Чорабиниҳо (122)
Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ
Рӯзи 18-уми майи соли 2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии маърифатӣ “Китоб- нури маърифат” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур пеш аз ҳама густариш додани ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Хатлон ва ҷалб намудани ҷавонон ба китобхонӣ ҳамчун сарчашмаи асосии вуруд ба ҷаҳони маърифату маънавиёт арзёбӣ мегардад.
Дар маҳфили мазкур мудири китобхонаи Донишгоҳи давлатии Данғара Азизов Асомиддин, мудири китобхонаи вилоятии ш.Қӯрғонтеппа Юсуфова Тутиниссо ва директори МТИ н.Вахш Ҷалолова Гулбаҳор иштирок намуданд. Маҳфилро муовини ректор Аҳадов Ш.Ф. ҳусни оғоз бахшида, сипас донишҷӯён аз ашъори бузургон дар васфи китоб шеърҳо қироат намуда, инчунин бо барномаҳои консертии худ табъи ҳозиринро болида намуданд. Тибқи барнома, дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи “Китоб – маърифат ва уқёнуси бузург”, саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С. П. дар мавзӯи “Муаррифи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Забони миллат – ҳастии миллат” баромад карда, бори дигар ҷойгоҳи баланди китобро дар рушду такомули инсоният таъкид намуданд. Дар чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ ва эҷодии маҳфили Ахтарони сайёр, ки дар он донишҷӯёни фаъол аъзо мебошанд, ҷолибу хотирмон буд.
Маъмурияти китобхонаи ДДТХ
Санаи 23 – юми майи соли равон дар ДДТХ «Ҳафтаи ҷавонон» бо шукуҳ таҷлил гардид. Барномаи фарҳангиро ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо нутқи табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, пеш аз ҳама донишҷӯёну омӯзгоронро ба иди Ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон зимни суханронӣ қайд намуданд, ки «…вазъи сиёсии ҳар як ҷомеъаро гурӯҳҳои сиёсие муайян менамоянд, ки дар як низом ва ё ташкилоти сиёсӣ муттаҳид гашта, барои расидан ба рушду тараққиёти иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии фарҳангӣ якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.
Фаъолияти ҷавонон, ки аз назари шумора дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ифодагари он аст, ки нақши ин табақа дар ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «..мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 дарсади аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30- сола ташкил медиҳанд».
Ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд, ки он аз таваҷҷуҳи зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ба ҳалли проблемаҳои ҳаёти ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Дар марҳилаи имрӯзаи инкишоф бошад, ташаккули маърифати сиёсии аҳолӣ, хоса ҷовонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати тозаистиқлоли мо гаштааст. Зеро раванди ҷаҳоншавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқуъ меояд, сари вақт баҳои воқеӣ дода, мавқеъи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.
Таъкид гардид, ки донишҷӯёни ДДТХ баъди хатми ин даргоҳи илму маърифат рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеаро ба дӯши худ мегиранд, ҳамеша ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис карда, дар раванди ободсозӣ ва бунёдкориҳои ҷомеа ҳамеша бояд нақши муассир гузоранд. Боварӣ аст, ки ҷамъомади мазкур дар болоравии тафаккури сиёсии донишҷӯёни мо, нақши муассир гузошта, мавқеи сиёсию ҷамъиятии аҳли Донишгоҳи навбунёди тиббиро дар марҳилаи имрӯза боз ҳам равшантар муайян месозад…»
Лозим ба қайд аст, ки дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили Ҳафтаи ҷавонон дар ДДТХ бо назардошти фаъолияти босамари онҳо, дар чаҳорчӯбаи ин ҷашн ба як гуруҳ аз ҷавонони боистеъдоди донишгоҳ бо фармоиши ректори ДДТХ тақдими туҳфа ва Ифтихорномаҳо ба нақша гирифта шуда буд. Маълум менамоем, ки дар давоми соли таҳсили 2016-2017 як зумра донишҷӯёни мо дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ пирӯз шудаанд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ 1 нафар аз донишҷӯёни мо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори мақоми 2 -юми озмун гардиданд. 1 нафар ҳангоми ширкат дар озмуни вилоятӣ – «Донишҷӯи соли 2017» ғолиби ин озмӯн шуда, 3 нафар аз донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷоҳои 1, 2 ва 3 –юм, инчунин 2 дастаи волейболбозон дар бозиҳои вилоятӣ ҷойҳои 3 –юмро касб намуданд. Иштироки 14 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои донишгоҳӣ низ қобили таҳсин буда, дар ин радиф, 15 нафар фаъолон дар тамоми корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ҳиссагузор буданд.
Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ба 36 нафар аз ҷавонони фаъол ва болаёқати донишгоҳ барои ширкати босамар дар озмунҳои донишгоҳиву вилоятӣ, ба 3 нафар роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва ба 5 нафар аз омӯзгорон барои саҳми назаррасашон дар тарбияи ҷавонон ва амалӣ намудани сиёсати ҷавонон дар ҷумҳурӣ, бо мукофотпулию туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои донишгоҳ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.
Сипас, барои хотирмон гузаштани ин ҳамоиш барномаҳои фароғатию фарҳангӣ ва театрикунонидашудаи созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ба диққати ҳозирин пешкаш карда шуд. Зимнан қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин маҳфили зеборо бо номи «Шоми ҷавонӣ» донишҷӯёни гурӯҳи 10-уми тиббӣ Комилова Бибисоро ва Ҳамроев Муҳаммадзамон ба уҳда доштанд. Чеҳраҳои болида ва аз самими дил хурсандӣ намудани донишҷӯён далели он буд, ки дар ҳақиқат ҳам ин чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилию фароғатӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
Шуъбаи кор бо ҷовонон
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён
Шӯрои занон ва духтарон
Рӯзи 8-уми майи соли 2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба 72-юмин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамоиши адабию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ва донишҷӯён ширкат намуданд. Ҳамоишро бу сухани табрикотӣ ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Қайд карда шуд, ки ҳар сол дар мамлакати мо 9- май ҳамчун Рӯзи ғалаба аз болои душмани ғаддори инсоният - фашизми Германия дар вазъияти тантанавӣ таҷлил мегардад.Таърихи инсоният ҷангҳои хунинро на як бору ду бор дидааст, вале ҷанги дуюми ҷаҳон, ки солҳои 40-уми асри гузашта аланга зада, аксар давлатҳои Аврупо, як қисми Осиё ва Амрикоро ба коми пурнаҳси задухурдҳои мусаллаҳона кашид, дар таърих ҳамчун ҷанги аз ҳама хунин ва харобовар ёдоварӣ мешавад. Профессор Убайдулло Қурбон ёдовар шуданд, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 260 ҳазор нафар тоҷикписарон мардонавор ҷангидаанд, 50 ҳазор нафари дигар дар ақибгоҳи ҷанг ба корҳои мудофиавӣ машғул буданд. Ватан номҳои фарзандони далери худ чун Неъмат Қарабоев, Туйчӣ Эрйигитов, Ҳодӣ Кенҷаев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Исмат Шарифов, Раҳимбой Рахматов,Чутак Урозов, Саидқул Турдиев ва боз даҳҳо нафари дигарро, ки бо корнамоию далериашон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ гашта будаанд, то ҳол фаромӯш накардааст. Умуман барои диловарию шуҷоаташон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 54 нафар тоҷикистониён бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 19 нафар бо се дараҷаи Ордени Шараф ва 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудаанд. Солҳои ҷанг Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳои дурдасти Осиёи Миёна бо қарори Кумитаи давлатии мудофиа минтақаи ақибгоҳ эълон карда шуда буд. Дар 29 госпитали ҳарбие, ки дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) таъсис ёфта буданд, бештар аз 28 ҳазор нафар маҷруҳони ҷанг бо дасти шифобахши табибони мо муолиҷа гирифтаанд.
Дар анҷоми сухани худ ректори донишгоҳ ибрози назар намуданд, ки диловарони майдони ин ҷанги таърихӣ Ғалабаро ба қимати ҷон ба даст оварда, худро дар қалбҳои одамон абадзинда гардонданд. «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» - нидо мекунад хотираи қалби ҳар як инсоне, ки худро эҳтиром мекунад. Насли имрӯза ҳар як ҷанговари дар майдонҳои муҳориба барои муҳофизати Ватан ҳалокгардидаро ном ба ном ба ёд меоварад ва дар пеши он қаҳрамонони шуҷоъ, мардони далери корзорҳои ҶБВ, ки имрӯз дар қайди ҳаётанду ангуштшумор мондаанд сари таъзим фуруд меоранд.
Дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Рӯзи бузурги Ғалаба» суханронӣ намуда, аҳамияти бузурги ин ғалабаи оламшумулро таъкид намуданд.
Намоишномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯён бо номи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд» хеле дилнишину хотирмон буд. Сурудҳои машҳури замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ – «Священная война», «Катюша», «День Победы» дар иҷрои донишҷӯён хеле таъсирбахш буд. Муҳорибаи Сталинград дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардиши куллиеро ба вуҷуд оварда буд ва ба ин рӯйдоди таърихӣ достони машҳури Муъмин Қаноат – «Суруши Сталинград» бахшида шудааст. Порчаҳо аз ин достон дар иҷрои донишҷӯён Комилова Б., Адибаи Рустамдухт, Ҳабибова Зуҳал, Сафарова М., Баҳовиддинова Ш., Қодирова Н., Валиева Ш., Исмоилзода М., Азизӣ Муҳаммадфайёз қироат карда шуда, бори дигар аҳамияти ин ғалабаи таърихиро таҷассумгар шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки аз ибтидо то анҷоми ин чорабинии театрикунонидашуда саҳнаҳои гуногуни замони ҷанг аз тарафи донишҷӯён Холова Ш. (гр. 6 тиббӣ), Ҷойлобов М. (гр. 5 тиббӣ), Одинаев С. (гр. 6 тиббӣ), Содиқов А. (гр. 5 тиббӣ), Азизов О. (гр. 6 тиббӣ), Алиева Ф. (гр. 1 педиатрӣ), Шарипова Д. (гр. 7 тиббӣ), Абдуллоев М. (гр. 4 стоматологӣ), Нуров А. (гр. 4 стоматологӣ), Қарабоев Ш. (гр. 4 стоматологӣ), Саидов М. (гр. 4 стоматологӣ), Темурзода Э. (гр. 3 стоматологӣ), Абдуллоев Ф. (гр. 3 стоматологӣ) вобаста ба композитсияи барнома намоиш дода шуданд. Сурудҳои «Темная ночь» дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 4 стоматологӣ Абдуллоев М., «Ватан» дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 1 стоматологӣ Валиев С., «Меҳри Ватан» дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 8 тиббӣ Қодирова Н. садо доданд. Барандагии ин маҳфили пуршукуҳро донишҷӯи гурӯҳи 8 педиатрӣ Ғайратова Наврӯза ва донишҷӯи гурӯҳи 9-уми педиатрӣ Тоҷибоева Наима ба уҳда доштанд.
Дар охир ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ин ҳамоиш ҳусни анҷом бахшида бори дигар ҳозиринро ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, ба баргузоркунандагон ва иштирокчиёни ин намоиши театрикунонидашуда арзи миннатдории хешро иброз доштанд.
Шуъбаи таълим, Кумитаи иттифоқҳои касаб ва кормандони донишгоҳ
Санаи 18-уми марти соли 2017 дар саҳни Донишгоҳ тибқи Нақша- чорабиниҳо бахшида ба ҷашнгирии иди «Наврӯзи байналмиллалӣ 2017» намоиши китобҳо доир гардид.
Бояд қайд кард, ки намоиш дар сатҳи хуб баргузор шуда, аз он аъзоёни Раёсати Донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён дидан намуданд. Маъмурияти Китобхона кӯшиш бар он дорад, ки чунин намоишҳои тамошобобро зиёд намуда, баҳри баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии донишҷӯён саҳмгузор бошад.
Маъмурияти Китобхона
Ба мақсади баргузор намудани идҳои баҳорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ тартиб дода шуда, дар асоси нақшаи мазкур рӯзи 15-уми марди соли 2015 дар толори фарҳангии ДДТХ озмуни гулбазми Наврӯзӣ» баргузор гардид. Низомномаи озмун ва шартҳои иштирок дар он таҳия шуда, ба самъи ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ расонида шуд. Шартҳои озмун аз инҳо иборат буданд:
- Дуруст ва мувофиқи меъёри шеърхонӣ қироат намудани шеърҳо.
- Доштани сару либоси миллӣ
- Интихоби шеър на камтар аз панҷ ва на зиёдтар аз даҳ байт
- Шеърҳо аз адабиёти классикӣ ва муосири форсу тоҷик, эҷодиёти шифоҳии халқ интихоб шуда метавонанд. Инчунин довталабон метавонанд шеърҳои эҷодкардаи худро пешниҳод намоянд.
- Забони «Гулбазм» - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
- Довталабон пеш аз иштирок дар озмун бояд аз суҳбати омӯзгорони кафедраи забонҳо гузаранд.
Дар озмун донишҷӯён Адибаи Рустамдухт (гурӯҳи 9-уми тиббӣ), Азизӣ Муҳаммадфайёз (гурӯҳи 8-уми тиббӣ), Шарифова Робия (гурӯҳи 1-уми педиатрӣ),Нилуфари Алишер (гурӯҳи 9-уми педиатрӣ), Ҳабибова Зуҳал (гурӯҳи 10-уми тиббӣ), Мақсудова Зулола (гурӯҳи 10-уми тиббӣ), Қодирова Нигора (гурӯҳи 8-уми тиббӣ) ширкат намуданд.
Ҳайати ҳакамон – сардори Шуъбаи таълими ДДТХ, н.и.т., Қузибоева Н.К., муовини ректор оид ба хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., мудири кафедраи забонҳо, д.и.ф. Тағоймуродов Р.Ҳ., муаллими калони кафедраи забонҳо, сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. қироати шеърҳои иштирокчиёнро оид ба баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз бо камоли диққату қаноатмандӣ гӯш карданд. Дар ҷамъбасти озмун мудири кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филологӣ Тағоймуродов Р.Ҳ. ҳусну қубҳи шеърҳои қироаткардашударо муфассал таҳсил намуда, ба иштиркочиён озмун барои ширкаташон арзи миннатдории хешро баён намуданд.
Дар фарҷоми ин чорабинӣ сардори Шуъбаи таълими ДДТХ, н.и.т., Қузибоева Н.К. ба ширкаткунандагон барои иштироки фаъолона ва тайёрии пухтаашон аз номи раёсати донишгоҳ арзи сипос намуда, дар фаъолияти таълимию фарҳангии онҳо комёбиҳои нав ба навро таманно намуданд.
Кафедраи забонҳо
Зан кист?
Зан модари ман, модару ту модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.
Рӯзи 7-уми марти соли 2017 дар толори асосии ДДТХ чорабини фарҳангӣ дар мавзӯи «биҳишт зери қудуми модарон аст» баргузор гардид. Ба ҳамоиши мазкур ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки 8-март дар саросари ҷумҳурии азизамон ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад. Мавриди ифтихор аст, ки бо вуруди фасли зебои баҳор ҳар сол мо яке аз ҷашнҳои арзишманд ва зеботарини сол - Рӯзи модаронро бо шукуҳ таҷлил менамоем, ки ба айёми зиндашавии табиати зебо рост омадани ин ҷашни умумиллӣ шукӯҳу шаҳомати онро дучанд афзун менамояд. Ба андешаи мо ҳамасола ҳеҷ як ҷашне ба хонадони ҳар яки мову Шумо ин қадар шодиву сурур намебахшад, чуноне, ки дар руёрӯи тантанаи иди модарону хоҳарони азиз эҳсос менамоем.
Аз ин хотир барои худ шарафу ифтихор меҳисобам, ки ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми бонувони Тоҷикистони азизро бо ин Иди зебо аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоматон хушрӯзӣ, некномӣ, сулҳу сафо, оилаи тифоқу обод ва барору комёбии минбаъдаи кору фаъолиятро таманно намоям.
Дар васфи зан модар-бузургони мо то имрӯз ҳазорон асарҳо офаридаанд, ки дар онҳо ӯ ҳамчун олиҳаи зебоӣ, чашмаи меҳр, инсони озоду зебопараст ва ниҳоят донишманду таърихсоз тасвир ёфтааст.
Зан – модар вазифаи ниҳоят муқаддасу масъулиятнок, яъне тарбияи фарзанди солеҳ ва дар тафаккури ӯ парваридани олитарин хислатҳои инсониро ба дӯш дорад. Ва месазад имрӯз бо ифтихори баланд аз ин минбари идона иброз намоем, ки зани тоҷик дар тули таърих ин вазифаи муқаддаси худро сарбаландона ва як навъ ифтихормандона ба ҷо овардааст.
Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувору пойдори худро пайдо кард. Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба кулли занони ҷумхурӣ, алалхусус, ба занони фаъолу фидокор беш аз пеш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин иброз доштаанд:
«Давлате, ки нисбат ба модар - ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Қобили қайд аст, ки дар қатори ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи тозабунёди мо занону духтарон низ ба кору фаъолият ва таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба таври дигар гӯем аз 38 нафар устодоне, ки дар донишгоҳ кору фаъолият доранд 9 нафарашон ё худ 24% занҳо мебошанд. Аз ин теъдод 3 нафар номзади илми тиб ва 3 нафар ҳамчун унвонҷӯй тадқиқоти имӣ мебаранд. Илова бар ин, аз ин теъдод 1 нафар дорандаи унвони давлатии Корманди Шоистаи Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамзамон 4 нафар дар мансабҳои масъулиятноки раёсати донишгоҳро бонувон ба зимма доранд, ки то имрӯз аз уҳдаи вазифаву ваколатҳои худ бо сари баланд баромада истодаанд.
Сипас барномаи фарҳангии омоданмудаи донишҷӯён пешкаши ҳозирин карда шуд, ки аз қироати шеърҳо дар васфи модар, саҳначаҳои тарбиявӣ, суруду рақс иборат буд. Махсусан, рақси зебое дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 5-уми факултети тиббӣ Қодирова Мафтуна, валс дар иҷрои гулдухтарон Султонова Гулшан, Фарзонаи Убайдуллозода, Шарипова Дилафрӯз ва Ҳомидов Хайём, Камолов Қадриддин, Алиев Юсуф, суруди «Алла» дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 4-уми факултети стоматологӣ Набиева Мунира, суруди «Модар» дар иҷрои донишҷӯйи гурӯҳи 8-уми педиатрӣ Раҷабов Наимҷон боиси фараҳмандии иштиркчиён гардид.
Муаллими калони кафедраи забонҳо натиҷаи озмуни беҳтарин иншон дар васфи модар ва рӯзномаҳои девориро эълон намуд. Аз рӯи натиҷаи озмуни иншои беҳтарин донишҷӯйи гурӯҳи 10-уми факултети тиббӣ Ҳабибова Зуҳал ва озмуни рӯзномаи беҳтарини деворӣ гурӯҳи 5-6-и факултети тиббӣ ғолибони озмун гаштанд.
Барандагии ин базми пуршукуҳро донишҷӯёни гурӯхи 4-уми факултети педиатрӣ Ганҷинаи Ализода ва Самадов Садамҷон ба уҳда доштанд.
Дар фарҷоми конференсия ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва аз Шӯрои занону духтарони донишгоҳ барои баргузории ҳамоиши мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Шӯрои занону духтарони ДДТХ
Рӯзи 8 март дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон зиёда аз 200 нафар донишҷӯписарон ва духтарони факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ҷамъ омада барои ҷашнгирии Рӯзи модарон, фарорасии фасли баҳор, зиндашавии табиат чорабинии фарҳангӣ дар тан либосхои милии атласу чакан оғоз намуданд. Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳиммат баландтарин шахси башарият аст. Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи ин боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои шоир чароғи равшани олами гуфтори мост:
Аз савту зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Дар ин чорабини як гурӯҳ донишҷӯён бо либосхои варзишӣ ба бозиҳои футбол , волейбол машғул шуда гурӯҳи дигари донишҷӯён ба пӯхтани хӯроки миллӣ аз аз қабили оши бурида ва шакароб машғул гашта гурӯҳи дигар бошад ба хондани суруду раќс сафарбар карда шуданд. Чорабинӣ бо як самимият ва низоми хуб гузаронида шуд. Дар рафти чорабини руҳи болидаи донишҷӯён хис карда мешуд.
Аё модар дилу ҷонам фидоят
Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят
Заминро саҷдагоҳ баҳри ту созам
Ки як бори дигар гирам дуоят.
Деканати факултаҳо