Табрикот
Салом! Ай модари бузургворам. Имрӯз бори чандум аст, ки хома ба даст мегирам, то ин ки васфат намоям. Аммо сад афсӯс, ки ҳарфе намеёбам ва дар назди бузургиат оҷизу нотавонам.
Оҳ модарам! Аҷоиб мӯъҷизае ҳастӣ ту! Ҳарчанд мекӯшам, вале на тасавир карда метавонаму на тасаввурт. Ҳар лаҳзае, ки номатро ба забон меорам, тамоми вуҷудам меларзад, забонам лол мегардад ва нафас дар гулӯям мепечад, ту бароям зебо ва яктоӣ, бароям ганҷи пурқиммат ва арзандаи, ту беҳамтоӣ – эй модар.
Ҳар як каломат дилнавозу ширин аст. Ба тамоми инсонҳо рӯҳу равони тоза мебахшад. Танҳо алфозу гуфторат дилнопазир аст. Танҳо ту метавонӣ сари гаҳвораи фарзандат бедор нишинӣ ва бо дидаи бехоб аллаи пурмеҳру пурсеҳр бихонӣ. Аллаат гуворо ба гӯш мерасад. Танини садоят ба фазо мепечад ва ба як навои дилнишин мубаддал мегардад.
Садою навоят ҳамаро мафтуну ҳайратзода кардааст. Агар тамоми умр ситоишат созам мисли чакраест, ки дар назди ин ҳама меҳрубониву навозишҳоят оҷиз аст.
Якпора гӯштро дар батнат нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз нигоҳдорӣ ва муҳофизат мекунӣ. Ҳангоми нишастан, анҷом додани корҳои хона эҳтиёт мекунӣ. Фарзандатро бо як азобу машаққат ба дунё меорӣ ва барои тарбияи ӯ шабҳои дароз бедорхобӣ кашида оромаш мекунӣ ва дидаи пурмеҳратро ба рӯяш медӯзӣ.
Модари баҳиштиям, фарзандат аввалин сухани ширинро аз забони ту мешунавад ва гаҳе ки бо лаҳни ширини тифлонааш калимаи «модар»-ро ба забон меорад, ту дубора рӯҳи тоза мегирӣ ва қалби бузургатро нишоту шодии тасвирнопазир лабрез менамояд. Намегузорӣ ба пои мо фарзандонат хоре халад ва дили нозуки вай аз чизе озор ёбад.
Дар ҳақиқат ганҷи пурқиммат ва волотар зи ҷонӣ – эй модар.
Модарҷонам! Доимо дар қалби худ орзуҳои нуҳуфтаеро нисбати фарзанди ҷигарбандат дорӣ. Чун фарзандат ба воя расид, мехоҳӣ хонадораш кунӣ. Барои писарат ҷомаи домодӣ медӯзию, бароии духтарат либоси арӯси. Онҳоро хушбахту хонаобод дидан мехоҳӣ.
Чаро хаста намешавӣ модар? Чаро? Чаро боре ҳам ба сари тифле, ки нимаи шаб туро аз ширинии хоб бедор месозад, садоятро баланд намекунӣ? Чӣ тавр ба ин ҳама ранҷ тоқат мекунӣ?
Чун хандаи гул зебост
Лабханди лабат модар
Бар ҳар ду ҷаҳон арзад
Як ранҷи шабҳои модар.
Ту меҳмонро дӯст медорӣ – модарҷон. Зеро худ низ меҳмонӣ ва рӯзе аҷал бо эҳтиёту эҳтироми хоса туро аз мо дур мекунад ва ту тарки мо мекунӣ. Ба дили ҳар яки мо ғаму андӯҳ ҷо мегирад. Дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрону нолон мемонем. Бе ту зиндагӣ душвор ва хастакунанда мегардадт. Аз ин рӯ ҳастии мо ва қандили фурӯзони ҳар як хонадонӣ …
Бо меҳру муҳаббат ту калонам кардӣ
Дар ҷодаи зиндагӣ равонам кардӣ
Дарси адабам додиву гуфти пандам
Ту ҳарфи накӯ ҷо бар забонам кардӣ
Зиндагӣ қомататро хаму рӯятро пур зи ожанг кардааст. Ин ожангҳоро дигарон мебинанд, аммо фарзандон на, чунки дар ҳар як ожанг фариштае нишастааст ва онро молиш медиҳад. То ин ки дар зебогии Шумо костагие пайдо нашавад. Зебоӣ, модари ҷонам. Хастагӣ дар чашму рӯйат ҳаст, аммо ба ҳамаи ин ту боз ҷасурӣ – модарҷон.
Дар ҷанги хонумонсӯз далерона қадам мондӣ, аз чизе наҳаросидӣ, аз чизе нагурехтӣ. Фарзандонатро мисли ӯкоби далеру ҷасуре зери қанот гирифтӣ ва ояндаи неку дурахшонро аз фариштаҳои осмоният таманно намудӣ. Модарони зиёдеро доғи фарзанд ва даҳшати ҷанги хонумонсӯз ба ҷоҳи яъсу ноумедӣ меандохт, аммо ту ҳамдарди доғу алами онҳо будӣ. Ба ин ҳама сахтиҳо дили ҷавон ва лаби хандон дорӣ – ай модари биҳиштиям.
Ту болотар аз тамоми мавҷудоти оламӣ. Ҳатто аз офтоб пурсидаанд. Аз ту гармтар чист? Гуфт: Меҳри модар. Аз кӯҳ пурсиданд: Аз ту баландтар чист? Гуфт: Қадри модар. Аз баҳр пурсиданд: Аз ту калонтару бузургтар чист? Гуфт: Қалби модар
Модоме ки Худованд аз ҳамаи инҳо туро болотар офаридааст, пас ту фариштаӣ, бале фариштаи ҳақиқии заминӣ.
Аё модар дилу ҷонам фидоят
Ҳамехоҳам бибӯсам хоки поят
Заминро саҷдагоҳ баҳри ту созам
Ки як бори дигар гирам дуоят.
Модар ҷон ин ҳама қудратро ба ту кӣ дод? Худованд? Албатта, Худованд медиҳад!
Зиҳӣ он Худованде, ки туро офарид! Вақте ки чунин қудрати бузургро соҳиб ҳастӣ, пас чӣ гуна метавонам ба он чашмоне, ки саршори меҳру муҳаббатанд, ба лабоне, ки доимо моили табассуманд, аллаи ширину дилнавозро ба гӯшам гуфтанд, ба чеҳрае, ки саршори нури илоҳист, ба чашми бад нигарам. Агар чунин кунам, чашмам кӯр бод!
Пеши поят сари таъзим фуруд меорам, фариштаи бузурги ҳаётам, модари азизу марҳами ҷонам!
Ин таронаро шабе навиштам, ки ҳамаи суолҳоямро ба модарам додам ва аз ӯ танҳо як посух гирифтам, ки гуфт: «Ман барои шумо фарзандонам заҳмат мекашам ва шумоён субҳи ҷовидонии ман ҳастед».
Эй модари ҷон садқа шавам нони туро
Ҳам сурфаю, ҳам мухпару чагдони туро
Ҳам гушнаю ҳам ташна дар мулки ғариб
Эй, модари ҷон, ёд кунам дастархони туро.
Ман модари азизи худ ва тамоми модарони оламро бо фарорасии «Иди модарон» сидқан шодбош гуфта, барояшон умри дарози пурбаракат орзумандам. Ҳамеша хушбахт ва дар паноҳи офаридгор тансиҳату сарбаланд бошанд.
Ганҷинаи Ализода – донишҷӯи гурӯҳи 4-и факултети педиатрӣ
Ҳабибова Зуҳал – донишҷӯи гурӯҳи 10-и факултети тиббии ДДТХ
Ҳар гоҳ, ки номат ба забон меояд,
Дар ҷисми қалам дубора ҷон меояд.
Чун васфи туро сар кунам аз дил ба забон,
Чун оби равон шеъри равон меояд.
Модарҷон, имрӯзҳо зи ту дураму пазмонат гаштаам. Баҳри таскини дили хеш дар ин авроқи безабон таронаеро баҳрат нигоштан мехоҳам. Бо кадомин суханон васфат созам, ки беҳтарин суханҳоро гуфтаанд.
Модар бо офтоб ё бо моҳ, бо обу ҳаво, бо замин ва ё само. Ба ҷон баробарат месозам, на ту аз он ҳама болотарӣ. Бе ту ҳастии дунё маъное надорад.
Олитарин ҳадяи Худованд туӣ-модар! Зиндагӣ зи ту сарчашма мегирад, олиҳаи ҳастӣ, ки ба мо ҳаёт бахшидӣ. Ба ҷон баробар дӯстат медорам, модарҷон! Дар раҳи сафар ба сӯи фатҳи ќуллаҳои дониш бо дастони нозуку пурсаховати худ дуоям додиву ашк рехтӣ. Ашк рӯи рухсораат мешорид. Ашк марезон, модарҷон, ки тоқати дидани дидаи гирёнатро надорам. Дили ту ганҷи меҳру вафост, ки баҳри мо фарзандон онро арзонӣ медорӣ. Ба номат саҷда меорам, модар, ки номат мисоли ту бузург аст: дил, аҳд, раҳм. Худовандо, бигузор ашки модаронро ҳаргиз касе набинад. Он ҳама ғаму ҳасратро зи онҳо дур бисоз, дуоямро мустаҷоб бигардон!
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд, аз аллаҳои модар.
Модар барои ҳар як инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро ба модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд.
Хоки қадамат ба дида молам, модар,
Додӣ ту ба ҷон шири ҳалолам, модар.
Ҳастанд ягон-ягон, ки хорат созанд,
З-ин тоифа бисёр малолам, модар.
Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст-барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Чун зан-модар худ гул аст, ҳар ҷое қадам мениҳад, онҷо гулу гулзор мешавад.
Модари ҷон хоки поят мешавам,
Чун бароят ҷонфидоят мешавам.
Ин дили ман зор-зори ту бувад,
Чун ки то ҳастам, фидоят мешавам.
Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Ҳатто, дар рӯзҳоре, ки ба мӯйҳои фарзанд сафедӣ афтода бошад. Маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, одоби ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгорро моро зеб медиҳад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост. Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.
Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, борон аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад.
Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи зан-модар нуҳуфтааст. Беҳуда нагуфтаанд: “Модар бо як даст гаҳвораи мо ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад.” Дар васфи модарон чӣ қадар шеъру таронаву суруд бихонем, бинависем ин кам аст, чунки олиҳаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти рӯи замин ин зан-модар аст.
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар...
Агар дили пурмеҳри модару дасти табаруккаш набошад, зиндагӣ бе рӯҳу беранг хоҳад гашт ва мардон хому носуфта хоҳанд гашт. Зеро дар паҳлӯи модар будан соҳибдавлат будан аст.
Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад, зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва офарандаи фарзанд мебошад. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст, Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад, Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро ба файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.
Дили модар чу дарёи равон аст,
Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.
Сано бодо Муҳаммадро, ки гуфтаст,
“Биҳишт зери қудуми модарон аст”.
Аз ин лиҳоз мо вуҷуди муқаддаси аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузи эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад. Аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ-ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият, мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъияти торафт афзоиш меёбад. Онҳо дар рушду пешрафти самтҳои ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта, истодаанд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо назардошти бахши хусусӣ беш аз 1 млн занону духтарон фаъолият доранд, ки нишондиҳанда 45%-ро шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад. Қисми зиёди кормандони соҳаҳои маорифу тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Умуман дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 ҳазор нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 ҳазор нафарашон занон мебошад. Дар соҳаи маориф бошад, 52 ҳазор нафари омӯзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз ҳазор нафар занони донишманд ва бамаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд.
Занро зиннати хона, устоди атфол ва муаллими наслҳо мегӯянд. Воқеъан ҳам агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат сариштакору озода бошад, худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷӯиҳо баҳри маърифатнокии бонувон чӣ ислоҳоту таҳаввулоте ба миён овардааст.
Замину осмони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар.
Ҳамду сано ба зан модар, ки муҳаббати у интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои уст. Ба оғози эҳёи табиат фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳори ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад. Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндаги ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташабусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.
Алла мехонди ту шабҳои дароз,
Бар сари гавҳораи пурнози ман,
Роҳатам буд аз шаби бехобиат,
Модаро бишнав кунун овози ман.
Иди зебоятон мубораку хуҷастапай бошад модарони азизу меҳрубон!
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо камоли эҳтиром ва ифтихори бепоён Шуморо ба муносибати ҷашни фархунда ва камолоти 65-солагии зодрӯзатон самимона муборакбод менамоянд. Шумо дар ин умри бобаракати худ чандин маротиба аз имтиҳонҳои сахти зиндагӣ бо сари баланд гузашта, тавассути меҳнати ҳалол ва талошҳои пайвастаатон тавонистаед, ки ба қуллаҳои баланди илми тибби муосири тоҷик қадамҳои устувор гузоред ва дар баробари фаъолияти пурсамари илмӣ ҳамчун устоди варзидаи ҳазорон толибилмони соҳаи тандурустии мамалакат дар тарбияи ин мутахассисони ҷавони соҳа саҳмгирӣ намоед.
Боиси ифтихор аст, ки Шумо бештари умри азизи худро ба омӯзиш ва ҳаллу фасли мушкилоти яке аз соҳаҳои нозуки илми тиб - саратоншиносӣ сарф намудаед ва барои ин заҳматҳои зиёд ва роҳи дарози пурпечутоберо паси сар гузоштаед. Барои нозукиҳои ин соҳаи дардноки ҷомеаро аз худ намудан бо бузургтарин марказҳои саратоншиносии ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар мавзӯҳои «Меланомаи роҳи мақъад» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Саратони пӯст. Клиника, ташхис, муолиҷа» рисолаи докториро бо муваффақият дифоъ намуда, соли 2002 ба унвони баланди илмии доктори илми тиб шарафёб гаштаед.
Дар баробари касби илм намудан Шумо тамоми қувваю неруи худро сарфи хизмати содиқона ба халқу Ватан намуда, тӯли солҳои зиёд ба ҳайси мудири шуъбаи ҷарроҳии Диспансери ҷумҳуриявии онкологӣ, муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон саронкологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, сардори Раёсати тандурустии ш. Душанбе пурсамар фаъолият намудаед.
Мо аз он ифтихор дорем, ки дар давраҳои мушкили барқарорсозии пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкамсозии риштаҳои гуногун аз ҷумла, соҳаи иҷтимоиёти давлати тозаистиқлоламон Шумо ҳамчун яке аз сиёсатмадорони таърихи нави тоҷикон пайваста бо ҳаракатҳои созандаву бунёдкоронаи худ, бо ибрати шахсӣ, ташаббускорӣ ва дарки баланди масъулиятшиносӣ ҳамчун яке аз вакилони фаъоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми назаррас гузоштаед.
Устоди азиз, Ҷумъабой Раҳматович,
Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ, хушбахтию некномиҳои зиёд орзу менамоем.
Бо эҳтиром, Раёсати ДДТХ
Нутқи табрикотии ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон
ба муносибати фарорасии Соли нави 2017
Устодони гиромиқадр, донишҷӯёни азиз!
Фарорасии соли нави мелодии 2017-ро ба ҳамаи Шумо аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон бахту иқболи баланд, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳои минбаъдаи кору таҳсилро таманно менамоям.
Соли сипаришуда, дар ҳақиқат ҳам, дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Зеро дар ин сол мардуми кишвар 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро дар фазои орому осоишта бо шукӯҳу шаҳомати бузург ҷашн гирифтанд. Ба истиқболи ин санаи таърихӣ дар саросари ҷумҳурӣ корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба иҷро расонда шуданд, ки ҳамаи он ба гул - гулшукуфии ояндаи ватани азизамон ва беҳтаршавии некӯаҳволии мардуми он нигаронида шудааст. Бори аввал дар ин сол мардуми кишвар бо ифтихору сарбаландӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, бори дигар муттаҳидию сарҷамъии хешро дар атрофии Пешвои муаззами миллат намоиш доданд.
Соли 2016 барои мову Шумо боз аз он хотир фаромӯшнашаванда мемонад, ки маҳз дар ҳамин сол бо иқдоми Сарвари давлат Донишгоҳи азизамон, ки дар ҷумҳурӣ дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ маҳсуб меёбад, таъсис ёфта, онро метавон яке аз воқеаҳои муҳимтарин ва фараҳбахши ҳаёти илмию фарҳангии мардуми кишвар дар соли гузашта ҳисобид. Ва ҳар яки Шумо имрӯз дар ҳақиқат метавонед ифтихор намоед, ки шарафи аввалин донишҷӯи ин даргоҳи олии тиббӣ гаштан маҳз насиби Шумо- собиқ довталабони соли 2016 гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки таъсис ва бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон идомаи сиёсати хирадмандонаест, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ гардондани талаботи ҷомеа, рушду густариш бахшидани соҳаи тандурустии кишвар, беҳтар гардондани ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва омода намудани мутахассисони дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазири соҳаи тиб роҳандозӣ гардид. Корҳои дар ин давраи хеле кӯтоҳ анҷомдодашударо таҳлилу баррасӣ намуда, метавон бо боварӣ иброз дошт, дар давоми ин чанд моҳи бисёр ҳам серташвиш ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамари муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ аллакай қадамҳои устувору пурумед гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки оғози фаъолияти ДДТХ расман ба 4 – уми марти соли 2016 рост омад. Шурӯъ аз ин рӯз бо тасмими ректори муассиса раёсати муваққатии донишгоҳ, дар ҳайати 11 нафар, ташкил шуд. Вазифаи аввалиндараҷаи раёсати мазкур, пеш аз ҳама, корҳои ташкилии донишгоҳ, коркард ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меёрии ҳуқуқӣ, таъмини пурраи шаффофияти маъракаи аввалини қабули довталабон, инчунин таъмини босифати раванди таълим ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ буд, ки дар маҷмӯъ ин ҳайат рисолати хешро муваффақонаву сарбаландона ба иҷро расонид.
Дар ин марҳила дар назди раёсати навтаъсис ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои ҳукумат инак, корҳои муҳими дигаре меистод. Вобаста ба маблағгузории фаъолияти донишгоҳ, раёсатро зарур буд, ки дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва бастҳои корӣ сохторҳои муҳиму аввалиндараҷа ва мутахассисони варзидаро барои ба фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ оғоз бахшидан, ҷалб намояд. Илова бар ин, барои оғоз намудани корҳои таъмирии биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ – техникӣ ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин масад дар донишгоҳ бо қарори Раёсати ДДТХ ва фармоиши ректори ДДТХ шуъбаи таълим, деканати факултетҳо (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлилу назорат, маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, ташкилоҳои ҷамъиятӣ - Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ таъсис дода шуданд.
Дар асоси қарори Раёсати донишгоҳ аз 07 –уми апрели соли 2016, таҳти № 03, рамзи донишгоҳ тасдиқ ёфта, дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо кӯмаку дастгириҳои муассисаи таълимии мактаби Президентӣ дар н. Данғара ва устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имтиҳоноти нахустини дохилшавии довталабонро, ки рӯзҳои 02 –юми май ва 07 – уми майи соли ҷорӣ муайян гардида буд, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намуд, ки дар натиҷа 353 довталаби беҳтарин ба курси аввал қабул гардиданд.
Лозим ба қайд аст, ки сатҳу сифати дарсгузаронӣ ва хондани лексияҳо аз ҷониби омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯ буда, ҳамзамон сифати дарсазхудкунии донишҷӯён, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо, риояи иҷроиши барномаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Новобаста аз норасоиҳои маводҳои таълимӣ, воситаҳои айёнӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ омӯзгорони кафедраҳо машғулиятҳои амалию лексиониро дар сатҳи хуб ба роҳ мондаанд. Чунончи, аз рӯи натиҷаи дарсҳои ҷамъбастӣ дар давоми се моҳи таҳсил маълум мегардад, ки сифати таълим аз рӯи ҳамаи фанҳо аз 57% то 78% буда, давомот ба дарсҳо бошад аз 98% то 100% -ро ташкил медиҳад.
Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии макотиби олӣ, ин таъмини маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Айни ҳол фонди умумии китобхона наздик ба 12 ҳазор мерасад, ки дар шароити имрӯза мувофиқ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки моҳи августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар баробари кушодашавии як қатор корҳонаҳои саноатӣ ва маҷмааи варзишӣ дар минтақаи барои сохтмони иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудогашта, нома ба наслҳои оянда ва санги асоси ин махзани илму маърифатро гузоштанд. Дар ин маросими таърихӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ муташаккилона ва бо ҳисси ватандӯстӣ ширкат варзиданд.
Раёсати донишгоҳ барои беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии кафедраҳо, толорҳои лексионӣ ва синфхонаҳо бо лавозимоту таҷҳизоти таълимӣ ва маводҳои лабораторию аёнӣ, дар доираи имкониятҳои молиявӣ худ чораҳо андешида, вале мутаасифона, барои таъмини пурраи шароити мусоид, имконият пайдо карда натавонист. Новобаста аз ин, барои оғоз гаштани соли таҳсил раёсати донишгоҳ тавонист, ки ба таври миннималӣ шароити аввалиндараҷаро дар кафедраҳо, ҷиҳати таълиму тадриси донишҷӯён бо кӯмаку дастгириҳои раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Вазоратҳои маорифу тандурустӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Данғра ва дигар шахсони воқеӣ таъмин намояд. Бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории самимии роҳбарияти донишгоҳро ба муассисаҳои мазкур ва шахсони хайрхоҳ иброз менамоям.
Дар маҷмуъ, метавон қайд намуд, ки раёсати донишгоҳ дар марҳилаи таъсис додани донишгоҳ ва ба роҳ мондани фаъолияти пурраи он дар муҳлатҳои муқарраргардида, тамоми чорабиниҳо ва корҳоро бо муваффақият ба сомон расонид.
Устодон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, ки дар он натиҷаҳои соли гузашта ҳаматарафа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаи кору амал барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар соли навин ба таври мушаххас муайян гаштааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар назди мо устодону донишҷӯён низ баҳри муваффақ гаштан ба дастовардҳои нав ба нави кору таҳсил вазифаҳои басо муҳим пеш гузоштааст.
Боварӣ дорам, ки соли нави 2017 барои мардуми соҳибтамаддуни кишвари мо оғози марҳилаи нави корҳои бунёдкорию созандагӣ гашта, устодону донишҷӯёни донишгоҳи тиббии мо ҳам дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҷиҳати омодасозии мутахассисон пайваста чораҳо андешида, барои фаъолияти бемайлони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба таври самарабахш истифода хоҳанд бурд.
Соли наватон муборак, устодон ва донишҷӯёни азиз!