Табрикот
Саломуддин Ҷабборовичи гиромиқадр!
Раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Шуморо ба ифтихори ҷашни 50-солагиатон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбӣ таманно доранд.
Ҳамагон хуб медонанд, ки саҳми Шумо дар таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдон бениҳоят бузург аст. Шумо дар тӯли умри пурбаракати хеш қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ намуда, то дараҷаи доктори илм ва ба унвони Академики Академияи илмҳои тиббии ҷумҳурӣ расидаед.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар қаламрави мамлакат фаъолияти Шумо дар соҳаи таълим ва тарбияи кадрҳои баландпояи тиббӣ назаррас аст, ки нафъи он ба рушду густариши илми тиб, илму маориф ва сиёсати иҷтимоии ҷомеаи навини мо равона гардидааст, Ин ҳама боиси ифтихор ва шарафмандист.
Заҳматҳои шоистаи Шумо бо Ҷоизаи созмони ҷавонони Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника, бо медали Хизмати шоиста, бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст. Бо қалами Шумо 10 монография, 10 ихтироот ва беш аз 200 мақолаҳои илмӣ таълиф ёфта, зери роҳбарии Шумо 7 нафар олимони ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият дифоъ намудаанд.
Мо дар таҷлили 50-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Умед дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туѓёни тоза гирифта, мардуми тоҷикро боз ҳам шодоби илму маърифат мегардонад.
Бори дигар, Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҷашни 50-солагӣ муборак, устоди азиз!
Бо эҳтироми самимӣ,
Раёсати ДДТХ
Рӯзи 2-юми марти соли 2018 дар бинои Театри драмавии шаҳраки Данғара озмуни ноҳиявии «Маликаи Наврӯзӣ» баргузор гардид. Дар озмун се нафар донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон - Баҳодурова Танноз (гурӯхи 106 педиатрӣ), Қудратова Беназир, Калонова Зарнигор (гурӯҳи 106 тиббӣ) ширкат намуданд. Шартҳои озмун аз табрикоти наврӯзӣ, қироати шеър дар васфи баҳор ва Наврӯз, саволу ҷавоб оид ба суннатҳои наврӯзӣ ва намоиши либоси маликаи наврӯзӣ, миллӣ ва аврупоӣ иборат буданд. Боиси хушнудист, ки донишҷӯйи гурӯхи 106-и педиатрӣ Баҳодурова Танноз ба гирифтани ҷойи аввал ва донишҷӯйи гурӯҳи 106-и тиббӣ Қудратова Беназир ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кулли донишҷӯёни донишгоҳ ғолибони озмунро барои дастовардҳояшон дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, дар таҳсилу фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳо орзу менамоем.
Шӯрои занону духтарони ДДТХ
Дорогие наши, славные, высокочтимые учёные – врачи, педагоги – сослуживцы, друзья, воины запаса! Мне выпала высокая честь, оказанная женским коллективом ХГМУ, горячо и сердечно поздравить всех вас и лично каждого с великим праздником мужества, славы, чести, храбрости, героизма – Днём защитников Отечества.
Примите от нас, женщин, из глубин наших сердец искренние, добрые пожелания: прекрасного вам праздничного настроения, много родных тёплых, любезных, благодарных слов за ваш нелёгкий, благородный, ответственный труд на благо народа, Родины, Отечества; крепкого здоровья, больших творческих успехов в науке, новых открытий и находок с внедрением их в практику; талантливых и хороших нравом студентов, личного счастья, женской любви, семейного благополучия; жизненного оптимизма и вдохновения; желаем вам быть всегда победителями над трудностями, проблемами, возникающими на жизненном пути; душевной отрады, исполнения желаний, достижения цели; удач вам, успехов и, ещё раз повторяю, доброго долгого здоровья.
Низкий, особый поклон Вам, дорогие наши медики – хирурги, врачи. Каждая выполненная вами операция и возвращение человека в рабочий строй – это подвиг, героизм, мужество!
Нескончаемого благодарного тепла вам людских сердец, славы, поклонения за знания, дарующие молодёжи, за народное здоровье, за патриотизм…
Счастья вам всем и любви, а Родине нашей – неприкосновенности её рубежей.
С праздником, дорогие наши мужчины, стоящие на страже государства, называемого ЖИЗНЬ!!
Доцент кафедры языков ХГМУ - Должикова В. А.
Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имрӯз сарвари шуъбаи таълим н.и.х.- Усмонова Умеда Хуршедовнаро ба ифтихори ҷашни 30 -солагиашон табрик намуда, ба соҳибҷашн тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар тайёр намудани мутахассисони баландпояи тиббӣ барору комёбиҳои беназир таманно менамоянд.
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ДДТХ