку осоишта ва бахту иқболи баланд таманно намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

            20 - уми марти соли равон дар боғи фарҳангиву фароғатии Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара бо иштироки Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ҷашни наврӯзӣ баргузор гардид.

            Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар таҷлили ҷашни наврӯзӣ муовинони ректор, сардори шуъбаи кадрҳо, декани факултетҳо, раиси Шӯрои занон ва духтарон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

             Дар чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни ДДТХ  ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои донишгоҳ, китобҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд. 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

6 марти  соли  равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи Модар аҳли нишастро табрику таҳният намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Сиришти модар» ба намоиш гузошта шуд.

Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо қироати шеърҳову иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи зан - модар, рақсҳои мавзун, сурудҳои ҳаҷвӣ ва намоиши либосҳои миллӣ дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ профессор Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

      22 феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - адабӣ баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамоишро мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ҳусни ифтитоҳ  бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуд. Номбурда таъкид намуд, ки дар  фазои сулҳу оромӣ ва озодӣ фаъолият кардани мо ба заҳматҳои шабонарӯзии Қувваҳои Мусаллаҳ робитаи мустақим дорад. 

Дар идомаи ҳамоиш омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ подполковник Раҳмонзода К. дар мавзӯи «23 - феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маърӯза намуд. Қайд гардид, ки дар шароити вазнини иқтисодӣ таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳони ҷиддиву озмоишҳои сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари халқу давлат ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш осон набуд.

Сипас профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Праздник мужества, доблести и чести» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Аз рӯи мавзӯи «Омода намудани кадрҳои ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар» омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ капитан Зикирзода Д.Қ. суханронӣ намуд.

Дар идомаи  ҳамоиш донишҷӯён дар доираи  композитсияи илмӣ - адабӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ - сутуни истиқлолият» маърӯза намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми факултети педиатрӣ Раимқулов С., Ибодова М., Шерализода Н., Аламуродова У., Шодиева Т. дар мавзӯъҳои «Таъсисёбии ҚМҶТ», «Пуррагардонии афсарони касбӣ дар ҚМҶТ», «Дастгирии занону бонувони низомӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Раванди таълиму тарбия дар ҚМҶТ» ва донишҷӯи курси якуми факултети стоматологӣ дар мавзӯи  «Рушди варзиш дар ҚМҶТ» маърӯзаҳои пурмазмун ироа гардиданд.

Ҳамзамон, Тухтаева М. - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ дар мавзӯи «Роль женщин в Армии», Шералиев Ҷ. - донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ дар мавзӯи «Роль армии в воспитании молодого поколения» ба забони русӣ ва Зикруллоева Г. оид ба «23 феврал - рӯзи таъсисёбии Артиш» (23 of February Armed forces day) ба забони англисӣ маърӯза намуданд.

Инчунин, донишҷӯёни курси чоруми факултети педиатрӣ Ғафуров Б. ва Давлатов С. Дар мавзӯъҳои «Артиши Шӯравӣ ва муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ» суханронӣ  карданд.

Ҳамоиши илмӣ - адабиро сардори шуъбаи илм ва инноватсия Норматова М. А. ҷамъбаст карда, аҳли нишастро бори дигар ба муносибати Рӯзи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт ва  барои иштирокчиёну маърӯзакунандагони ҳамоиш  изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

    23 феврали соли ҷорӣ  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи  Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал, Ректори Донишгоҳи давлатии таббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро табрику таҳният намуданд. Муҳтарам  ректор зимни суханронӣ аз  талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз ёдовар шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи адабӣ - мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд. Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар васфи ҳомиёни Ватан, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Бояд қайд кард, ки машқу тамринҳои ҳарбие, ки аз ҷониби донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд, хеле ҷолиб буданд. Донишҷӯён ҳангоми тамрин бо чусту чолокӣ, далерӣ ва ҷасурӣ аҳли нишастро ба ҳайрат оварданд. 

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуда,  барои аҳли нишаст саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан руҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу намуданд.

Хабарнигори Сомона

    25 декабри соли 2020 дар таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аввалин конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2020 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

    Конференсияи мазкурро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд ва ҳозиринро барои баргузории аввалин конференсия дар ДДТХ табрик намуда, ҷиҳати  иштироки фаъол дар он барои меҳмонони дохилӣ ва хориҷи кишвар изҳори сипос намуданд. 

    Дар рафти конференсия як гурӯҳ ходимони варзидаи сиёсиву илмии кишвар, аз ҷумла, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Ҷ.А., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодирзода Диловар Баҳриддин, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагону меҳмонон аз хориҷи кишвар тавассути онлайн ширкат варзиданд. Дар кори конференсия ҳамзамон, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муҳиддинов Нуриддин Давлаталиевич, Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳаётзода Нурхон Шариф ва муовини ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба корҳои муолиҷавӣ Қобилов Қобилҷон Кенҷаевич шахсан иштирок карда, суханронӣ намуданд.

   Инчунин, дар конференсия намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла, аз Хадамоти матбуотии вилояти Хатлон, ТВ «Хатлон» ва «Кӯлоб», рӯзномаҳои  «Новый Хатлон», «Хатлон» ва «Симои Данғара»  иштирок намуда, бо бархе аз  донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ мусоҳиба оростанд.

   
 Баъд аз ҷаласаи пленарӣ конференсия кори худро дар ду бахш идома дод, ки масъалаҳои тиббӣ ва фанҳои клиникӣ, инчунин, нигаҳдории тандурустӣ, фанҳои назариявии умумитиббӣ ва фанҳои ғайритиббиро дар бар мегирифт.

    Бояд қайд кард, ки ба конференсияи имрӯза беш аз 210 нафар олимону пажӯҳишгарони соҳаи тиб аз муассисаҳои гуногуни илмию таълимии мамлакат, ҳамзамон, 12 нафар аз 7 кишвари хориҷӣ (Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Англия, Арабистони Саудӣ, Хитой, Қувайт) маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмии хешро пешниҳод намудаанд, ки фарогири масоили гуногуни баҳсноки тибби амалию назариявӣ мебошад.

      Баъд аз ҷамъбасти конференсия дастаи ҳунарии «Дурахшон» бо барномаи ҳунарии таҳиянамудаашон дили ҳозиринро шод намуданд.

     Дар анҷоми конференсия ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон барои ҳамаи иштирокчиён аз самими қалб изҳори сипос намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ «НОБИҒАҲОИ ИЛМИ ТИБ»

   «Нобиғаҳои илми тиб» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфилест, ки волонтёрони китобхонаи донишгоҳ онро барои бузургдошт ва поси хотири  олимони тиб ва табибони ҳозиқ ташкил намудаанд.    

Ин навбат аз ҷониби маъмурияти китобхона дар якҷоягӣ бо Шӯрои занон ва духтарон бахшида ба зодрӯзи олими рус, духтур, педагог ва ходими ҷамъиятӣ, узви вобастаи АФ Россия Пирогов Николай Иванович маҳфил баргузор гардид.

               Донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Ҳабибова Фархунда оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули ин олими варзида дар соҳаи тиб маълумот дод.  Қайд гардид, ки Пирогов Николай Иванович аввалин шуда дар Россия ғояҳои ҷарроҳии пластикии устухонро пешниҳод кардааст.  Номбурда яке аз олимони машҳурест, ки ҷарроҳияро ба як соҳаи мустақили илми тиб табдил додааст.

            Сипас дар байни аъзои маҳфил муколама ва саволу ҷавоб баргузор гардид.

Роҳбари маҳфил Саидова М.Р. дар анҷом қайд намуд, ки тибқи нақша минбаъд низ маҳфили «Нобиғаҳои илми тиб» фаъолияти худро идома дода, барои аъзо ва иштироккунандагон аз зиндагинома ва фаъолияти донишмандони варзидаи соҳаи тиб маълумоти муфид ва шавқоварро пешниҳод мегардонад.

МАЪМУРИЯТИ  КИТОБХОНА

Page 2 of 11

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид