Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

БАХШИДА БА СОЛИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

03 Март 2018
Муаллиф :  

   Рӯзи 3-юми марти соли 2018 дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни “Сайёҳи беҳтарин ва расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ” баргузор карда шуд. Кумитаи тадорукот ва ҳайати доварон: Убайдулло Қурбон – ректори ДДТХ, д.и.т., профессор (раис), Ғафуров Б.А. – муовини ректор оид  ба таълим ва тарбия, Аҳадов Ш.Ф. – муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ, Қузибоева Н.К. – мудири кафедраи фанҳои клиникӣ, Холов Ш.И. – сардори шуъбаи кадрҳо ба баргузории озмуни мазкур роҳбарӣ намуданд. Мувофиқи Нақша  баргузории озмун аз қисматҳои зерин иборат буд:

  1. Намоиш додани гузоштан ва ҷамъ овардани хаймаи сайёҳӣ
  2. Расонидани ёрии аввалини тиббӣ
  3. Хомӯш кардани оташ ҳангоми сӯхтор 

     Озмун аз намоиши таҷрибавии ҳар яке аз қисматҳо оғоз гардид. Ду дастаи интихобкарда – гурӯҳи 203 ва 204-и факултети тиббӣ сараввал бо ҳидояти Камолов Д. – мудири бахши хоҷагии донишгоҳ ва роҳбарони гурӯҳҳо – омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ Қурбоналиев Ҷ. ва Самиев С. чӣ гуна гузоштан ва ҷамъ овардани хаймаҳоро амалан дидан ва сипас бо ҳидояти довар проректори қисми хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф. ба мусобиқа шурӯъ намуданд. Ҳарду даста хеле бо шавқу ҳавас ва кушиши тамом ба ин кор шурӯъ намуданд.

       Шарти дуюм - расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз инҳо иборат буд:

       Аз майдон баровардани  захмдорон  (масъул Мардонзода  Қ.), сафарабар кардан барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ( масъул Холов Ш.И.), манъ кардани хунравӣ ( масъул Камолов А.С.)реаниматсияи шахси осебдида ва чен кардани ФШ  – масъул Додоҷонов Ҷ.Ю. ), гузоштани бандинаҳои тиббӣ дар ҷойи ҷарроҳат ( масъул Мардонзода Қ) ва  хомӯш кардани оташ ҳангоми сӯхтор (масъул сардори техникаи бехатарии донишгоҳ Тоҳири Зевар).

      Натиҷаи озмун нишон дод, ки донишҷӯён ҳамчун табибони оянда дар ҳолатҳои фавқулодда аз уҳдаи расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ ва бартараф намудани дигар ҳолатҳои таъхирнопазир баромада метавонанд

      Дар охир муовини ректор оид  ба таълим ва тарбия  Ғафуров Б.А.  натиҷаи чоарбиниро ҷамъбаст намуда, аз номи раёсати донигоҳ ба баргузоркунандагон ва иштирокчиёни он арзи маннатдорӣ намуданд.

0 Шарҳ 117 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид