Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

3 - юми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  имтиҳони хатми давлатӣ оғоз гардид.

       Хатмкунандагон бо тайёрии ҳамаҷониба ва дониши мукаммали касбӣ ба донишгоҳ ҳозир шуданд.  

     Раисони имтиҳони давлатӣ - сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Набиев З. Н., духтур-стоматологи Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии “Стоматология” ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.т. Юсупов З.Я. ва мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТХ ба номи Абӯалӣ ибни Сино н.и.т., дотсент Маҳмадзода Ш.Қ. аз ҷавобҳои хатмкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

        Лозим ба ёдоварист, ки имтиҳони хатм дар се давра (супоридани малакаҳои таҷрибавии касбӣ, ҳалли масъалаҳои ситуатсионӣ (шифоҳӣ) ва имтиҳони тестӣ) баргузор гардида, аз рӯйи системаи 100 балла баҳогузорӣ карда мешавад. Донишҷӯёни факултети тиббӣ аз рӯи ихтисоси “Кори табобатӣ”, факултети педиатрӣ аз рӯи ихтисоси “Педиатрия” ва факултети стоматологӣ аз рӯи ихтисоси  “Стоматология”  имтиҳони хатми давлатӣ месупоранд.

Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боз 32 нусха китоби нав ворид гардид.

   Ин навбат аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон, китобҳое, ки оид ба кору пайкори ӯ ба нашр расидаанд, тақдим гардиданд.      

       Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз таваҷҷуҳи  ҳамешагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба  Роҳбари он муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ  барои тақдими китобҳои пурмуҳтаво  арзи сипос  менамояд. 

РАЁСАТИ ДДТХ

Шанбе, 06 Май 2023 00:00

САФИ ОЛИМОНИ ДДТХ МЕАФЗОЯД

Written by

29 - уми  апрели соли 2023 Асоев Ҷ.Х. - ассисенти кафедраи    “Забонҳо”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон рисолаи номзадиро таҳти унвони «Таҳлили сохторию маъноии истилоҳоти анатомия (остеология) дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» аз рӯи ихтисоси 10.02.20. забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ва қиёсӣ дар Шӯрои дисертатсионии 6Д КОА - 031 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон  барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ сарбаландона ҳимоя намуд.

   Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати омӯзгорону  профессорон ва донишҷӯён Асоев Ҷомӣ Хайруллоевичро барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ва шарафёб гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ самимона табрик ва муборакбод намуда, барояш  комёбиҳои беназир таманно доранд.

27 -уми апрел дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

          Дар мулоқот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

          Аъзои раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мулоқоти мазкур фаъолона ширкат варзиданд.

          Ҳадафи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳони муосир баррасӣ кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, шиносоӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ, вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

          Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим, таъсири он ба иқтисоди кишвар ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

            Дар робита ба ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи маориф роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои саривақтиву босифати барномаҳои давлатии қабулгардида тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд.

            Ҳифзи сиҳатии мардум ва мунтазам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

          Аз ин рӯ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки доир ба бартараф кардани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

          Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ҳисобот доданд.

 

26 апрел дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд.

            Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад.

            Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.

            Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

            Бинои асосӣ аз 71 синфхона, 255 ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат буда, барои истифодаи кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ нигаронида шудааст.

            Дар ин ҷо ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо 1200 ҷойи нишаст, китобхона, толори электронии китобхонӣ бо 80 ҷой, таҳхона барои нигаҳдории китоб, ошхона бо 300 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешавад.

            Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ ҶСК “СТС иншоот” мебошад.

            Айни ҳол, дар корҳои сохтмонӣ беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

            Бояд гуфт, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, ҳамаи биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта мешаванд.

            Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосӣ, бинои таълимии рақами як ва ошхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара имсол дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

            Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз соли 2016 фаъолият дорад ва дар он айни ҳол 2250 донишҷӯ дар 3 факултет таҳсил доранд.

            Баъди бунёди ҳамаи биноҳои донишгоҳ ва таъсиси кампус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои таҳсили бештар аз 5000 нафар донишҷӯ шароит фароҳам оварда мешавад.

            Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо доданд.

            Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

            Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат бо 800 ҷойи хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстаёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

            5 ноябри соли 2018 бошад, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

            Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

            Биноҳои таълимии Коллеҷи тиббӣ дорои 75 синфхонаи таълимӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мебошад. 

            Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси соҳа таъсис дода шудааст.

            Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии ин тарҳро идомаи иқдоми созандаи Ҳукумати мамлакат унвон намуда, онро дар беҳдошти солимии ҷомеа қадами устувор арзёбӣ карданд.

МАНБАЪ: ХОВАР.ТҶ.

Аз 5-ум то 15-уми апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино олимпиадаи ҷумҳуриявии “Авитсена -2023” аз рӯи 17 фан баргузор гардид.

            Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба тариқи онлайнӣ фаъолона ширкат варзиданд. 

            Хушбахтона, 10 нафар донишҷӯ аз ДДТХ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.

            Донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Абдуллоева М.Ш. аз фанни “Анатомияи патологӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.

            Донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ.Ғ. аз фанни “Анатомияи одам” ва донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Амирализода Ф.Р. аз фанни “Анатомияи патологӣ” ҷойи дуюмро ба даст оварданд.

            Донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Эшбоев Б.М. аз фанни “Бемориҳои ҷарроҳӣ”, донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Иброимов Ҳ.Б. аз фанни “Ҷарроҳии умумӣ ва анатомияи топографӣ” ва донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Давлатова Н. аз фанни “Оториноларингология”  сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

            Ҳамзамон, Раҳматов П.А. - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ аз фанни “Анатомияи одам”, Раҳимқулов С.У. - донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ аз фанни ”Гистология”, Шарипов П. А. - донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ аз фанни “Физиологияи нормалӣ” ва Ҳошимзода С. Ҳ. – донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ аз фанни “Бемориҳои сироятӣ” ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

            Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар ҷодаи таҳсил комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.

МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ

Page 10 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид