Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

Ҷашни фархунда муборак!

Муҳтарам Убайдулло Қурбон!

          Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва созмонҳои ҷамъиятии  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Шуморо ба рӯзи мавлудатон  аз самими дил табрику муборакбод мегӯянд.

           Боварии комил дорем, ки зери роҳбарии Шумо муассисаи олии касбии тиббие, ки имсол дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст дар муддати наздиктарин ба яке аз марказҳои бузурги илмию маърифатӣ табдил ёфта, макони тарбияи мутахассисони ояндаи соҳаи тандурустии кишварамон мегардад.

         Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо   хуррамию сарсабзӣ, рӯзгори неку файзбор ва сиҳатмандиву сарбаландиҳои пойдорро таманно менамоем. 

 Бо эҳтиром,
Шӯрои олимон ва созмонҳои ҷамъиятии ДДТХ

Ҷашни фархунда муборак!

 Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Абдуллоев  Ҷамолиддин  Абдуллоевич – ро ба муносибати ҷашни фархунда – 50 солагии зодрӯзашон самимона муборакбод менамоянд.  Шумо Ҷамолиддин Абдуллоевичи азиз дар ин умри бобаракати худ тавассути меҳнати бурдборона ва талошҳои пайвастаатон тавонистед, ба қуллаҳои баланди илми тибби муосири тоҷик қадамҳои устувор гузоред ва дар баробари фаъолияти пурсамари илмӣ ҳамчун устоди дӯстошта ва варзидаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар тарбияи як зумра мутахассисони ҷавони соҳа саҳмгирӣ намоед.  

      Боиси ифтихор аст, ки Шумо бештари умри азизи худро ба омӯзиш ва ҳаллу фасли мушкилоти яке аз соҳаҳои нозуки илми тиб - бемориҳои ҷарроҳӣ  сарф намудаед ва барои ин заҳматҳои зиёд ва роҳи пурпечутоберо паси сар гузоштед. Мо бештар аз он ифтихор дорем, ки баъди касби илм намудан Шумо тамоми қувваю неруи худро сарфи хизмати содиқона ба халқу Ватан намуда,  имрӯзҳо  ба сифати мудири кафедраи  бемориҳои ҷарроҳии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  фаъолият карда, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа  саҳми бузург гузошта, ҳамзамон дар таҳқиқи бисёр масъалаҳои бемориҳои ҷарроҳиталаб ҳиссаи сазовор гузоштаед.     

     Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу  беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ, хушбахтию некномиҳои зиёд орзу менамоем.

Бас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,

Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ,

Ба қалби сарди бемор  шӯълаҳо  афрӯхтӣ аз меҳр,

Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ!

                                                                                                                           

Бо эҳтиром, роҳбарияти ДДТХ

Ҷашни фархунда муборак!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Хушқадамов Зулмакон Қудратбекович – ро ба муносибати ҷашни фархунда – 50 солагии зодрӯзашон самимона  муборакбод   менамоянд. 

Шумо Зулмакон Қудратбековичи азиз тавассути меҳнати шабонарӯзӣ  ва талошҳои пайваста  тавонистед, ҷиҳати расидан ба  ҳадафҳои баланди илми тиб дар назди худ мақсадҳои нек гузоред.  Ва ин заҳматҳо  натиҷа дод, то ин ки дар ин айёми ҷавонӣ ба унвони баланди илмии доктори илми тиб шарафёб гардед.   

Мо бештар аз он ифтихор дорем, ки имрӯзҳо Шумо ба ҳайси    сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ оид ба масълаҳои тибби судӣ ва ҳамзамон дар вазифаи мудири кафедраи  Анатомияи патологӣ ва тибби судии  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  фаъолият карда, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа  саҳми бузург гузошта, ҳамзамон дар таҳқиқу баррассии  масоили мубрами самти  ихтиссосатон  ҳиссаи сазоворе дар назди Ватани маҳбубамон  гузошта истодаед.                  

Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи баланд ва рӯзгори ободу осуда таманно менамоем.  

Субҳ бубинам орази бишкуфтаро,

Бишкуфад ҳар орзуи рӯзи ман.

Чун бубинам чеҳраи болидаро,

Бор орад ҷустуҷӯи рӯзи ман.

 

Бо эҳтиром, роҳбарияти ДДТХ

Ҷашни фархунда муборак!

Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Амонулло Азизуллоевичи гиромиқадрро ба ифтихори ҷашни 65-солагиашон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, таманнои тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баландро доранд.
Шумо Амонулло Азизуллоевич дар тӯли умри пурбаракати хеш монанди офтоб нури гарму мунаввари худро бар сару рӯи фарзандони миллати тоҷик бедареғ нисор кардаву мекунед.
Мо дар таҷлили 65-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Умед дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, мардуми тоҷикро боз ҳам шодоби илму маърифат мегардонад.
Бори дигар, Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҷашни 65-солагӣ муборак, устоди азиз!

Бо эҳтироми самимӣ, раёсати ДДТХ

Page 13 of 14

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид