Санаи 28-уми март бо ибтикори маъмурияти китобхонаи донишгоҳ бахшида ба шоҳасари бузурги ниёгон “Захираи Хоразмшоҳӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ дбаргузор гардид. Маҳфилро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илм, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. оғоз намуд ва бузургиву манзалати ин асар, аз ҷумла барои соҳаи тибро арзёбӣ намуд.
Мудири китобхона Ҳалимов М.А. дар маърузаи худ оид ба раванди таҳия, баргардон ба хати криллӣ, ба чоп омода намудани асари мазкур, ҳайати таҳририя, муҳаррири масъул ва дигар масъалаҳои марбут ба асари “Захираи Хоразмшоҳӣ” сухан намуд.
Инчунин дар маҳфил аз ҷониби мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., дотсент Гулов А.А. дар мавзуи “Захираи Хоразмшоҳӣ-эҳёгари соири улум””, мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Одинаев С.П. дар мавзуи “Исмҳои ҷамъбандӣ дар “Захираи Хоразмшоҳӣ”", мудири кафедраи Бемориҳои ҷарроҳӣ н.и.т., Холов А.Д. дар мавзуи “Захираи Хоразмшоҳӣ-роҳнамо дар табобати омосҳо”, омӯзгори кафедраи анатомияи нормалӣ н.и.ф., Сангова Ҳ.Р. дар мавзуи “Манфиату мазаррати хобу бедорӣ аз нигоҳи Исмоили Ҷурҷонӣ”, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.ф., Саидова М.Р. дар мавзуи “Илми тиб аз нигоҳи Исмоили Ҷурҷонӣ” бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуданд.
Дар фарҷом муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. кори маҳфилро қаноатбахш арзёбӣ намуда, бори дигар муҳиммияти ин асарро барои соҳаи тиб ва табибон таъкид намуд ва аз баргузории чунин маҳфил ба масъулон изҳори сипос кард.
Китобхонаи донишгоҳ.