Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикот

      Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо камоли  эҳтиром ва ифтихори бепоён Зикриёхоҷаев Дилшодро ба муносибати ҷашни фархунда ва камолоти 70 -  солагии зодрӯзашон самимона муборакбод менамоянд.
    Лозим ба қайд аст, ки устод Дилшод Зукирович бештари умри худро ба омӯзиш ва ҳаллу фасли  мушкилоти яке аз соҳаҳои нозуки илми тиб - саратоншиносӣ сарф намуда, барои ин заҳматҳои зиёд ва  роҳи дарози пурпечутоберо паси сар намудааст. Барои нозукиҳои ин соҳаи дардноки ҷомеаро аз худ  намудан, бо бузургтарин марказҳои саратоншиносии ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар мавзӯҳои «Саратони  шуш, бо зухуроти аввалини метастаз» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Нефрабластома ва  нейробластома дар кудакон,Тадқиқоти клиникӣ -иммунологӣ» рисолаи докториро бо муваффақият  дифоъ намуда, соли 1987 ба дараҷаи баланди илмии доктори илми тиб ва соли 1989 бошад ба унвони  профессор шарафёб гаштааст.
    Дар баробари касби илм намудан устод тамоми қувваю неруи худро сарфи хизмати содиқона ба халқу Ватан намуда, тӯли солҳои зиёд ба ҳайси ташкилотчии шуъбаҳои ҷарроҳии онкологӣ, декани факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон Узви пайвастаи Ассотсиатсияи саратоншиносонӣ дар самти кӯдакон, раиси Шӯрои диссертасионӣ аз рӯи самти саратаншиносӣ ва акушерию гинекологии КОА Федератсияи Россия пурсамар фаъолият намудааст.
    Бояд ёдовар шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ аз ҷониби Дилшод Зукирович 10 монография, 6 дастурҳои методӣ, 400 таълифоти илмӣ ва 34 пешниҳодоти ратсионализаторӣ кашф шуда, инчунин 23 нафар номзадони илм ва 9 нафар докторони илмро тарбия намудааст. Барои заҳмату талошҳои содиқона ба унвони баланди «Корманди шоистаи илму техника» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф гаштаанд.
   Бори дигар Устоди азиз Зикриёхоҷаев Дилшод Зукировичро бо ҷашни зодрӯзашон табрику муборакбод намуда, барояш осмони софу беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ, хушбахтию некномиҳои зиёд орзу менамоем.

Бо эҳтиром,
Раёсати ДДТХ

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника, доктори илмҳои биологӣ,  профессор Намоз Бердиев имсол 80-умин солгарди умри бобаракаташро дар ҳалқаи ҳамкасбону  шогирдон, дӯстону пайвандон ва аҳли оила ҷашн гирифтанд.
  Бердиев Намоз 23-юми январи соли 1939 дар қишлоқи Митани райони Иштихони вилояти  Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба дунё омадааст. Айёми туфулиятро дар даврони ниҳоят сангину  вазнини замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузарондааст. Хеле хурд буд, ки аз меҳри падар маҳрум монд.  Дар тарбияи модараш тамоми гарму сарди зиндагиро дидаву ба воя расид. Ба мушкилоти зиндагӣ  нигоҳ накарда пайваста дар омӯзиш буду нозукиҳои илмро аз худ мекард.
    Шавқу рағбат ба илм ва омӯзиши пайваста ӯро ба дари Донишкадаи кишоварзии Самарқанд  оварду соли 1962 факултети ветеринарии онро хатм кард. Пас аз хатми ин донишкада сарбайтори  совхози «Кангурт»-и собиқ ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вил. Хатлон таъин шуда, бо ҷиддият  ва масъулияти ба худ хос то соли то соли 1964 адои вазифа менамуд. Дар баробари хизмати  софдилона ба мардум боз ҳам баҳри баланд бардоштани донишу малка ва истеъдод талош менамуд.
   Соли 1964 ба аспирантураи назди Пажӯҳишгоҳи ветеринарии Вазорати кишоварзии ҶТ дохил шуда, минбаъд роҳи илм барои ӯ боз гардид. Ҷустуҷӯ ва тадқиқотҳои илмӣ дар ин боргоҳ аз ходими хурди илмӣ ӯро то ба ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ветеринарии Вазорати кишоварзии ҶТ (1966 – 69) оварда расонид. Заҳмат мекашиду меҳнат мекард, илм меомухту тадқиқот мебурд, лаҳзае аз пажӯҳиш даст намекашид.
    Бояд қайд кард, ки устод дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мудири Лабораторияи марказии тадқиқоти илмӣ (1969 – 79), мудири кафедраи биология бо асосҳои генетика (1979 – 96), ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналхалқии ДДТТ ба номи А.Сино (1996 – 2008) кору фаъолият мекард ва аз соли 2009 вазифаи профессори кафедраи биология бо асосҳои генетикаи донишгоҳи мазкурро ба ӯҳда дорад.
Ёдовар мешавем, ки мавсуф дар ҷодаи илм ба як қатор муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гашт, ки аз меҳнати чандинсолаю заҳматҳои пайвастаи ӯ шаҳодат медиҳанд. Дар мавзӯи «Норасоии йод дар хукҳо дар ноҳияҳои густариши ҷоғари эндемии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Мутобиқат ва резистентнокии ҳайвонот дар шароити баландкӯҳ» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, зиёда аз 250 мақола, 8 ихтироот, 26 пешниҳоди навоварона, 2 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ, 4 монография ва 5 тавсияи методиро ба нашр расондааст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 12 нафар рисолаҳои номзадии илмро ҳимоя намудаанд.
   Имрӯз ҳам профессор Намоз Бердиевич бо масъулияти баланд дар таълиму тарбияи шогирдон саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
   Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кули шогирдон ба синни мубораки 80 расидани доктори илмҳои биологӣ, профессор Намоз Бердиевро самимона таҳният гуфта, барояшон сиҳатии комил, комёбиҳои навин ва хушбахтии хонадонро орзу менамояд.

РАЁСАТИ ДДТХ.

ҶАШНИ КАМОЛОТ МУБОРАК!

 Имрӯз ҷарроҳи кӯдакона, доктори илмҳои тиб Султонов Шералӣ Раҳмонович ҷашни камолот дорад.
     Мавсуф 8-уми апрели соли 1969 дар деҳаи Розиёни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чашм ба олами  ҳастӣ кушодааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм  намуда, ҳамчун ҷарроҳи кӯдаконаи шуъбаи уфунат, мудири шуъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдакон ва аз  соли 2007 ҳамчун мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи узвҳои қафаси сина ва шиками Маркази миллии  тиббии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Оид ба масъалаҳои умдатарини ҷарроҳии қафаси сина ва  шиками кӯдакон тадқиқот бурда истодааст. Муаллифи чандин таълифоти илмӣ, пешниҳоди навоварона  ва кашфиётҳо мебошад. Соли 2004 дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Донишгоҳи давлатии Граузи  Австрия, соли 2006 дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Академияи тиббии Қазоқистни Ҷанубӣ ва соли 2008  дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Академияи тиббии такмили ихтисоси Федератсияи Россия такмили  ихтисос намудааст. Роҳбарии кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соли  2010 инҷониб ба уҳда дорад.
    Шералӣ Раҳмонович иштирокчии чандин форуму конгрессҳои байналхалқӣ оид ба масоили гуногуни ҷарроҳӣ, педиатрия ва анестезиология мебошад. Узви Ҷамъияти ҷарроҳон, анестезиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҷарроҳон ва анестезиологҳои кӯдаконаи Федератсияи Россия аст.
   Дар таҷлили 50-солагии зодрӯзи табибу олими пуркору серғайрат Султонов Шералӣ Раҳмонович, ки дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, рушди соҳаи ҷарроҳии кӯдакони ҷумҳурӣ нақши боризи худро дорад, аз номи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, соҳибҷашнро табрику таҳният гуфта, бо каломи оламгири лиссон-ул-ғайб Ҳофизи Шерозӣ барояш таманно менамоем:

Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод!
     Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,
    Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод!

РАЁСАТИ ДДТХ

   Навбаҳор аст, дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,

      Ки басе гул бидамад бозу ту дар гил бошӣ.

           Ман нагӯям, ки кунун бо ки нишину чӣ бинӯш.

Ки ту худ донӣ, агар зираку оқил бошӣ.

 

       Устодон ва донишҷӯёни азиз,

       Ҳозирини гиромиқадр!

   Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки чанд рӯзи охир кишвари зебоманзари моро рӯҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ- Наврӯзи оламафрӯз фаро гирифтааст ва аз ҳар гӯшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои нишоту хурсандӣ, ки бо ин ҷашни зиндагисоз ҳамҷуриву ҳамнавоӣ доранд, ба гӯш мерасад. Воқеан, Наврӯз ба ҳама шодиву хурсандиҳо  шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармудаанд, ки «ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад».

    Наврӯзи имсола бошад, барои мардуми мо шукӯҳу шаҳомати хоса дорад, Мо,  тоҷикон ҳамеша бояд ифтихор аз он намоем, ки ин ҷашни қадимаро бо маъниву мӯҳтавои тоза ва фалсафаи бою рангини зиндагисози он ба мерос гирифтаем ва боз ҷои ифтихормандии ҳар яки мо аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст.

     Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
    Мазмун ва моҳияти баланди имрӯзаи Наврӯзро  ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониихуд (соли 2010)  дар маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз қайд намуданд, ки «…ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.»

    Таърихи Наврӯз саҳифаҳои дурахшоне дорад, ки дар чунин лаҳзаҳои шодиву нишот аз онҳо ёдоварӣ намудан маънии эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги беш аз панҷҳазорсолаи миллиро дорад.

     Аз миёни даҳҳо асарҳое, ки дар заминаи таърихии зуҳур ва шукӯҳу таҷаллии Наврӯзи Аҷам эҷод шудаанд, «Наврӯзнома»-и Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ моҳияти баланди илмиву таърихӣ дорад. Тибқи иттилои «Наврӯзнома» нахустин инсоне, ки бо назари орифона ва нигоҳи амиқи илмӣ  санаи мушахасси  фарорасии  Рӯзи навро кашф кард, Ҷамшед буд ва ба  қавле «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва пас аз он аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд».     

     Ин аст як нуқтаи бисёр кӯтоҳ, аммо дорои аҳамияти бузург аз таърихи падид омадани Наврӯз ва таъкиди ниёи бузурги мо Ҷамшед бар гиромӣ доштан ва дар лавҳи ҳофизаи таърихӣ барои тамоми қарнҳо ҳифз намудани мақоми волои ин ҷашн.

    Дар сарчашмаҳои бостонӣ аз муқаддасоти Наврӯзи Аҷам басо нукоти хотирмон ва ҷолиб омада, вале аз ҳама мӯҳимаш таърихномаҳо Наврӯзро рӯзи мавлуди Зардушт меҳисобанд. Дар санову ситоиши ин оини пок олимон зиёд навиштаанду хоҳанд навишт, зеро  Наврӯз мазҳари покӣ ва зебоист ва аз ин хотир то ҷаҳон побарҷосту зебоӣ маънии асосии онро ташкил медиҳад. Наврӯз низ ҳамчун ҷашни зиндагисоз беш аз пеш моҳияти бештаре ба худ касб менамояд.

   Наврӯз дар шеъри оламгири форсӣ аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Саъдиву Ҳофизу Мавлоно ва нобиғаҳои дигар ҷойгоҳи маҳкаме доштааст. Фирдавсии ҳаким мӯътақид аст, ки Наврӯзро Ҷамшед бунёд гузошта:

               Ба Ҷамшед чун гавҳар афшонданд,

         Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.

             Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор

            Бимондаст аз он хусравон ёдгор.

    Як нуктаи ҷолиби наврӯзӣ он аст, ки аз нигоҳи орифони Шарқ занон мояву ҷавҳари Наврӯз ҳисоб меёбанд ва дар тадоруку бузургдошти оини наврӯзи  беш аз дигар афроди ҷомиа саҳм мегузоранд. Ба омад-омади Наврӯз дар рӯзҳои аввали ин ид ойинҳоест, ки иҷрои он барои ҳар як оила ҳатмӣ ҳисоб мешавад, аз қабили таҳияи либосҳои нав ва маводҳои хӯрокворӣ, хонабарорӣ, шустани фаршҳо ва ранг кардани деворҳои хона, таҳияи сабза ва монанди инҳо. Маъмултарин расми Наврӯз гузоштани сабза аз гандум, ҷав ва анвои ғалладонаҳо мебошад.

    Пас аз расидани сабза аз он суманак тайёр мекунанд. Инчунин оростани хони Наврӯзӣ бо «ҳафтсин»  ва «ҳафтшин» аз махсусиятҳои ин ҷашн ҳисоб меёбад.    

    Наврӯз ҳамчун иди сари сол, иди баҳору кишту кор, иди фархундаву пирӯзӣ  ҳазорсолаҳо боз ҷашн гирифта мешавад. Шукӯҳи ин ид аз давраи пайдоиш -на дар давраи мазҳабу ойинҳои гуногун аз қабили Зардушту Ислом ва на дар замони салтанати арабу турк ва муғул коста нагардид, балки тайи садсолаҳо бар он расму ойинҳои нек илова гардида, то замони мо дар шакли мукаммал ва пур аз маросимҳои нек расид.

    Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки маҳз дар ҳамин давра Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.

   Тайи се соли фаъолияти донишгоҳи навтаъсиси мо анъанаи неке гардидааст, ки ҳар сол аҳли ДДТХ  низ чун дигар мардумони кишвар иди Наврӯзро бо дастовезҳои муносиб пешвоз мегиранд. Ҷашни имсоларо низ устодону донишҷӯёни таълимгоҳ дар тамоми самтҳои фаъолияту таҳсил бо натиҷаҳои хуб  истиқбол гирифтанд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш мо натиҷахои сессияи зимистонаро баррасӣ ва муҳокима намудем. Маълум гашт, ки дар сессияи имсолаи зимистона дарсазхудкунии донишҷӯён дар давраи фаъол нисбат ба миқдори донишҷӯён 82 % - ро ташкил дод, ки  нисбат ба соли гузашта 5 % баланд аст.

    Яке аз ҳадафҳои асосии донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим аст. Таҳлили сессияи зимистона нишон дод, ки дар сессияи имсола, хусусан зиёдшавии миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои «аъло» ва «хубу аъло» супоридаанд, ба назар мерасад, он 48%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба сессияи соли гузашта 6 % зиёд аст, яъне сатҳи дониши  524  нафар донишҷӯён хеле баланд мебошад. Ин яке аз нишондиҳандаҳои назарраси сифати таълим мебошад.

   Аз Наврӯзи соли гузашта то ин дам  дар донишгоҳ ба хотири баланд бардоштани маърифатнокӣ ва шуури сиёсии  донишҷӯёну омӯзгорон зиёда аз 50 чорабинии фарҳангӣ,  маърифатӣ  ва сиёсӣ баргузор гардидааст. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявӣ ва фарҳангии донишҷӯёну  омӯзгорон, инчунин ба донишҷуён  ва ятимон   кумакҳои  молиявӣ расонида шуд.  

    Вусъати корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани шароитҳои зисту таҳсил яке аз ҳадафҳои асосии раёсати донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар давраи аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола раёсати донишгоҳ   чораҳои зиёдеро амалӣ намуд. 

    Дар арафаи иди Наврӯз раёсати донишгоҳ аз рӯи 7 номгӯй дар байни устодону донишҷӯёни  донишгоҳ озмунҳои гуногун гузаронид, ки онҳо тамоми самтҳои таҳсилу фаолияти устодону донишҷӯёнро дар бар гирифтаанд ва имруз мо дар якҷоягӣ шоҳиди супоридани мукофоту ифтихорномаҳо ба ғолибони ин озмунҳо хоҳем гашт.

Ҳозирини гиромӣ!

    Сарзамини ҳамешабаҳори моро Наврӯзи оламафрӯз бо ҳама баракату нусрат ва нишоту шодкомиҳояш боз ба оғӯши гарми худ кашид. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табодули фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Мардуми мо  дар ин айём  аз рӯи одатҳои аҷдодӣ на танҳо либосҳои  куҳанро  аз тан бадар мекунанд, балки ботини хешро низ аз ҳама кинаву кудуратҳои пешина тиҳӣ месозанд. ва бо қалби пурмеҳру рухсораҳои шукуфотар ба  якдигар  оғӯш мекӯшоянд.

    Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шуморо бо ин ҷашни зебо аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори хушу осуда, осмони софу беғубор, шодию хурсандиҳои беинтиҳоро таманно дорам.

      Наврӯзи хуҷастапай ба ҳар кадоми Шумо муборак бошад!

Page 7 of 14
Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид