Табрикот
Ҳозирини гиромӣ, ҷавонони Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон!
Вазъи сиёсии ҳар як ҷомеаро гурӯҳҳои сиёсие муайян менамоянд, ки дар як низом ва ё ташкилоти сиёсӣ муттаҳид гашта, барои расидан ба рушду тараққиёти иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии фарҳангӣ якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.
Фаъолияти ҷавонон, ки аз назари шумора дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ифодагари он аст, ки нақши ин табақа дар ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «…Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон мебошад».
Бояд қайд намоям, ки ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд, ки он аз таваҷҷуҳи зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ба ҳалли проблемаҳои ҳаёти ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Дар марҳилаи имрӯзаи инкишоф бошад, ташаккули маърифати сиёсии аҳолӣ, хоса ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати тозаистиқлоли мо гаштааст. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқӯъ меоянд, сари вақт баҳои воқеӣ дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.
Қайд кардан зарур аст, ки донишҷӯёни ДДТХ, пас аз хатми ин даргоҳи илму маърифат рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеаро ба дӯши худ гирифта, ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис карда, дар раванди ободсозӣ ва бунёдкориҳои ҷомеа ҳамеша нақши муассир хоҳанд гузошт.
Маълум карда мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷлили ҳамасолаи Ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ аз фаъолияти онҳо, дар чаҳорчӯбаи ин ҷашн ба як гурӯҳ аз ҷавонони боистеъдоди ДДТХ тақдими туҳфа ва Ифтихорномаҳо дар назар гирифта шудааст.
Лозим ба қайд аст, ки дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ Кумитаи тадорукот аз моҳи марти соли равон таъсис дода шуд. Дар ин давра кумитаи мазкур нақша-чорабиниҳоро дар ДДТХ ҷиҳати ташкил ва муайян намудани дастовардҳои беҳтарини донишҷӯён дар асоси озмунҳо пайгирӣ намуда, инчунин баргузории озмунҳои донишгоҳиро аз рӯи 12 номинатсия дар байни кафедраҳо ва донишҷӯён, аз қабили «Омӯзгори сол», «Куратори беҳтарин», «Гурӯҳи беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Донишҷӯи сол», «Варзишгари сол», «Беҳтарин маҳфили илмӣ», озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯѓи маърифат» дар соли 2021 гузаронид.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки раёсати донишгоҳ ва кормандони он тавонистанд дар ин давра вазифаҳои худро вобаста ба масъалаҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, муолиҷавӣ ва дигар корҳои ташкилию ҷамъиятӣ амалӣ намоянд.
Дар воқеъ, ҳарчанд ки соли 2020 замони эълон гардидани пандемияи бемории сироятии Ковид-19 буд, бо назардошти дуруст ба роҳ мондани сиёсати идоравӣ ва чораандешии саривақтӣ, ҳамзамон таъсис додани ситоди дохилиидоравӣ ва саҳмгузории гурӯҳи волонтёрон (Ковид-19), инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба раёсати донишгоҳ муяссар гардид, ки дар солҳои 2020 - 2021 муваффақиятҳои назаррасро дар ҳамаи самтҳои фаъолият таъмин намояд.
Далели ин гуфтаҳо натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҲПО ва ҷамъбасти иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Аввалин маротиба донишгоҳи мо тавонист, ки дар байни 41 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ соҳиби 3 ҷой ва Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шавад.
Имсол Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои 27-28 - уми май дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Умедворам, донишҷӯёни мо дар олимпиадаи мазкур, ки аз рӯи 10 фанни таълимӣ ширкат меварзанд, сазовори ҷойҳои намоён хоҳанд гашт.
Раёсати донишгоҳ бо мақсади ҷонибдорӣ аз фаъолиятҳои ҷавонон, тасмим гирифт, ки дар донишгоҳ ба таври анъана, дар чаҳорчӯбаи иди Ҳафтаи ҷавонон ба 90 нафар аз ҷавонони фаъол ва болаёқати донишгоҳ барои ширкати босамар дар озмунҳои дохиливу байналмилалӣ, инчунин ба созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ (Шуъбаи ҷавонон, Шӯрои занон ва духтарон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён) барои саҳми назаррасашон дар тарбияи ҷавонон ва амалӣ намудани сиёсати ҷавонон дар ҷумҳурӣ бо маблаѓҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои донишгоҳ қадрдонӣ намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳар сол 23 -юми моҳи май дар Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳим - Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад, ки дар он бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо тамоми ҷавонон мулоқоти судманд анҷом медиҳанд. Имсол ба ин муносибат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар ҷашни имсола ширкат варзида, бо кулли ҷавонони кишвар, ки ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат маҳсуб меёбанд, мулоқот доштанд. Вобаста ба ин, ба сохторҳои масъули донишгоҳ, аз ҷумла, муовинати тарбия, таълим ва илми донишгоҳ супориш дода мешавад, ки матни Паёми Сарвари давлатро дар машѓулиятҳо ва маҳфилҳои илмию адабӣ мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки ҷамъомади мазкур дар болоравии тафаккури сиёсии донишҷӯёни мо нақши муассир гузошта, мавқеи сиёсию ҷамъиятии аҳли донишгоҳи моро дар марҳилаи имрӯза боз ҳам равшантар муайян месозад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳар яки шуморо ба иди Ҷавонони Тоҷикистон аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда, дар корҳои донишандӯзиву илмӣ ва эҷодиатон барори муваффақиятҳо таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Имрӯз яке аз аз олимони бузург, физиологи машҳур, доктори илмҳои тиб Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич 75 - сола мешавад.
Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич 17 - уми апрели соли 1946 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Физиолог, доктори илмҳои тиб (1995). Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 1971 хатм намудааст. Ординатор (1971 - 73), аспирант (1973 - 1975), ассистент (1975 - 1982), дотсенти кафедраи физиология (1982 - 95), ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ (1996 - 2003) ва аз соли 2003 мудири кафедраи физиологияи эътидолии ДДТТ. Дар робита ба тавсифи кори дил дар ҷараёни мӯътодшавии одам ба шароити баландкӯҳ, инчунин хусусиятҳои физиологии меъёрҳои баҳодиҳӣ ва пешгӯии мӯътодшавии фардии одам ба шароити кӯҳсор як силсила тадқиқот анҷом додааст. Дар институти марказии такмили ихтисоси духтурони шаҳри Москва (1981), Институти 1-уми тиббии Москва ба номи И.М.Сеченов (ҳоло Академияи тиббии Москва) (1987), Институти марказии тарбияи ҷисмонии Москва (1991) маҳорати касбиашро баланд бардоштааст.
Фирӯз Абдуфатоевич академики Академияи экологии Россия, раиси ҷамъияти физиологони ИДМ, раиси ҷамъияти физиологони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағанда ва Донишгоҳи омӯзгории Липетск мебошад.
Зиёда аз 160 таълифоти илмӣ дорад. Аз соли 1996 роҳбари барномаи комплексии тадқиқот дар мавзӯи «Масъалаҳои саломатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои баланд бардоштани имконоти амалии организм» ва аз соли 2008 роҳбари барномаи комплексии тадқиқот дар мавзӯи «Вазъи системаи асаби марказӣ, фаъолияти олии асаб ва системаи масунияти одам дар мавриди стрессҳои гуногун» аст.
Бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тибиии Хатлон, ҳайати профессорону омӯзгорон Фирӯз Абдуфаттоевичро ба муносибати ҷашни 75 - солагиаш самимона ва содиқона табрику таҳният намуда, барояш тани сиҳат, умри дароз ва дар ҷодаи илм комёбиҳои беназир орзу менамоянд.
РАЁСАТИ ДДТХ
Устодон ва донишҷӯёни азиз,
Ҳозирини гиромиқадр!
Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки чанд рӯзи охир кишвари зебоманзари моро рӯҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ- Наврӯзи оламафрӯз фаро гирифтааст. Аз ҳар гӯшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои нишоту хурсандӣ, ки бо ин, ба гӯш мерасад. Воқеан, Наврӯз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармудаанд, ки «ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад».
Мо, тоҷикон ҳамеша бояд аз он ифтихор намоем, ки ин ҷашни қадимаро бо маъниву муҳтавои тоза ва фалсафаи бою рангин ба мерос гирифтаем ва боз аз он ифтихор менамоем, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Мазмун ва моҳияти баланди имрӯзаи Наврӯзро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ (соли 2010) дар маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз қайд намуданд, ки «…ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст».
Таърихи Наврӯз саҳифаҳои дурахшоне дорад, ки дар чунин лаҳзаҳои шодиву нишот аз онҳо ёдоварӣ намудан маънии эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги беш аз панҷҳазорсолаи миллиро дорад.
Аз миёни даҳҳо асарҳое, ки дар заминаи таърихии зуҳур ва шукӯҳу таҷаллии Наврӯзи Аҷам эҷод шудаанд, «Наврӯзнома»-и Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ моҳияти баланди илмиву таърихӣ дорад. Тибқи иттилои «Наврӯзнома» нахустин инсоне, ки бо назари орифона ва нигоҳи амиқи илмӣ санаи мушахасси фарорасии Рӯзи навро кашф кард, Ҷамшед буд ва ба қавле «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва пас аз он аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд».
Ин аст як нуқтаи бисёр кӯтоҳ, аммо дорои аҳамияти бузург аз таърихи падид омадани Наврӯз ва таъкиди ниёи бузурги мо Ҷамшед бар гиромӣ доштан ва дар лавҳи ҳофизаи таърихӣ барои тамоми қарнҳо ҳифз намудани мақоми волои ин ҷашн.
Ба омад-омади Наврӯз дар рӯзҳои аввали ин ид ойинҳоест, ки иҷрои он барои ҳар як оила ҳатмӣ ҳисоб мешавад, аз қабили таҳияи либосҳои нав ва маводи хӯрокворӣ, хонабарорӣ, шустани фаршҳо ва ранг кардани деворҳои хона, таҳияи сабза ва монанди инҳо. Маъмултарин расми Наврӯз гузоштани сабза аз гандум, ҷав ва анвои ғалладона мебошад.
Аз ин ҷост, ки Наврӯз ҳамчун иди сари сол, иди баҳору кишту кор, иди фархундаву пирӯзӣ ҳазорсолаҳо боз ҷашн гирифта мешавад.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки маҳз дар ҳамин давра Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамасола аҳли ДДТХ чун дигар мардумони кишвар иди Наврӯзро бо дастовезҳои муносиб ва арзанда пешвоз мегиранд. Ҷашни имсоларо низ устодону донишҷӯёни донишгоҳамон дар тамоми самтҳои фаъолият бо натиҷаҳои хубу хотирмон истиқбол мегиранд.
Месазад, ки аз намунаи чанде аз дастовардҳои донишгоҳ дар давраи аз Наврӯз то Наврӯз бо ҳисси қаноатмандӣ манзури шумо намоям.
Дар ин давра Донишгоҳ аввалин маротиба аз аттестатсияи давлатӣ бо муаваффақият гузашт ва боз барои 5 соли дигар соҳиби Иҷозатномаи фаъолият ва Шаҳодатнома шуд.
Нахустин Конференсияи байналмилалии илмӣ - амалии Донишгоҳ бо иштироки васеи олимони ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар сохтори донишгоҳ Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, Дармонгоҳи донишҷӯён ва 2 кафедраи клиникӣ даъсис дода шуд ва онҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Тамоми донишҷӯёни донишгоҳ таҷрибаомӯзиро ба пуррагӣ гузаштанд. Ҳамзамон донишгоҳ тавонист бо 54 муассисаҳои тандурустии кишвар 90 шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонад.
Таълифоти олимони донишгоҳ аз 37 адади соли 2016 то ба 322 адад дар соли 2020 расид. 1 нафар аз омӯзгорон кори номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуд ва ҳамзамон 2 нафар олими ҷавон аз апробатсия гузаштанд.
Дар ин давра барои муваффақиятҳои илмию таълимӣ ва муолиҷавӣ 7 нафар аз устодони донишгоҳ бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гаштанд.
Аввалин маротиба дастаи донишҷӯёни донишгоҳ, дар 2 онлайн Олимпиадаҳои байналмилалӣ - “Самарқанд 2020” ва “Бухоро 2020” , ки байни донишҷӯёни соҳаи тибби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуда буд, иштирок намуда, дар маҷмӯъ 5 нафар ҷойҳои 2 ва 3, 6 нафари дигар ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.
Санаҳои 11 ва 12 –уми марти соли равон Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҶТ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар озмун донишҷӯёни мо аз фанҳои физика ва химия ғолиби ҷойи аввал шуданд.
Аз рӯи дастовардҳои донишҷӯён дар ин давра 6 нафар бо стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар бо стипендияи раиси вилояти Хатлон, 1 нафар бо стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, 2 нафар бо стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 2 нафар бо стипендияи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ мушараф гаштаанд.
Устодони донишгоҳ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ боз ба корҳои машваратӣ, методӣ, ташхисӣ ва табобатӣ машғул буда, дар ин давра беш аз 10 000 нафар беморонро ташхис ва табобат намуданд. Аз ҷониби ҷарроҳон дар пойгоҳи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳия 21 амалиёти трансплантатсияи гурдаю ҷигар ва 275 амалиёти ҷарроҳии пластикӣ ва реконструктивӣ гузаронида шуданд.
Дар давраи пандемияи COVID-19 гурӯҳи волонтёрони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо КАТС – и ноҳия беш аз 6200 хонаҳоро гардиш намуда, вазъи саломатии тақрибан 30 ҳазор шаҳрвандро муайян намуданд.
Таҳлили сессияи зимистонаи имсола нишон дод, ки зиёдшавии миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои «аъло» ва «хубу аъло» супоридаанд, ба назар мерасад ва он 49,7%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 % зиёд аст.
Аз Наврӯзи соли гузашта то ин дам дар донишгоҳ ба хотири баланд бардоштани маърифатнокӣ ва шуури сиёсии донишҷӯёну омӯзгорон зиёда аз 40 чорабинии фарҳангӣ, маърифатӣ ва сиёсӣ баргузор гардидааст. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявӣ ва фарҳангии донишҷӯёну омӯзгорон маҳфилҳои илмию адабӣ ва маърифатию варзишӣ фаъолияти назаррас доштанд.
Раёсати донишгоҳ шурӯъ аз арафаи иди Наврӯз гузаронидани озмунҳои гуногунро аз рӯи 12 номгӯй байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба нақша гирифта ва умед меравад, ки ҷамъбасти онҳоро, ба истиснои 2 озмуни хос ба иди Наврӯз, дар арафаи таҷлили иди “Хафтаи ҷавонони Тоҷикистон” дар сатҳи баланд ҷамъбаст менамояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Сарзамини ҳамешабаҳори моро Наврӯзи оламафрӯз бо ҳама баракату нусрат ва нишоту шодкомиҳояш боз ба оғӯши гарми худ кашид. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табодули фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Мардуми мо дар ин айём аз рӯи одатҳои аҷдодӣ на танҳо либосҳои куҳанро аз тан бадар мекунанд, балки ботини хешро низ аз ҳама кинаву кудуратҳои пешина тиҳӣ месозанд ва бо қалби пурмеҳру рухсораҳои шукуфотар ба якдигар оғӯш мекушоянд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шуморо бо ин ҷашни зебо аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори хушу осуда, осмони софу беғубор, шодию хурсандиҳои беинтиҳоро таманно дорам.
Наврӯзи хуҷастапай ба ҳар кадоми Шумо муборак бошад, ҳамкасбон ва шогирдони азиз! Саломат бошед!
10 марти соли равон Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон сертификатҳои донишҷӯёнеро, ки моҳи декабри соли 2020 дар онлайн-олимпиадаи байналмилалии тиббии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ва Бухоро сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, тантанавор супориданд. Муҳтарам ректор донишҷӯёнро табрику таҳният карда, қайд намуданд, ки ба даст овардани ҷойҳои сазовор дар мусобиқаҳо ва олимпиадаҳои гуногун боиси сарфарозии мост. Мо бо чунин донишҷӯён ҳамеша фахр хоҳем кард, - иброз доштанд профессор Убайдулло Қурбон.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2020 донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар онлайн-олимпиадаи байналмилалии тиббии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ва Бухоро ширкат варзида, 13 ҷойи намоёнро ба даст оварда буданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА