Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

21-уми феврали соли 2023 дар кафедраи забонҳо бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ, ки ҳамасола  бо қарори Ассемблеяи Генералии СММ ҷашн гирифта мешавад, мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур омӯзгорони кафедраи забонҳо ва донишҷӯён ширкат намуданд. Чорабиниро мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки аз рӯйи баҳодиҳии СММ агар дар дунё зиёда аз 6 ҳазор забон вуҷуд дошта бошад, ба нисфи онҳо хатари нестшавӣ таҳдид менамояд. Аз ин сабаб, аз соли 2000 инҷониб 21 феврал ҳамасола ба мақсади муҳофизат намудани гуногунрангии забониву мадании мардуми олам ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, профессори фахрии ДДТХ, омӯзгори фанни забони русӣ Должикова В.А. дар бораи ҷойгоҳи забони русӣ дар байни дигар забонҳо ва аҳамияти омӯзиши он дар донишгоҳҳои тиббӣ суханронӣ намуд. 

Омӯзгори фанни забони англисӣ Ғарибмамадов М.М. дар баромади худ оид ба мақоми забони англисӣ ва аҳамияти омӯзиши он сухан ронда, қайд намуд, ки забони англисӣ яке аз забонҳои СММ, ЮНЕСКО ва ТУТ мебошад ва албатта, дар ҷаҳони имрӯза  мақому ҷойгоҳи хосае дорад.

Муҳаррири рӯзномаи “Пайки шифо” Ошурмаҳмади Саркорӣ оид ба забонҳои помирӣ суханронӣ карда, ҳамзамон қайд намуд, ки забонҳои имрӯзаи Бадахшон асолати таърихии худро нигоҳ дошта, бо забонҳои қадимаи эронӣ пайвасти ногустание доранд.

Сипас, як гурӯҳи донишҷӯён аз ашъори шуаро ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ порчаҳо қироат намуданд.

С.П. ОДИНАЕВ,

 мудири кафедраи забонҳо   

23 - юми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал, муовини ректор оид ба илм ва нашрия,  н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ҳамаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро  ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона табрик намуд. Номбурда қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ  ба намоиш гузошта шуд.

Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар бораи ягона нигоҳ доштани обу хоки Ватан, бедорхобиҳои аскарону афсарон, саҳначаи ҳаҷвӣ, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд.  Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ муовини ректор оид ба илм ва нашрия Боронов Ҳ.А.  ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Тибқи амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 7 июли соли 2022, № АП-227) бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ифтихори 115 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров 18-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон даври аввали донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

            Тибқи баҳогузории ҳайати комиссияи озмун донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Холова Ш. бо гирифтани 167 хол ҷойи аввалро соҳиб гардид. Донишҷӯи курси дуюм Зоирова Г. ва донишҷӯи курси чоруми  факултети тиббӣ Ҳакимова М.  ҷойи дуюмро ба даст оварданд. Донишҷӯёни курси сеюми факултети педиатрӣ Давлатзода А. ва Мирсаидова Р. ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҳамзамон, ба донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Ҳасанов Д. ва донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Шерғозиев М. ҷойи ифтихорӣ дода шуд.

            Бояд қайд кард, ки озмуни мазкур дар байни омӯзгорон низ хеле шавқовар гузашт. Омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Ҳошимов М. бо  ба даст овардани 189 хол сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюмро омӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. ва мудири кафедраи мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б.И. ба даст оварданд. Омӯзгори кафедраи муолиҷавии №2 ва коргузори кафедраи педиатрӣ Неъматов М. сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

            Раёсати ДДТХ ғолибони даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”-ро табрику таҳният намуда, барояшон дар озмунҳои даври ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ комёбиҳои бузург хоҳонанд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таълим дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гузаронидани  дарси кушод дар кафедраҳо идома дорад.

         16-уми феврали соли равон аз ҷониби мудири кафедраи  физиологияи нормалӣ ва патологӣ  Назаров Ҷ.Т. дар гурӯҳи 305-и тиббӣ дар мавзуи “Патофизиологияи системаи дилу рагҳо” дарси кушод гузаронида шуд.

         Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х. Ш., мудири кафедраи  фармакология ва микробиология Ҷулаев А.С., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А. мудири кафедраи физика ва информатикаи тиббӣ Холов А.А.   ва омӯзгорони кафедраҳои мазкур иштирок карданд.

Дарс  бо усулҳои  ҳозиразамон гузаронида шуда, дар рафти он аз асбоби айёнҷ ва технологияи иттилоотҷ истифода бурда шуд. Фаъолнокии  донишҷӯён аз он шаҳодат медод, ки моҳияти мавзуъро дар сатҳи баланд аз худ намудаанд.

Гузаронидани дарси кушод барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ,  паҳн кардан ва ҷорҷ намудани  таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорони кафедра мусоидат хоҳад кард.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

20 февраля 2023 года в ХГМУ стартуют курсы английского языка для интернов, клинических ординаторов и молодых преподавателей в рамках проекта BERNICA "Building Educational and Research Capacities in Nutrition and Dietetics in Central Asia" программы Эразмус+ .

Обучение будет проводиться на уровне Upper-Intermediate и Pre-Intermediate. Курсы позволят обучающимся знакомиться с иноязычными научными источниками, самостоятельно читать статьи на английском языке, писать и публиковать статьи в иностранных изданиях, участвовать в международных семинарах и тренингах.

Бесплатные курсы пройдут в течение 4-х месяцев. По их завершению участники получат сертификаты.
Заявки на участие принимаются до 18 февраля 2023г.
Для регистрации необходимо отправить резюме
на электронную почту This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

          10-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм дар мавзуи “Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид.

            Дар конференсия муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А., сардори шуъбаи кадрҳо Асоев С.П., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Данғара Аминова М. ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

            Мудири кафедраи педиатрияи ДДТХ н.и.т., дотсент Кузибаева Н.К. конференсияро  ифтитоҳ намуда, оид ба нақши калидии занон дар ҷомеаи муосир суханронӣ кард.

            Дар идомаи конференсия мудири кафедраи ҷарроҳии №2 доктор PhD Норматова М.А. дар мавзуи “Пешгирии омосҳои хушсифат ва бадсифати ғадудҳои ширӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво кард.

            Ҳамзамон, дар конференсия маърӯзаҳои ассистентони кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ Қобилова З.А. дар мавзуи “Занон - фаъолони ҷомеа” ва Сармисоқова Х.Ҷ. дар мавзуи “Баҳогузории нишондодҳои таваллуди пеш аз муҳлати дерина дар 34-36 ҳафтаи ҳомиладорӣ”  шунида шуд.

            Инчунин, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ  Раҷабова Г.Қ. дар мавзуи “Саҳми занон дар омӯзиш ва баррасии масъалаҳои номшиносии тоҷик” ва ординатори клиникии ДДТХ Қурбонова И.М. дар мавзуи “Нақши занон дар соҳаи ҷарроҳӣ” маъруза карданд.

            Конференсияро мудири кафедраи педиатрияи ДДТХ  Кузибаева Н.К. ҷамъбаст намуд. Қайд гардид, ки нақши занон дар пешрафти илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хеле назаррас мебошад.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

 

Page 14 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид