Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

ТАБРИКОТИ

Табрикоти ректори ДДТХ  д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, бахшида ба «Рӯзи Модарон»

       Устодони арҷманд,  шогирдони бениҳоят азиз,  ҳозирини  гиромӣ!

           Боиси ифтихор аст, ки ҳар сол мо баробари оғози баҳори хуҷастапай яке аз  ҷашнҳои  арзишманд ва зеботарини сол – «Рӯзи модарон»-ро  бо шукӯҳу шаҳомати  хосса таҷлил  менамоем.

        Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону  занон қарзи  фарзандӣ ва вазифаи ифтихории  ҳар як инсони соҳибхирад аст. Ин  рисолатро мо дар сурате адо  карда метавонем, ки ба қадри шири поки модарон,  меҳрубониву ғамхории самимии занон ва  хоҳарону духтарони худ бирасем.     

         Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву  конститутсионии  занон имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми тадбирҳои  зарурӣ ва имконпазирро  андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ,  ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал тадбиқ  менамояд. Зан-Модар дар фарҳанги  ҳар миллат чойгоҳи хос дорад. Имрӯз зан дар ҷомеаи  соҳибистиқлоли мо симоест, ки  таваҷҷӯҳи  ҳамагон ба ӯ равона шудааст.

        Дар ҳама маъракаҳои муҳиму сарнавиштсози даврони Истиқлолият занони  Тоҷикистон нақши созанда ва ибратбахш доштанд ва имрӯз ҳам доранд. Дар давраи  соҳибистиқлолӣ махсусан нақши занону духтарон дар риштаи маориф ва ҳифзи  тандурустии мардум бузург гаштааст ва ин беҳуда нест. Зани тоҷик табиатан  тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки   модарону хоҳарони азизи мо  рисолати хешро дар ин ду соҳаи муҳими иҷтимоӣ ҳамеша  сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гаштаанд.            

        Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳукукбунёд ва дунявū маҳз бо шарофати ҳамовозию дастгирии фаъолонаи занони Тоҷикистон мавқеи устувору пойдори худро пайдо кард.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон,  муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба кулли занони ҷумхурӣ, алалхусус, ба занони фаъолу фидокор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, чунин иброз доштаанд: «Давлате, ки нисбат ба модар - ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». 

         Боиси тазаккур аст, ки баробарии ҳуқукҳои занон ва мардон аз моддаи 17–уми  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон маншаъ мегирад.  Дар робита ба ин соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»  ба имзо расидааст, ки барои ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои давлатӣ боз ҳам бештар мусоидат намуд.     

       Санади дигаре, ки кафолати баробарҳуқуқиро дар ҷомеа ба танзим медарорад  ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» мебошад, ки он  1 марти соли 2005,   ба тасвиб расидааст ва имрӯзҳо мавриди амал қарор дорад.

       Барои татбиқ намудани ҳадафхои сиёсати ҳукумати кишвар соли 2006 Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 -2016» таҳия гашт, ки он барои ҷалб намудани занон ва духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарии давлатию ҷамъиятӣ заминаи мусоид гузошт.

         Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар байни  кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил яке аз аввалинҳо шуда,  Конвенсияҳои байналхалқӣ  «Дар бораи зӯроварӣ нисбат ба занон» ва «Дар бораи  ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро ба имзо расонидааст.

         Соли 2010 бошад ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» - ро  таҳия ва қабул намуд.  Соли 2015   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро қабул намуд, ки он боз як зуҳуроти ғамхории Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон мебошад. Илова бар ин, «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар ҶТ дар давраи то соли 2014», қабул гарида буд. Зарурияти қабули барномаи мазкур ба проблеммаҳое вобаста буданд, ки ба дигаргунисозиҳои иқтисодию иҷтимоии ҳаёти занон, таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон нигаронида шудаанд.         

      Имрӯзҳо бонувони Точикистон дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат фаъол мебошанд ва вазифаҳои хело пурмасъулро ба ӯҳда доранд.  

Хозирини гиромӣ!

           Ҷоиз ба қайд аст, ки  дар соли 2009  8-уми мартро Сарвари давлат «Рӯзи модарон» эълон намуданд ва иди Модар  тавъам бо фасли баҳор буда,  чеҳраи рангини замину замон, шукуфтани гулу лола,  резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон, гӯё ҳама пайку навид ва сари таъзим ба Модар аст ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи замон меоранд.

   Дар воқеъ, бар дӯши Модар рисолат ва масъулияти  муҳиме вогузор гардидааст: бузургтарин рисолати модари точик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст.

    Оре, агар мо ҷомеаи солим бунёд кардани бошем, бояд фарзанди солиму бомаърифатро ба камол расонем. Пойдевори ояндаи давлати моро танҳо ҷавонони солим, дорои ахлоқу фарҳанги воло гузошта  метавонанд. Ин вазифаро пеш ва беш аз ҳама Модарон тавассути тарбияи комил ва насиҳатҳои муқбил метавонанд ба сомон расонанд.

Дар охир шуморо – модарону хоҳарон ва фарзандони азиз, бори дигар ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон – Наврӯзи Аҷам, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осударо орзу менамоям.   

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

Кори дунё  ҳама дар пайравии кори зан аст.

Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашандд,

Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст.

Эй, ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,

Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.

Рӯз аз хандаи ӯ равшанӣ гирад то шом,

Моҳи шаб шӯълае аз дидаи бедори зан аст.

Осмонро  набувад он ҳама рафъат, ки варост,

Гулу  гулзори  замин як гули рухсори зан аст.

Бипазад  з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,

На ҳама марди харидор сазовори зан аст.

Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,

Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.

Сарбаланду тансиҳат бошед!

  Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии Хатлон  Шуморо ба ифтихори ҷашни 60 -солагиатон самимона табрик намуда,  ба Шумо тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ,  тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбӣ таманно доранд.

   Ҳамагон хуб медонанд, ки   Шумо дар соҳаи  таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдони бомаърифат тамоми донишу ҳастиатонро дареғ намедоред. Ин бошад Шуморо маҳбуби қалби ҳазорон шогирдон ва кормандони донишгоҳ гардондааст.   Шумо пас аз хатми Университети давлатии  Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолияти омӯзгории худро оғоз кардед. Аз соли 1993 дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ва аз 10-августи соли 2016 то кунун дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон     ба ҳайси сармутахассис оид ба назорати сифати таълим ва саромӯзгории кафедраи забонҳо адои вазифа намуда истодаед.

   Дар таҷлили ҷашни 60-солагии мавлудатон    умед  ба он дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави камолоти фаъолияти худ комёбиву мувафаққиятҳои бузургро ноил мегардед.

  Бори дигар, Шуморо ба ҷашни камолотатон табрику таҳният гуфта, бахту саодати оилавӣ ва муазаффариятҳои фаъолияти кориатонро аз самими қалб таманно менамоем. Бигузор ҳамеша чунин ширингуфтору абармард, масъулиятшиносу ҷойгузини қалби мо боқӣ монед.

                        Ҷашни 60-солагӣ муборак, устоди азиз!                                                              

Бо эҳтироми самимӣ:  Раёсати ДДТХ

Бустон Остоновнаи муҳтарама

     Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Шуморо ба муносибати ҷашни камолот – 70 солагии зодрӯзатон самимона муборакбод   менамоянд. Шумо дар ин умри бобаракати худ тавассути меҳнати бурдборона ва талошҳои пайвастаатон тавонистед, ба қуллаҳои баланди илми тибби муосири тоҷик қадамҳои устувор гузоред ва дар баробари фаъолияти пурсамари илмӣ ҳамчун устоди дӯстошта ва варзидаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар тарбияи як зумра мутахассисони ҷавони соҳа саҳмгирӣ намоед.

     Боиси ифтихор аст, ки Шумо бештари умри азизи худро ба омӯзиш ва ҳаллу фасли мушкилоти яке аз соҳаҳои нозуки илми тиб - фармакология сарф намудаед ва барои ин заҳматҳои зиёд ва роҳи пурпечутоберо паси сар гузоштед. Мо бештар аз он ифтихор дорем, ки баъди касби илм намудан Шумо тамоми қувваю неруи худро сарфи хизмати содиқона ба халқу Ватан намуда, имрӯзҳо ба сифати як фарди ташаккулёфта бо меҳнати содиқонаи худ, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа саҳми бузург гузоштаистодаед.

    Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ, хушбахтию некномиҳои зиёд орзу менамоем.

Бо эҳтиром, роҳбарияти ДДТХ

Иди касбии табибон муборак!

 Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон кулли кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳуриро бо фарорасии иди фархундаи касбӣ- "Рӯзи касбии кормандони тиб" сидқан табрику муборакбод менамояд.
     Орзуманди онем, ки фазои ободкорию созандагӣ дар кишвар барои боз ҳам беҳтар гаштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат шароиту имкониятҳои навро муҳайё сохта табибони ҷумҳурӣ дар амалӣ сохтани нақшаю барномаҳои муҳими давлатӣ оид ба солимгардонии ҷомеа саҳми боз ҳам бештар дошта бошанд.
     Ба ҳамаи Шумо ва аҳли хонадонатон умри дарозу бобаракат ва рӯзгори ободу осуда орзу мекунем.

Раёсати ДДТХ

Page 8 of 14
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид