Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Чорабиниҳо (122)

Чорабиниҳо

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ

Маҳфили «Педиатрони ҷавон»

         24-уми октябри соли равон дар кафедраи фанҳои педиатрӣ маҳфили «Педиатрони ҷавон» баргузор гардид.     Дар маҳфил устодон ва донишҷӯёни курсҳои гуногуни факултети педиатрӣ ширкат варзиданд. Маҳфилро мудири кафедраи педиатрӣ н.и.т. Кузибаева Н.К. ҳусни ифтитоҳ бахшид.
   Сипас, донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Эмомова М., баромад карда, сабабҳои пайдоиши дарди рахит ва таъсири манфии бемории мазкурро ба саломатии кӯдакон шарҳ дод.
   Донишҷӯи курси 4-ум Раҷабов Н., оид ба аломатҳо ва табобати бемории рахит маърӯза намуд.
   Дар анҷоми маҳфил маърӯзакунандагон ба саволҳои донишҷӯён ҷавоби мушаххас доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

    Бо ибтикори маъмурияти китобхона ва деканат 25 октябри соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ намоиш ва ташвиқу тарғиби китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Маҳфилро саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П., ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияш давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон аз нигоҳи назариявӣ ва илмӣ амалан бунёд шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойи худро гирифт. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
  Ҳамзамон, профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А., баромад намуда, бори дигар аз корнамоӣ ва фидокории Президенти кишвар барои халқу ватан ёдовар шуд.
  Аъзои маҳфили «Хазинаи маърифат» Муродова И., Анварзода М., Раҷабов Н., - донишҷӯёни курси 4-уми факултети педиатрӣ,.донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ - Сатторова А. ва донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ – Ғаффорзода И., оид ба китобҳои гуногуни Президенти кишвар барои иштирокчиёни маҳфил маълумоти мушаххас доданд.
  Дар анҷом мудири китобхона н.и.ф., Саидова М.Р., чорабиниро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки омӯзиши китобҳои Президенти кишвар ба хонанда имкон медиҳад, ки донишҷӯён мустақим аз суханрониҳои Сарвари давлат бевосита дониши саҳеҳу боэътимод ва амиқ дар бораи асосҳо, хислат, самтҳои асосӣ, масъалаҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот пайдо кунанд.

МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА

    25 октябри соли равон таҳти роҳбарии сарвари Маркази технологияи иттилоотӣ - Мардонзода Қ.М., (роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён) ва донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ - Комилова Б.,     (сардори маҳфил) дар кафедраи физиологияи  нормалӣ ва физиологияи патологӣ   маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфил мудири кафедра, н.и.т., Саидов И.З., омӯзгорон ва зиёда аз 40 нафар донишҷӯи курсҳои ду, се ва чор ҳамчун аъзо иштирок намуданд. 

    Бояд қайд намуд, ки кори маҳфил асосан ба ду самт равона шудааст:  якум, муҳокимаи мавзӯъҳо аз рӯи маърӯзаҳо; дуюм, аз худ кардани малакаҳо  ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ.

   Ҳамаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳти назорати мудири кафедра, н.и.т., дотсент Саидов И.З., иҷро мегардад.

    Айни замон дар маҳфил 40 нафар донишҷӯёни курсҳои ду, се ва чор дар ҳайати 8 гурӯҳ, ки ба номи нобиғаҳои соҳаи тиб ва физиология номгузорӣ шудаанд, фаъолият мекунанд.

   Бояд зикр намуд, ки аъзои маҳфили мазкур ба таври интихобӣ, пас аз супоридани имтиҳон қабул гардиданд. 

   Дар маҳфил оид ба ҷараёни корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин, Лауреатҳои  Нобелӣ дар соҳаи тиб ва физиология маълумот дода шуд.

  Сардори маҳфил Комилова Б., аз рӯи мавзӯи «Барандагони ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи тиб ва физиология» маърӯза кард.

    Оид ба ҷоизаи Нобелӣ қайд гардид, ки он яке аз бонуфузтарин ҷоизаи байналхалқӣ мебошад, ки ҳар сол барои тадқиқоти барҷастаи илмӣ, ихтирокориҳо ва саҳми бузург дар фарҳанг ва рушди ҷомеа дода мешавад. Ҳоло андозаи ҷоизаи Нобел 10 млн кронаи шведӣ (қариб 1,05 млн евро ё 1,5 млн $ доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ

                      ВА ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТАЛОГӢ

      5 октябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Барномаи фарҳангиро муовини ректор, н.и.с., дотсент Аҳмадов Ш. Р., ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро аз номи ректори донишгоҳ ва Шӯрои олимон табрику таҳният намуд ва дар бораи бузургии касби омӯзгорӣ ва покизагии забони ноби тоҷикӣ сухан ронд.
    Сипас, маросими супоридани мукофотҳои соҳавӣ баргузор гардид.
   Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон барои гузоштани саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои илму маориф, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, оммавию маърифатӣ дар Рӯзи омӯзгорон бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
   Муовини декан Камолов А.С., барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.
   Мудири кафедраи педиатрӣ, н.и.т., Кузибаева Н.К., барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи тандурустӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо нишони «Аълочии тандурустӣ» сарфароз гардонида шуд.
   Ҳамзамон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.х., Усмонова У.Х., ва омӯзгори калони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, раиси Шӯрои занон ва духтарон Шарипова Ҳ.Я., барои хизматҳои шоистаашон дар соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
   Инчунин, бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 04.10.2019, №26/01 мудири шуъбаи таълим - Қурбонмамадов С.Х., мудирони кафедраҳо - Зарипов И.А., Исоева Б.И., Пиров Б.С., Кузибаева Н.К., омӯзгорон- Саидова М.Р., Насреддинов Р.С., Қурбонов Х.Ш., Солиҳев Б.К., Саидов С.М., ассистенти кафедраи фанҳои муолиҷавӣ- Одинаев Б.С., ки бо фаъолияти босамарашон дар пешбурди таълиму тарбия дар донишгоҳ саҳми назаррас гузоштаанд, бо «Ифтихорнома»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
   Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таълим, н.и.ф., Қурбонмамадов С.Х., дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ рукни муҳими давлатдорӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
    Донишҷӯи курси чорум Адибаи Рустамдухт дар мавзӯи «Омӯзгор – раҳнамо ба зиндагии шоиста» маърӯза намуд.
 Дастаи ҳунарии Дурахшон барномаи фарҳангии хешро пешкаши аҳли толор намуда, бо рақсҳои мавзун ва сурудҳои дилкаш руҳи тамошобинони хешро болида гардонид.
  Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ муовини ректор, н.и.с., дотсент Аҳмадов Ш. Р., бори дигар аҳли нишастро табрик намуда, барои эшон саломатии бардавом ва дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои беназирро орзу намуданд.

     Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии донишҷӯён маъмурияти китобхона санаи 21-уми сентябри соли равон дар байни донишҷӯёни курси 1-ум маҳфили навбатии худро бо номи “21-уми сентябр рӯзи байналмиллалии сулҳ”- ро гузаронид. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин маҳфили фарҳангӣ ризокорони китобхона донишҷӯёни курси 2-юм Шаҳноза ва Иброҳим хеле фаъол буда, бо забони руси бо презентатсия ва виктаринаи худ руҳияи донишҷӯёнро болида намуданд. Дар баромади худ ризокорон вобаста ба мафҳуми калимаи Сулҳ дар тамоми ҷаҳон ва арзишҳои миллӣ дар ватани азизи мо суҳбати самимӣ намуданд. Инчунин, дар баробари додани маълумотҳои лозимӣ вобаста ба “Рӯзи сулҳ” зарурати омӯхтани забонҳои руси ва англисӣ фаҳмонида шуд, бинобар ин ризокорон дар байни донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ низ бо забони русӣ баромад намуданд.
  Дар ин чорабинии мазкур шуъбаи Маркази технологияҳои иттилоотӣ низ саҳмгузор буданд. Махсусан, ризокори ин марказ донишҷӯи курси 3-юм Азамат викторинаи шавқоварро гузаронид.
  Донишҷӯёни курси аввал аз маҳфили доиргардида қаноатманд гардиданд. Яке аз самтҳои фаъолияти маъмурияти китобхона ин мунтазам додани иттилоотҳои зарурӣ ба хонандагони худ мебошад.
  Аз ин лиҳоз, мо кӯшиш менамоем, ки теъдоди чунин маҳфилҳои фарҳангиро дар байни донишҷӯёни худ зиёд намуда, ҳисси миллии онҳоро бедор намоем.

     Маъмурияти китобхона 

   Ба хотири бузургдошти ду абармарди форсу тоҷик, қофиласолори назми тоҷик-Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шоири шаҳири форсу тоҷик- Ҷалолиддини Балхӣ дар толори фарҳангии ДДТХ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
   Вобаста ба ҷашни мазкур мудири шуъбаи таълим н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х., дар мавзӯи «Рӯдакӣ-қофиласолори назми тоҷик» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Номбурда қайд намуд, ки «қарнҳо паси сар шуданд, вале устод Рӯдакӣ дар ёди халқ зинда монд, зеро сухан офариду некӣ карданро шиори ҳамешагии хеш қарор дода, ояндагонро низ ба корҳои нек талқин мекард».
   Сипас омӯзгори калони кафедраи забонҳо Одинаев С.П., дар мавзӯи «Мақом ва манзалати Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёти ҷаҳон» баромад карда қайд намуд, ки шуҳрати Румӣ на танҳо дар мамлакатҳои форсизабон,балки дар Амрикову Аврупо низ хеле баланд аст.
   Донишҷӯёни курси сеюми факултаи педиатрӣ аз ҳаёти устод Рӯдакӣ композитсияи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони «Лаҳзае аз ҳаёти Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён» тайёр намуда, аз ашъораш шеърҳоро қироат карданд.
   Донишҷӯйи курси 4-ум Қобилов А. ва курси 3-юм Сабзаев С. аз «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ саҳначаи «Шикояти пирамард ба табиб»-ро пешкаши тамошобинон гардонданд.
   Донишҷӯи курси дуюм Раҳмонов Х. бо суруди «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» хотири ҳозиринро шод намуд.
  Дар анҷом мудири шуъбаи таълим Қурбонмамадов С.Х., маъракаи фарҳангиро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, муҳтарам Убайдулло Қурбон дар баробари илми тиб ба фарҳанги волои халқи тоҷик низ ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва гузаронидани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ шаҳодати гуфтаҳои болост. 
                                                                                                                      ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ…

     Субҳи имрӯз, яъне 1-уми сентябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба «Рӯзи Дониш» ва «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамаи кормандони донишгоҳ ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
   Ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон чорабиниро ҳусни ифтиттоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи Дониш» ва 28-солагии «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният намуданд ва дар корҳои ояндаи устодону таҳсили донишҷӯён муваффақият орзу намуданд.
 Зимни суханронии хеш ректори муҳтарам аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «дониш шуморо аз тамоми бадиҳо ва офатҳо мисли ҷавшан нигоҳ медорад».
  Инчунин, муҳтарам Убайдулло Қурбон аз файзи истиқлол сухан ронда, таъкид намуданд, ки ин ҳама озодию ободӣ ва осоиштагию пешравиҳои кишварамон ба хизмати фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи бузурги тоҷик рабт дорад.
  Сипас, мудири кафедраи «Ҷомеашиносӣ» н.и.ф., Гулов А.А., доир ба 28-солагии «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда, аз ҷумла, қайд намуд, ки «Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад».
  Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Раҷабов Н., бо суруди хеш дар васфи Ватан дили ҳозиринро шод намуд.
   Инчунин, донишҷӯёни курси якум бо як сарбаландӣ ва ҳисси ифтихор суруди «Табибон»-ро иҷро намуданд.
  Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ дар ҳамаи толорҳои донишгоҳ, донишҷӯён ба тамошои пахши мустақим, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, фаро гирифта шуданд.

Барои дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳои раёсати ДДТХ ва “Клуби сайёҳии Донишгоҳ” бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021” санаи 19-уми июни соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши илмӣ бадеӣ дар мавзӯи “Мавқеи тиб дар рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Хамоишро муовини ректори ДДТХ оид ба корҳои маъмурӣ-хоҷагӣ, сарвари Клуби сайёҳии ДДТХ - Шамсулло Аҳадов  ифтитоҳ бахшида, дар мавзӯи “Cайёҳӣ аз нигоҳи адибони классики форсу тоҷик” баромад намуд.

Сипас маърузаи иштирокчии ҳамоиш мудири кафедраи фанҳои муолиҷавӣ н.и.т., Кузибаева Н.К. - дар мавзӯи “Туризм ва тиб” , маърузаи иштирокчии ҳамоиш дотсенти кафедраи забонҳо, Должикова В.А. дар мавзуи “Сайёҳат дар оғуши  кӯҳсори Тоҷикистон”, маърузаи иштирокчии ҳамоиш омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Каримов М.Р. дар мавзуи “Ҳадафи сайёҳии дохилӣ дар рушди деҳот “ , маърузахои донишҷӯёни ДДТХ Абдулоев Б. ва  Ҷомиева С. дар мавзуи “Омӯзиши забони Англисӣ омили рушди туризм” шунида шуд.

Сардори раёсати рушди туризми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Хатлон - Салимзода  Шамсулло ва намояндаи  мақомоти ҳокимяти  давлатии нохияи Данғара - Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Исломиддин Раҳматов дар мавзуи имкониятҳо ва рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон баромад намуданд.

Дар чорабинӣ намояндаи телевизони “Сафина”, расонаи итилоотӣ  “Россия РИА новости” ва сайёҳони Ҷумҳурии халқии Хитой низ иштирок доштанд, баъд аз анҷоми  ҳамоиш  дастаи ҳунарии ДДТХ ва хунармандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи  фархангӣ табъи  хозиринро  шод намуданд. Инчунин дар чорабини намоиши хунарҳои мардумӣ хурокҳои миллӣ ва дастовардҳои  “Клуби сайёҳии ДДТХ” баргузор гардид.

 

Сарвари Клуби сайёҳии ДДТХ

Шамсулло Аҳадов

Page 5 of 11

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид