Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

НАВРӮЗИ ДИЛАФРӮЗ МУБОРАК БОДО!

27 Март 2018
Муаллиф :  

      Рӯзи 20-уми марти соли 2018 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Барномаи фарҳангӣ бо номи «Наврӯзи дилафрӯз муборак бодо!»  баргузор гардид. Тамоми майдон бо   чодирҳои гулдӯзӣ, мизҳои ҳафтсину ҳафтшин, шамиму накҳати гулҳо, чеҳраи шоду хандони устодону донишҷӯён наврӯзгоҳи донишгоҳро ҳусну таровати аҷибе бахшида буд. Дар як тарафи майдон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дар тарафи дигар гулҳои ранг ба ранг, дар як гӯшаи майдон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хаймаҳои туристӣ  насб карда шуда буданд. Чунин ҳамоҳангии зебогӣ ва табиати наврӯзӣ боиси болидахотирии ҳамагон гардида буд. Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ ва паёми наврӯзӣ  ректори Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон,  д.и.т.,  профессор Убайдулло  Қурбон баромад карданд. Қайд карда шуд, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст.  Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

        Композитсияи адабӣ- мусиқӣ  бо номи «НАВРӯЗ  дар фарохнои таърих» дар майдон садо дод. Ба саҳна шоҳ Ҷамшед, сарбозон ва шоирон баромада, мардумро бо фарорасии ҷашни бузурги Наврӯз табрику таҳният намуданд. Аз ҷониби дигар майдон маликаи зебои наврӯзӣ – Баҳори нозанин, Бобои деҳқон ҳамчун рамзи Наврӯзи хуҷастапай ҳунарнамоӣ карданд.

       Суруди «Аз ман рафт» дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Тошбоев Муслимбек дар саҳна бо рақси дилангез Қодирова Мафтуна, рақси «Чупонбача» дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Қаҳҳоров Исомиддин ба базми пуршукӯҳи наврӯзӣ оғоз бахшиданд. Боиси хушнудӣ ва пайки неки наврӯзии мо ин аст, ки муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги ҷумҳурии азизи мо бо яке аз мамолики таърихан ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии ӯзбекистон дар асоси дӯстию бародарӣ ба роҳ монда шуда  истодааст. Ба ин хотир суруди ӯзбекӣ дар иҷрои донишҷӯёни соли дуюм Фозилов Насим  ва Алиева Фарида) садо дод.

      Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Аз ин сабаб  як гурӯҳ донишҷӯён дар нақши намояндагони мамолики гуногуни дунё аз ҷумла ИМА, Ҷопон, Хитой, Итолиё, Ҳиндустон, Арабистон, Россия бо забонҳои мамлакатҳои худашон ҳамагонро ба Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, аз дастурхонҳои наврӯзии донишҷӯён ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

      Монолог аз эҷодиёти Убайди Зоконӣ дар иҷрои донишҷӯйи соли дуюм Шукуров Дамир, рақси бадахшонӣ дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Дустмамадова Гулмира, суруди халқии «Уштур ба чаман»  дар иҷрои Шукуров Дамир, суруди “Куштаи тири нигоҳ” дар иҷрои донишҷӯйи соли аввал Абдуллоев Муҳибулло ва донишҷӯйи соли якум Шукуров Абдулло, суруди “Омад баҳор”  дар иҷрои донишҷӯёни соли якум Каримова Шукрона, саҳначаҳои ҳаҷвии наврӯзӣ ва дигар суруду рақсҳои халқӣ шукуҳи ин ҷашни дар ҳақиқат ҳам наврӯзиро шаҳомати хоссае бахшиданд. Қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин намоишномаи адабию фарҳангиро донишҷӯёни соли дуюм Ғайратова Наврӯза ва Муҳаммади Саидмустафо ба уҳда доштанд.

        Дар охир таҳти суруди “Ватан” дар иҷрои гурӯҳи донишҷӯён тамоми иштирокчиёни ин намоиши хотирмони наврӯзӣ ба майдон баромаданд. Аз номи раёсати донишгоҳ ректори Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон,  д.и.т.,  профессор Убайдулло  Қурбон ҳамагонро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табриқ намуда, ба иштирокчиёну масъулони ин чорабинӣ миннатдории хешро иброз доштанд.

 

Қурбонмамадов С.Х. – мудири кафедраи забонҳо,

Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо

0 Шарҳ 135 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид