Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

80 СОЛИ УМРИ БОБАРАКАТИПРОФЕССОР НАМОЗ БЕРДИЕВ

23 Январ 2019 Муаллиф :  

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника, доктори илмҳои биологӣ,  профессор Намоз Бердиев имсол 80-умин солгарди умри бобаракаташро дар ҳалқаи ҳамкасбону  шогирдон, дӯстону пайвандон ва аҳли оила ҷашн гирифтанд.
  Бердиев Намоз 23-юми январи соли 1939 дар қишлоқи Митани райони Иштихони вилояти  Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба дунё омадааст. Айёми туфулиятро дар даврони ниҳоят сангину  вазнини замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузарондааст. Хеле хурд буд, ки аз меҳри падар маҳрум монд.  Дар тарбияи модараш тамоми гарму сарди зиндагиро дидаву ба воя расид. Ба мушкилоти зиндагӣ  нигоҳ накарда пайваста дар омӯзиш буду нозукиҳои илмро аз худ мекард.
    Шавқу рағбат ба илм ва омӯзиши пайваста ӯро ба дари Донишкадаи кишоварзии Самарқанд  оварду соли 1962 факултети ветеринарии онро хатм кард. Пас аз хатми ин донишкада сарбайтори  совхози «Кангурт»-и собиқ ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вил. Хатлон таъин шуда, бо ҷиддият  ва масъулияти ба худ хос то соли то соли 1964 адои вазифа менамуд. Дар баробари хизмати  софдилона ба мардум боз ҳам баҳри баланд бардоштани донишу малка ва истеъдод талош менамуд.
   Соли 1964 ба аспирантураи назди Пажӯҳишгоҳи ветеринарии Вазорати кишоварзии ҶТ дохил шуда, минбаъд роҳи илм барои ӯ боз гардид. Ҷустуҷӯ ва тадқиқотҳои илмӣ дар ин боргоҳ аз ходими хурди илмӣ ӯро то ба ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ветеринарии Вазорати кишоварзии ҶТ (1966 – 69) оварда расонид. Заҳмат мекашиду меҳнат мекард, илм меомухту тадқиқот мебурд, лаҳзае аз пажӯҳиш даст намекашид.
    Бояд қайд кард, ки устод дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мудири Лабораторияи марказии тадқиқоти илмӣ (1969 – 79), мудири кафедраи биология бо асосҳои генетика (1979 – 96), ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналхалқии ДДТТ ба номи А.Сино (1996 – 2008) кору фаъолият мекард ва аз соли 2009 вазифаи профессори кафедраи биология бо асосҳои генетикаи донишгоҳи мазкурро ба ӯҳда дорад.
Ёдовар мешавем, ки мавсуф дар ҷодаи илм ба як қатор муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гашт, ки аз меҳнати чандинсолаю заҳматҳои пайвастаи ӯ шаҳодат медиҳанд. Дар мавзӯи «Норасоии йод дар хукҳо дар ноҳияҳои густариши ҷоғари эндемии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Мутобиқат ва резистентнокии ҳайвонот дар шароити баландкӯҳ» рисолаи докторӣ дифоъ намуда, зиёда аз 250 мақола, 8 ихтироот, 26 пешниҳоди навоварона, 2 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ, 4 монография ва 5 тавсияи методиро ба нашр расондааст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 12 нафар рисолаҳои номзадии илмро ҳимоя намудаанд.
   Имрӯз ҳам профессор Намоз Бердиевич бо масъулияти баланд дар таълиму тарбияи шогирдон саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
   Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кули шогирдон ба синни мубораки 80 расидани доктори илмҳои биологӣ, профессор Намоз Бердиевро самимона таҳният гуфта, барояшон сиҳатии комил, комёбиҳои навин ва хушбахтии хонадонро орзу менамояд.

РАЁСАТИ ДДТХ.

0 Шарҳ 133 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид