Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

ҒОИБНАЗАР ШАРИФОВИЧИ ГИРОМИҚАДР!

    Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Шуморо ба ифтихори ҷашни 60-солагиатон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта,  ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд  ва барору комёбиҳо  таманно доранд.

     Мо дар таҷлили 60-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Шумо аз соли 2006 инҷониб дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бо ташкил шудани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бошад дар ин таълимгоҳи нави тиббӣ ба ҳайси сармуҳосиб адои вазифа намуда истодаед. Ҳамеша талош бар он доред, ки баҳри ҳалли масъалаҳои душвори иқтисодии донишгоҳ донишу таҷрибаи худро дареғ надоред.  

Ҷашни 60-солагӣ муборак, Ғоибназар Шарифовичи  азиз!

Раёсати донишгоҳ

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК, БИБИСОРО

    Рӯзҳои 21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология баргузор гардид.

     Аз фанни забону адабиёти тоҷик донишҷӯи гурӯҳи 1—уми тиббӣ Комилова Бибисоро ширкат намуд. Дар олимпиада намояндагони зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд, ки рақобат бо чунин рақибони пурзӯр албатта, аз ҳар як донишҷӯ амиқ донистани фанни марбутаро талаб менамуд. Ин аст, ки қалби Бибисороро як ҳаяҷону ларзиши сабӯке фаро гирифта бошад ҳам, бо ғайрату азми гурдофаридӣ ба иҷрои шарти асосии озмун- навиштани эссе дар мавзӯи “Истиқбол аз Истиқлол” шурӯъ намуд. То фаҳмидани натиҷаи кори хаттӣ  изтироби қалбаш паст намешуд, чунки рақибон арзанда ва аксаран аз факултетҳои филологии муассисаҳои таълимӣ буданд, аммо аз навиштаҳои хеш сахт боварӣ дошт. Ниҳоят натиҷаи тафтиши корҳои хаттиро эълон намудан. Се нафар – Саидова Матлуба аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Саидов Мирҳодоятулло аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Комилова Бибисоро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сазовори баҳои “аъло” шуданд.  Албатта, ин мувафақияти бузурге буд ва аз рӯи шартҳои иловагии озмун Бибисоро сазовори ҷойи дуюм гардид. Аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфт, зеро дар байни чунин рақибони пурзӯру арзанда сазовор гаштан ба ҷойи дуюм дар ҳақиқат ғолибияти наҷибе буд.

Аз номи кулли ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини донишгоҳ Бибисоро Комиловаро барои ғолияташ дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, дар таҳсилу зиндагии шахсияш барору комёбиҳоро таманно дорем. Ғолибият муборак, Бибисоро!

Кафедраи забонҳо

(Паёми табрикии ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба ҷашни Наврӯз)

Устодони арҷманд, ҳамкорони гиромӣ, шогирдони азиз!

Худро бисёр саодатманду сарафроз ва хушбахту фараҳманд меҳисобам, ки имрӯз бо тақозои вазифаи хидматӣ ва бо назардошти имкону фурсати дастдода ҳамаи Шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои хеле  ҳам қадимиву бостонӣ, зебо ва фархундаи миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалӣ маҷоли табрику таҳният гуфтан дорам.

Дар иртибот ба ин мавзӯъ, бояд ёдовар шуд, ки ҳама ҷашну маросимҳо, одобу русум, фарҳангу ойинҳои ҳар қавму миллат ва ҳар марзу бум, бидуни шакку тардид, рамзу намод ва ойинаи ҷилванамои таъриху тамаддуни ҳар миллату кишвар аст. Мазмуну маъние, ки дар ниҳоду пайкари ҳамаи ин русуму одот ва ойинҳо мавҷуданд, таҷассумгари андеша, маърифат ва дигар омилҳои ҳаёти иҷтимоии мардумони он ба шумор мераванд. Аз ҷашнҳои бостонии қаламрави забони форсӣ-тоҷикӣ ду ҷашн – Наврӯз ва Сада маҳбубтарин ҷашнҳост, ки аз дер боз то имрӯз пойдору барқарор мондааст. Ҳарчанд ба иллатҳои динву мазҳабӣ ва баъзе сабабҳои иҷтимоӣ таҷлилу баргузории ҷашни Сада дар миёни мардуми ориёитабор як андоза камранг шуд, аммо Наврӯз ҳамчунон босалобат ва устувор боқӣ монд. Наврӯз дар паҳлуи дигар боварҳои мардуми ориёӣ анбошта аз рамзу намодҳоест, ки дар сурату сиришти он усораи таъриху андешаи як миллати вораставу фарҳангӣ ҷилвагар аст. Ба таъбири дигар, таҷлили Наврӯз арзишмандтарину халлоқонатарин ҷашни баргузидаи мардумони ориёитабор, интихоби ҳушмандона ва гувоҳи равшане аз хиради волову созандаи онҳо ҷиҳати риояти адолату баробарии на танҳо инсонҳо, балки рӯзу шаб ва табиат, нав кардани сол ва ҳанафас кардани замони офоқӣ бо анфусӣ ва таърихиву носутӣ бо замони малакутиву лоҳутист. Бар ин мабно метавон бемуҳобо арза дошт, ки Наврӯз таҷаллигоҳи ваҳдати замин бо осмон, бахусус ваҳдати милливу фарҳангӣ ва ҳувияти ориёитаборон, дар паҳнаи таърихи башарият аст.

Агар ба таърихи таҷлили Наврӯз иҷмолан назар андозем, ошкор хоҳад шуд, ки ин ид ва ҷашни фархундаи миллӣ шабеҳи пири рӯзгордидаест ғуборолуди рӯзгорону асрҳои зиёд. Тибқи шаҳодати бархе муаррихон ва нишондоди «Авасто» дар аҳди бостон, яъне то давраи Ҳахоманишиён, мардуми ориёӣ солро ба ду фасл – баҳору тирамоҳ қисмат намуда, Наврӯзу Меҳргонро дар шумори суннатҳои муштараки ҳиндуэронӣ ба ҳайси фарорасии ин ду фасл чун ид таҷлил мекарданд. Нақшҳои мавҷуда дар деворҳои Тахти Ҷамшед аксаран ёдгориҳое ҳастанд, ки ойини Наврӯзу Меҳргонро ойинадорӣ мекунанд ва мантиқан аз онҳо метавон ин ду ойинро ба рӯзгори кӯчнишинӣ, дар оғози баҳору тобистон ва  якҷонишинӣ, дар оғози тирамоҳу зимистон, барои сокинони ин сарзамин рабт дод.

Бо вуҷуди он ки роҷеъ ба исботу ибтоли масъалаи мавриди назар далелу аснод ва шавоҳиди мактубӣ, ки дақиқан ва бо ҷузъиёти Наврӯзу Меҳргон ва маносики онҳо дар рӯзгори Ҳахоманишиён ривоят кунад, дар дастрас қарор надорад, аммо мутолиоти бостоншиносӣ, бахусус пажӯҳишоти дар ин замина анҷомдодаи  муҳаққиқи муосири эронӣ - Қариби Бадруззамон, собит месозанд, ки бархе тасвиру сангнавиштаҳо бар девораҳои Тахти Ҷамшед ёдгории ҷулуси Дориюш бар тахти подшоҳӣ дар рӯзи Наврӯз ва ҳамин мавзеъ ҷойгоҳи баргузории маросими Наврӯзу Меҳргон дар он рӯзгор қаламдод шудааст. Бо дарназардошти ин тахмин, Наврӯз дар рӯзгори Ҳахоманишиён фаротару арзишмандтар аз дигар ойини қавмӣ, ба русуму одоти ҳувиятбахш ва ваҳдатофарини императорӣ табдил шудааст.

Баъд аз фурӯпошии Сосониён ва ғалабаи аъроб бар сарзамини Аҷам шукӯҳу азамати ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон то андозае камранг гардида, моҳияти худро тадриҷан аз даст доданд, зеро арабҳо аксар анъаноти миллиро қасдан ба расмият намешинохтанд. Сарфи назар аз ҳамаи инҳо, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба монанди забону миллати ориёӣ куллан ба дасти фаромӯшӣ супурда нашуд.

Баробари зуҳури ислом эронитаборон ҷиҳати зинда нигоҳ доштани одоту русум ва суннати аҷдодӣ кӯшиш ба харҷ доданд, то анъанаҳои куҳани миллии хешро дар чаҳорчӯби ойинҳои исломӣ ҷой диҳанд ва барои дерпойӣ ба онҳо рангу бӯи мазҳабӣ диҳанд. Дар ибтидои ислом тасмиму мавзеъгирии мушаххасе роҷеъ ба Наврӯз сурат набаста буд, вале шурӯъ аз асри ёздаҳум ба баъд Наврӯз дар фарҳанги баъзе мазҳабҳои ислом матраҳ шуда, мувофиқону мухолифони он ба таълифу фароҳамоварии ҳадисҳое, ки моҳиятан бар мабнои пазириш ё ради Наврӯз бошад, саъй карданд.

Дар ин бора Абӯрайҳон Берунӣ бо нақли қавл аз Абдуссамад бинни Алӣ дар ривояте, ки ба ҷадди худ  Ибни Аббос  онро мерасонад, нақл мекунад, ки «дар Наврӯз ҷоме симин пур аз ҳалво барои пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он ҳазрат пурсид: - Ин чист? - Гуфтанд: - Имрӯз Наврӯз аст. Пурсид: - Наврӯз чист? Гуфтанд: - Иди бузурги эрониён аст. Фармуд: - Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард. Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: Аскара ҳазорон марде буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон гуфт бимиред ва мурданд. Сипас ононро зинда кард ва абрҳоро фармуд, ки ба онон биборанд. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуда. Сипас аз он ҳалво тановул кард» (Абӯрайҳон Берунӣ. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Донишсиришт. – Теҳрон, 1360 – С. 556).

Роҷеъ ба таҷлилу баргузории ҷашни Наврӯз, аз аҳди ислом то имрӯз, қиссаву ривоёти зиёдеро метавон барчиду пешкаш кард, вале ҳадафи мо дар ин ҷойгоҳ пажӯҳиши масъалаи мазкур ба таври фарогир набуда, балки чашмандозе ба масири таърихии ҷашни мазкур буд, ки мухтасаран баррасӣ гардид.

Аз он чи, ки иҷмолан арзёбӣ гардид, маълум мегардад, ки дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин,  арзишҳои зебоишинохтӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои  ниёгон мебошад.

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Боиси хушнудист, ки дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»  ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон,  Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.

Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Бинобар ин, моро ҳам фарз ва ҳам суннат аст, ки Наврӯзро гиромӣ дорем, онро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намоем ва ҳамон гунае, ки онро аз ниёгони хеш ба ирс гирифтаем, ба вай мазмуну маънии тозаву замонавӣ бахшида, ба ояндагон ба мерос гузорем.

Ҳамкасбони арҷманд ва шогирдони азиз!

Бо истифода аз фурсати бисёр ҳам сурурангезу муносиб ҳамаи Шуморо ба фарорасии ҷашни хуҷистаи Наврӯзи дилафрӯз самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, ба Шумо, пеш аз ҳама, тандурустӣ, болидахотирӣ, саодатмандӣ, рӯзгори хуш, хониши аъло ва дар корҳои имрӯзиву ояндаатон барору муваффақият хоҳонам. Бигузор ҳар рӯзатон чун имрӯз Наврӯз ва Наврӯзатон пирӯз бошад!

  Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Умринисо Юсуфовнаи гиромиқадрро ба ифтихори ҷашни 77-солагиашон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, таманнои тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баландро доранд.
          Шумо Умринисо Юсуфовнаи азиз дар тӯли умри пурбаракати хеш монанди офтоб нури гарму мунаввари худро бар сару рӯи фарзандони миллати тоҷик бедареғ нисор кардаву мекунед.
    Мо дар таҷлили 77-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Умед дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, мардуми тоҷикро боз ҳам шодоби илму маърифат мегардонад.
Бори дигар, Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҷашни 77-солагӣ муборак, устоди азиз!

Бо эҳтироми самимӣ, раёсати ДДТХ

Page 11 of 14

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид