Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ФАРИШТАИ ОСМОНӢ

07 Март 2018
Муаллиф :  

    Рӯзи 7-уми марти соли 2018 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бахшида ба Рӯзи модар чорабинӣ таҳти унвони «Биҳишт зери қудуми модарон аст» баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин иди зебо ва пуршукӯҳи модарон табрику муборакбод намуданд. Қайд карда шуд, ки мавриди ифтихор аст, ки бо вуруди фасли зебои баҳор ҳар сол мо яке аз ҷашнҳои арзишманд ва зеботарини сол - Рӯзи модаронро  бо шукуҳ таҷлил менамоем, ки ба  айёми  зиндашавии табиати зебо рост омадани ин ҷашни умумиллӣ шукӯҳу шаҳомати онро дучанд афзун менамояд. Ба андешаи мо ҳамасола ҳеҷ як ҷашне ба хонадони ҳар яки мову Шумо ин қадар шодиву сурур намебахшад, чуноне, ки дар руёрӯи тантанаи иди модарону хоҳарони азиз эҳсос менамоем.

      Сипас баҳри болидагии хотири ҳозирин барномаи адабию фарҳангии «Биҳишт зери қудуми модарон аст» пешкаш карда шуд. Донишҷӯён дар васфи модар ва бузургии вай шеърҳо қироат намуда, бори дигар бузургиву фариштаи осмонӣ будани зан-модарро васф карданд.

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

      Рақсу сурудҳои иҷронамудаи донишҷӯён ба ин чорабинӣ ҳусни идона бахшида, бори дигар собит намуданд, ки ҳар як инсон бузургиву шарафмандии Модарро дар қалби худ ба андозае ҷой додааст, ки дар қатори мафҳуми Ватан ҳамчун муқаддасот ҷойгузин намудааст.

        Дар охир   ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшида, бори дигар таъкид намуданд, ки табиат чунин оварда, ки Иди Бонувон чанд рӯз пеш аз иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Шояд ин ба он хотир бошад, ки дар зебогиву накҳат  Бонувон аз Баҳор пештару болотаранд.   И иди зебоӣ, иди малоҳату нафосат ва иди меҳру садоқатро ба ҳамагон  муборакбод гуфта,  баҳрашон сарсабзиву рӯзгори ободи таҳсилу фаъолияти пурсамарро  таманно намуданд.

Кафедраи химия ва биологияи тиббии ДДТХ

0 Шарҳ 129 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид