Табрикот
Бо камоли эҳтиром ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кули кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ бо гармтарин таманниёт ва хуштарин шодбошиҳо табрику таҳният гуфта, рӯзгори пурфайз, хотири шод ва сарбаландиву хонаободиро барои ҳар яки шумо таманно дорам.
Мо имрӯз дар арафаи гусел намудани ин соли пурфайзу хотирмон бо умеду орзуҳои хуштарине соли 2018-умро истиқбол мегирем. Ва бовариамон комиласт, ки соли нав бо файзу баракати худ соли пур аз дастовардҳо ва комёбиҳои беназир хоҳад буд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки чанд рӯз пеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар он сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан инъикос ёфт. Бояд қайд намоям, ки Пешвои миллат дар паёми худ сараввал аз вазъияти ноустувори сиёсии ҷаҳон сухан намуда, доир ба печидашудан ва хеле нозуку хатарнок гаштани равандҳои сиёсӣ сухан намуданд. Бо мақсади таъмини амнияти устувор ва ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гунна хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои даврони ҷаҳонишавии кишварҳо, Ҷаноби олӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои васеъ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои шарик, муайян намуданд, ки ин сиёсат лоиқ ба дастгирӣ мебошад. Ҳамзамон, дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ рушди соҳаи иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғ.) ва фароҳаам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди бахшҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг торафт зиёд мекунад. Дар ин замина, аз ҷониби Сарвари давлат маъсус таъкид карда шуд, ки бо мақсади банд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиши илмҳои муосир аз ҷониби сохторҳои марбутаи ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешидашуда, ҳамзамон доир ба худшиносии миллӣ, масъалаҳои ватандӯстию ифтихори ватандорӣ аз ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар даъват намудан, ки корҳои тарбиявиро тақвият диҳанд.
Бояд гуфт, ки сарвари давлат доир ба дурнамои масоили иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон то соли 2020 ибрози ақида намуда, оид ба давра ба давра ва боз ҳам суръат бахшидани иқтисодиёти миллӣ ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатиро вазифадор намуданд.
Шоистаи зикр аст, ки Президенти ҷумҳурӣ рушди бахши иқтисодӣ -иҷтимоӣ ва фароҳаам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум, ки яке аз ҳадафои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад, соли 2018 –ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҷумҳурӣ эълон намуданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳар соли сипаригашта аз худ нақше мегузорад ва ҳар соли нав бо худ умеду ормонҳои нав меорад. Соли 2017-ум бо бисёр руйдодҳои фараҳбахш дар қалбамон нақш баст ва барои аҳли донишгоҳи мо як қатор тӯҳфаҳои арзандаро арзонӣ дошт. Ба муваффақиятҳое соҳиб гашт, ки бо вуҷуди ҳамагӣ ду сол доштани донишгоҳ нуфузи ӯро дар сатҳи ҷумҳурӣ баланд бардошт. Ин албатта мояи ифтихори якояки мо мебошад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҳар як баромаду вохӯриҳояшон ба соҳаи маориф диққати махсус дода, онро самти афзалиятнок мешуморанд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ҷавон дастуру супоришҳои саривақтӣ медиҳанд. Сарвари мамлакат дар яке аз баромадҳояшон таъкид дошта буданд, ки: «…Мо бояд тақдири фарзандонамонро, ки ҳанӯз чун ниҳоли нозук ҳастанд, ба дасти устодони доно, бозаковат, ботаҷриба, бофазилату бофарҳанг супорем, то ки ҷавонон дар оянда мустақилона ва ӯҳдабароёна, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ватандорӣ давлати худро идора карда тавонанд». Маҳз ин нукта барои донишгоҳи мо ва умуман донишгоҳҳо ҳаргиз кӯҳнашавӣ надорад. Балки он ҷавҳари барномаи таълимии ҳар як устод, аз омӯзгори қаторӣ сар карда, то доктори илм бояд қарор дошта бошад. Чаро ки пешравии давлату миллатро бе кадрҳои баландпояи худӣ, дар кадом соҳаи коре, ки набошад, тасаввур кардан аз имкон берун аст. Ва ин аст рисолати донишгоҳ, рисолати мову шумо омузгорони арҷманд. Вазифаи аввалиндараҷаи донишгоҳ пеш аз ҳама беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад, зеро рушду такомул ва комёбиҳои минбаъдаи донишгоҳ аз он сарчашма мегирад. Донишгоҳ дар ин самт саъю кушиши пайваста намуда, дар соли 2017-ум ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Далели ин гуфтаҳо беҳтар гаштани вазъи заминаи моддӣ-техникӣ, афзудани имкониятҳои молиявии донишгоҳ ва ҳамзамон баланд шудани сатҳи дарсазхуднамоии донишҷӯён мебошад. Дар соли 2017 шумораи донишҷӯёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда зиёда аз 60 дар сади теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад
Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим пеш аз ҳама ба донишу малака, маҳорату истеъдоди мутахассисон ва омӯзгорони дорои дараҷаи илмидошта вобастагӣ дорад. Дар ин самт низ дар давоми зиёда аз яку ним сол донишгоҳ мунтазам рӯ ба рушд ниҳода, ба ҳолати имрӯза дараҷанокии илмии ҳайати профессорону омӯзгорон наздики 30 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар давраи ду соли фаъолияти донишгоҳи навтаъсис мувофиқ ба меъёрҳои стандарт барои муассисаҳои олӣ ба шумор меравад.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ низ дар соли 2017-ум қобили таваҷҷӯҳ буда, дар маҷмуъ дар ин сол 10 нафар олимони донишгоҳ дар 12 конфронсҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва 1 нафар дар Конгресси байналмилалӣ, ки дар Олмон доир гардида буд, ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудаанд. Ба корҳои илмию нашриявии донишгоҳ дар ин давра 51 таълифоти илмӣ рост меояд, ки онҳоро 3 фишурда ва 48 мақола ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 1 ихтироот, 3 китоби дарсӣ ва 23 дастурамалҳои таълимӣ–методӣ аз ҷониби омӯзгорон нашр гардид.
Дар бахши фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ низ пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Дар давоми соли 2017 аз ҷониби устодони варзидаи донишгоҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе ба 3443 нафар беморон корҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ ва ёрии тиббӣ расонида шудааст, ки аз ин миқдор ба беш аз 230 бемор амалиёти ҷарроҳии гуногун гузароинда, ба 1800 нафар кӯдакони бемор ва зиёда ба 1000 беморони гирифтори бемороиҳои дарунӣ кӯмак расонида шудааст. Бешубҳа, ба фаъолияти тиббӣ оғоз намудани кормандони донишгоҳ барои саҳм гузоштан дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморони махсусан ноҳияи Данғара, ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру навоҳии кишвари азизамон иқдоми нек ба шумор меравад.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, соли 2016 зимни ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” эълон гашта буд. Бо назардошти ин дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили Ҳафтаи ҷавонон дар ДДТХ, раёсати донишгоҳ фаъолияти босамари донишҷӯёни болаёқатро ба назар гирифта. дар чаҳорчӯбаи ин ҷашн ба ин гуруҳ, яъне ба 36 нафар ҷавонони боистеъдоди донишгоҳ бо Ифтихорномаҳо ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Бо боварии комил таъкид менамоям, ки Раёсати донишгоҳ ин анъанаро ҳамасола идома дода, ҳар як донишҷӯё, ки бо рафтору одоби намунавӣ, хониши аъло ва бо дастовардҳои илмию маърифатӣ ва варзишии худ обрӯ ва манзалати ДДТХ –ро баланд мебардорад, ҳатман қадрдонӣ карда хоҳанд шуд. Ногуфта намонад, ки донишҷӯён ва олимони чавон дар озмунҳои илмию фаннии сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, аввалин комёбиҳои донишҷӯёни донишгоҳ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, ду сол пай дар пай донишҷӯёни донишгоҳ Ҳамроев Муҳаммадзамон ва Комилова Бибисоро барандаи Дипломи «Донишҷӯи соли 2017» дар вилояти Хатлон гардиданд. Дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад 9 нафар донишҷӯёни болаёқати Донишгоҳи тиббӣ аз рӯи 9 фан иштирок намуда, дар натиҷа 1 ҷойи дуввум ва 3 ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд. Таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии устодони кафедраҳо 9 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар симпозиумҳо ва конфронсҳои вилоятӣ бо маърузаҳо баромад намуда, ба гирифтани дипломҳо ва ифтихорномаҳо мушарраф гардиданд. Бо талошу машқҳои шабонарӯзӣ донишҷӯи курси дуюми факултети стоматологӣ Камолов Муҳамадҷон тавонист, ки дар риштаи гуштингирӣ ва Карате – до Чемпиони ҷумҳурӣ гардад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки баланд бардоштани савияи дониши сиёсии донишҷуён ва тақвияти корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ аз муҳимтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад, зеро ки асоси методологии тарбияро тафаккури нави сиёсӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандустию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад. Дар ин самт нақша-чорабиниҳо ва барномаҳои махсусе тасдиқ гардида, дар давоми соли сипаришаванда, яу қатор корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд.
Таъкид бояд кард, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти ДДТХ қарор дорад. Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас роҳбарияти донишгоҳ аз шаклу усулҳои беҳтарини кор, таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии дохилӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва имкониятҳои мавҷуда ба таври самарабахш истифода мебарад.
Шоистаи зикр аст, ки таъсис ва бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки онро метавон иқдоми наҷибу мондагор, ояндабинии хирадмандона, ғамхорӣ ба халқу миллат ва корнамоии камназир қаламдод кард, тадбири саривақти буд, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ гардондани талаботи ҷомеа, рушду густариш бахшидани соҳаи тандурустии кишвар, беҳтар гардондани ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, омода ва тайёр кардани мутахассисони ҷовон роҳандозӣ гардида буд.
Бояд маълум намоям, ки аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудани ДДТХ сохтори Донишгоҳ вобаста ба талабот ва аз рӯи имкониятҳо аз 4 шуъба, 2 Шӯро, 1 марказ, 6 кафедра, 3 факултет, 1 китобхона, 3 ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши таъминоту хоҷагидорӣ ташкил ёфтааст. Ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи донишгоҳ, ин ташкилу таъмини босифати раванди таълим ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ дониста мешавад.
Дар асоси ҷамъбасти фаъолияти корҳои таълимию методӣ, тарбиявию маърифатӣ илмию муолиҷавӣ дар соли 2017 бо изҳори қаноатмандӣ метавон қайд намуд, ки дар маҷмӯъ Раёсат ва ҳайати ппофессорону омӯзгорони донишгоҳ бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои тандурустиву маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғра ва ҳукумати вилояти Хатлон инчунин роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рисолати хешро муваффақонаву сарбаландона дар ин сол ба иҷро расониданд.
Чун анъана дар интиҳои сол дар ҳар як идораву муассиса ва корхона аз фаъолияту кор ва дастоварду хизматҳои шоёни таҳсини кормандон натиҷагирӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд. Месазад, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ аз хизматҳои роҳбарону кормандони сохторҳои донишгоҳи тозабунёдамон ёдовар шавам.
Яке аз бахшҳои хеле муҳим, ки имрӯз дар якҷоягӣ қисмати таълиму тарбия ва корҳои илмиро амалӣ менамояд, муовинати таълим аст, ки роҳбарии умумии онро Ғафуров Бобомурод Абдуқаҳорович – н.и.х., дотсент - шахси хоксору фурӯтан, серғайрату пуркор ба зимма дорад. Бахши дигари муовинати мазкур деканати факултетҳо аст ва барои ҳар як донишҷӯ декан ва муовини ӯ ҳамчун дастгиру мададрасон ба ҳисоб мераванд. Қобили қайд аст, ки декани факултетҳо н.и.т., дотсент Саидов Исломуддин Зайниддинович шахси хеле ҷиддӣ ва сахтгир бошад ҳам, вале дар якҷоягӣ бо муовини декан Камолов Амиралӣ Сангалиевич, бо камоли майл тамоми арзу мушкилоти донишҷӯёнро ҳал менамоянд.
Гарчанде ки шуъбаи таълим ҳамчун сохтори назоратии раванди таълиму тарбия ва шумор равад ҳам, бо туфайли ғайрату нерӯи рустамонаи сарвари он н.и.х. Усмонова Умеда Хуршедовна корҳои таълимӣ бо суръат пеш рафта исодааст. Ногуфта намонад, ки дар бахши мазкур назорати сифати таълим низ фаъол аст ва сиёсати амалишавии нақша ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба сатҳу сифати фаъолияти кафедраҳоро ба танзим медарорад. Бо вуҷуди душвор будани вазифаи асосиаш, тамоми чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳро дар сатҳи баланд ташкил менамояд, ин ҳам бошад, устод Одинаев Сайдаҳмад Полвонович аст.
Дар донишгоҳ айни замон 6 кафедра фаъолият дорад, ки тадрису таълими фанҳои асосии донишгоҳро омӯзгорону кормандони ин кафедфраҳо дар амал татбиқ менамоянд. Маҳз рисолати ин кафедраҳо баланд бардоштани сатҳи донишандузии шогирдони азиз ба шумор меравад. Дар давоми зиёда аз яку ним соли фаъолияти пурмаҳсули таълимию тарбиявӣ ин кафедраҳо аллакай аз худ дарак доданд ва бо таҷрибаҳои намунавии худ сатҳу сифати таълими донишҷӯёнро баланд бардоштаанд.
Мудирии кафедраи забонҳоро н.и. филология Қурбонмамадов Сомон Хушқадамович ба уҳда дорад, ки бо қувваю нерӯи ҷавонона ва дониши амиқи касбияш имрӯз маҳбубият пайдо намудааст.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносиро н.и.фалсафа Гулов Асламшо Амирназарович - шахси кордон, масъулиятшинос ва хушгуфтору ширинсухан сарварӣ намуда истодааст.
Роҳбарии кафедраи химия ва биологияи тиббиро н.и. биология Чориев Субҳонхон Адамхонович ба душ дорад, ки шахси ботамкин, камсухан ва хело серғайрат мебошад.
Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаро н.и.физика ва математика Ситамов Саъдулло ба уҳда дорад, ки устод шахси собиқадору ботаҷриба ва нозукфаҳм буда, бо дили ҷавонаш ба қалби ҳамагон роҳ ёфтааст.
Кафедраи морфология ва физиологияи одам дар донишгоҳ ҳамчун кафедраи заминавии ихтисосҳои тиббӣ ба шумор рафта, фаъолияти он ба туфайли саъйю кӯшиш ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи роҳбари он Зарипов Иззатулло Абдуллоевич мақоми хосаи худро пайдо намудааст.
Яке аз кафедраҳои ҷавон ва навтаъсиси донишгоҳ – кафедраи фанҳои клиникӣ ба шумор меравад, ки бо мақсади муттаҳид намудани фанҳои гуногуни клиникӣ ташкил ёфтааст, роҳбарии он ба зиммаи яке аз бонуҳои зебову дилнишин ва марҳами дармони тифлон н.и.т., дотсент Кузибоева Наома Конбобоева вогузор карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки аз сохторҳои раёсат низ дар ин маврид зикр кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Роҳбарии шуъбаи кадрҳоро, ки вазифаи хеле бомасъул аст, яке аз ҷавонони боғайрат, олими ҷавон ва ҷарроҳи дастандаркор Холов Шарафҷон Исҳоқҷонович ба уҳда доранд, ки дар таъмини сиёсати кадрии донишгоҳ нақши муассир дорад.
Китобхонаи донишгоҳ маҳзани дастрасии илму маърифат ва донишвндӯзии донишҷӯён аст ва ба василаи ғайрату ташаббусҳои ғамхоронаи сарвари ҷавони он - аспиранти АИ ЧТ Саидова Моҳшариф Раҳмоналиевна ба ҷойи дӯстдошта ва мушкилкушои толибилмон табдил ёфтааст.
Дар шароити имрӯза техника ва технологияи муосир дар мадди аввал қарор гирифтааст ва ДДТХ дар ин самт ҳамқадами талаботи замон мебошад. Далели ин гуфтаҳо фаъолияти босамари Маркази технологияҳои иттилоотӣ шуда метавонад, ки сарварии онро яке аз беҳтарин мутахассиони ин соҳа – олими ҷавон, ҷарроҳ, омӯзгор – Мардонзода Қурбоналӣ ба уҳда дорад.
Албатта ҳеҷ як муассиса бе кордонии хоҷагидорон рушду такомул карда наметавонавд, чун ки бо меҳнати вазнину хоксоронаашон шароиту ҷараёни муътадили кору фаъолияти ҳамаи сохторҳоро таъмин менамоянд. Сарварии тамоми бахшҳои онро муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ шахси фарҳангдӯсту кордон, таҳамтану зебосимо -Аҳадов Шамсулло Файзуллоевич ба зимма дорад.
Дар ҷамъбасти муаррифию сифоти сохторҳои донишгоҳ аз фаъолияти пурмаҳсули созмонҳои ҷамъиятӣ – Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён ва шуъбаи кор бо ҷавононро лозим медонем, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва беҳдошти иҷтимоии тамоми кормандону донишҷӯён саҳмгузоранд ва роҳбарии онҳо ба зиммаи ҷавонони серғайрату ояндасоз -Наимов Рустам Абдуғафорвич ва Раҳимов Холмаҳмад Саъдуллоевич гузошта шудааст
Дар воқеъ, тамоми дастовардҳои донишҷӯён барои раёсати донишгоҳ муҳим ва басо арзишманд ба шумор мераванд. Гарчанде ки ҷамъбасти фаъолияти донишҷӯёни болаёқат дар доираи таҷлили “Ҳафтаи ҷавонон” натиҷагирӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд, имрӯз ба таври истисно, яъне боназардошти Соли ҷавонон будан як ғурӯҳ донишҷӯёни болаёқат, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда гузоштаанд, онҳо бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамкасбони азиз, ворисони Синои бузург, бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нав бо самимонатарин таманниётҳо таҳният гуфта, дар кори таълиму тарбия ва фаъолияти илмиву муолиҷавӣ бароятон дастовардҳои тозатарин, барору иқбол хоҳонам.
Соли нав муборак, устодон ва шогиридони азаиз!
Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии Хатлон имрӯз Камолов Амиралӣ Сангалиевчро ба ифтихори ҷашни 50 -солагиашон табрик намуда, ба соҳибҷашн тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ барору комёбҳои беназир таманно намуданд.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки сарвари ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон низ дар ин сана ҷашни мавлуд дошта, эшонро аз номи аъзои Раёсат, Шӯрои олимон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ва ҳамаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон муборакбод менамое
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ДДТХ
Рӯзи 23-уми декабри соли 2017 дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол - 2017» баргузор гардид. Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки донишҷӯи соли дуюми факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Комилова Бибисоро сазовори ҷойи аввал гардид.
Қобили қайд аст, ки дар соли тахсили гузашта Бибисоро дар Олимпиадаи байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда буд, аз фанни забону адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида буд. Албатта, чунин мувафаққиятҳои ин донишҷӯдухтар бесабаб нестанд, зеро бо камоли неруву заковати ҷавононааш ҳамеша барои фатҳи қуллаҳои дониш саъю кӯшиш дорад. Ин талошҳои вай албатта барабас намераванд. Тамоми сифатҳои варзидаву ҳамидаи инсонӣ, дониши амиқу ташаббусҳои пайвастааш ӯро дар байни ҳам омӯзгорону ҳам донишҷӯёни донишгоҳ ангуштнамо гардондааст.
Аз номи раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ин донишҷӯи маҳбуби худро бо дастоварди намоён дар арафаи Соли нави мелодӣ табрик намуда, таманнои онро дорем, ки соли навин комёбиҳои нав ба навро барояш арзонӣ фармояд.
Созмонҳои ҷамъиятӣ
Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Шуморо ба ифтихори ҷашни 66-солагиатон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва барору комёбиҳо таманно доранд. Мо дар таҷлили 66-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем. Ҷашни 66-солагӣ муборак, Амонулло Азизуллоевичи азиз!
Раёсати донишгоҳ