Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Тибқи нақша - чорабиниҳои шуъбаи таълим дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон гузаронидани дарси кушод дар кафедраҳо идома ёфта истодааст.

6 - уми марти соли равон дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва  патологӣ аз ҷониби ассистенти кафедра Ғафуров Э.Қ. дар курси 2 - юми гурӯҳи 206 - и факултети  педиатрӣ, дар мавзуи “Системаи эндокринӣ. Гормонҳои ғадуди сипаршакл, наздисипаршакл, тимус ва ғадуди зери меъда” дарси кушод гузаронида шуд.

Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Ќурбонов Х. Ш., мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Назаров Ҷ.Т. ва омӯзгорони кафедраҳои мазкур ширкат варзиданд. 

Дарс бо усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда, дар рафти он аз асбоби айёнӣ ва технологияи иттилоотӣ истифода бурда шуд.

Сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Ќурбонов Х. Ш. дарси кушодро таҳлил намуда, онро ҳамчун дарси намунавӣ унвон кард. Номбурда қайд намуд, ки имрӯз ҷомеа пеш аз ҳама ба омӯзгори дорои дониш, қобилият, малака ва маҳорати баланди касбӣ ниёзманд аст ва хушбахтона мо дар дарси кушоди имрӯза шоҳиди он гардидем, ки омӯзгори ҷавон - Ғафуров Эраҷ ба ҳамаи хусусиятҳои дар боло зикргардида ҷавобгӯ мебошад.

Гузаронидани дарси кушод барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ, паҳн кардан ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорони кафедра мусоидат хоҳад кард.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

7 - марти  соли  равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ба муносибати Рӯзи Модар аҳли нишастро табрику таҳният намуданд.













Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ таҳти унвони «Кист  Модар?» ба намоиш гузошта шуд.

Дастаи ҳунарии «Дурахшон»-и ДДТХ бо қироати шеърҳову иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи зан - модар, рақсҳои мавзун, сурудҳои ҳаҷвӣ ва намоиши либосҳои миллӣ дилҳои ҳозиринро  шод намуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ профессор Убайдулло Қурбон ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Устодони арҷманд, бонувони гиромӣ ва шогирдони азиз!

Имрўз мо бо як фараҳмандӣ ва нишоту сурури даҳчанд зиёд иди басо зебою ҳумоюн, иди меҳру садоқат, раҳму шафқат, латофату нафосат, муҳаббату иффат - Рўзи Модаронро ҷашн гирифта истодаем. Таҷлили Рӯзи Модар, ки ба мавсими эҳёи табиат рост меояд, басо рамзист, зеро ки мафҳумҳои Баҳор, Зан, Модар-Ватан бо ҳам тавъам буда, ҳаётро таровату фараҳмандӣ ва шаҳомати нав мебахшанд.

Бешак модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидааст. Ӯ дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва эҳтирому иззати модарону занон қарзи фарзандии  ҳар як инсони соҳибхирад аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд ки: «Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад».

Дар ҳошияи ин суханҳо ва такя ба суннату анъанаҳои неки миллати тоҷик бо мақсади эҳтиром гузоштан ба Зан-Модар, ба офарандаи ҳаёту тарбиятгари наслҳо, соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март – Рўзи Модар эълон гардид, ки он дар оғози марҳилаи сифатан нави давлатдории тоҷикон, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну арзишҳои миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Занон-бонувон дар баробари тарбияи насли нав ва дар руҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ ба камол расонидани фарзандон, ҳамзамон вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаро ҳам ба дўш гирифтаву дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузор гардиданд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат аз нақши Зан-Модар дар ҷомеаи кунунӣ андешаронӣ намуда, иброз дошта буданд, ки: Модари тоҷик имрўз бонуест, ҳамидаю меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модарию қарзи шаҳрвандиашро дар назди Ватан бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтиром ва иззати аҳли ҷомеа гардидааст».

Ҳамаи ин шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ҳама давру замонҳо қадру манзалати Модар дар тамоми қишри ҷомеа ҷойгоҳи махсуси худро дошт ва сифоту васфи он беинтиҳову беохир боқӣ хоҳад монд. Ва бешак ҳамовоз мешавем бо сухани орифонаи Лоиқ Шералӣ, ки фармудаанд:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ

Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,

Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Қобили қайд аст, ки бо андешидани тадбирҳои судманд ва саривақтӣ имрўз 25 фоизи шумораи хизматчиёни давлатии кишвар ва 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаи Ҳукумати мамлакатро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки барои фаъолияти муназзами онҳо тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ нақши занону бонувон назаррас ва шоистаи таҳсин мебошад. Аз шумораи умумии кормандони асосии донишгоҳ 137 нафар ё худ 40,7 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳайати профессорону омўзгорон  30 фоиз ё худ 42 нафар бонувон фаъолият карда истодаанд. Аз шумораи умумии омўзгорони соҳибунвон бошад 23 фоизро занон - олимон ташкил медиҳанд, ки дар маҷмуъ, занону бонувон дар рушду нумуи донишгоҳ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Лозим ба қайд аст, ки аз 2251 нафар донишҷўи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 601 нафар ё худ 26,7 фоизро духтарон ташкил медиҳанд, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва итминонам комил аст, ки дар оянда чун модарони ѓамхору оқилу доно ва табибони ҳозиқу мушфиқ ба камол хоҳанд расид.

Дарвоқеъ, зан оинаи оила ва миллат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру сафост. Ва набзи имрӯзи замон тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад.

Дар фароварди сухан, бори дигар Шумо – занону бонувони гиромӣ, донишҷўдухтарони азиз ва тамоми ҳозирини арҷмандро бо ин санаи мубораку фархунда, бо Рўзи Модар самимона ва бо як ҷаҳон муҳаббату эҳтиром табрику таҳният намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри хуш, хотири шод ва зиндагии шоистаро таманно менамоям.

Рўзи Модарон муборак!

Саодатманду хушрузгор бимонед!

6 - уми марти соли 2023 сафари кории ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сурат гирифт.

Ҳадафи сафари намояндагони ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ расонидани  кӯмак дар доираи омодасозии Лоиҳаҳои нав дар бахши тандурустӣ таҳти унвони "Миллати Солим" ва омода намудани сармоягузории афзалиятноки нақшаи дастгирии татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 иборат буд.

Ба ҳайати гурӯҳи сафари корӣ ноиби Президенти минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Берде, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Озан Севимли, директори калони амалиётӣ Юлия Комагаева, директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова, ёрдамчии махсуси ноиби Президент Фанни Вайнер, директори минтақавии инфрасохтор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Чарлз Ҷозеф Кормиер, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим шомил буданд.

Дар ДДТХ ректори донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон меҳмонони олиқадрро бо ҳайати Раёсати донишгоҳ ва донишҷӯён пешвоз гирифтанд. Дар идомаи сафар меҳмонон аз рафти имкониятҳои илмомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз наздик шинос шуданд.

 Сипас, меҳмонон аз Китобхонаи донишгоҳ, синфхонаи электронӣ, ва Маркази омӯзиши симулятсионӣ дидан намуда, бо донишӯёён ва омӯзгорон ҳамсуҳбат шуданд.

               Дар анҷом ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон аз ташрифи меҳмонони олиқадр изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамеша омода аст. Ҳамзамон, муҳтарам ректор барои ҳамкориҳои судманд ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос намуданд.

                Бояд қайд намуд, ки айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ фаъолият намуда, дорои 5 синфхонаи муҷаҳҳаз ва 1 дафтари корӣ мебошад. Синфхонаҳо вобаста ба ихтисосҳои тиббӣ бо асбоби айёнӣ ва дастгоҳҳои ҳозиразамон, аз ҷумла маникентҳои реаниматсионӣ ва ҷарроҳӣ, муляжҳо, таҷҳизоти стоматологӣ, ЭКГ муҷаҳҳаз гардида, донишҷӯён барои рушди маҳорат ва малакаи хеш аз онҳо истифода мебаранд.

            Ёдовар мешавем, ки ДДТХ дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” тавассути иштирок дар озмун дар доираи Барномаи грантҳои озмунӣ барои таъсиси Маркази таълимии симулятсионӣ грант дарёфт намуда буд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ гардида буд. 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Сешанбе, 07 Март 2023 00:00

НАВИДИ АВВАЛИНИ БАҲОРИ ИМСОЛА

         24 - уми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид, ки дар он ба ғайр аз ҳайати профессорон ва омӯзгорони ДДТХ, инчунин кормандони нашрияи  “Пайк” низ иштирок доштанд. Маълум буд, ки иштироки эшон дар ҷаласа бесабаб нест. То оғози ҷаласа ва шинос намудани меҳмонон, ҳар кас иштироки рӯзноманигоронро дар ҷаласаи мазкур ба таври худаш тахмину гумон мезад, гарчанде аз чеҳраи меҳмонон аён буд, ки бо паёми нек ва хабари хуш ташриф овардаанд.

Пас аз шинос кардани меҳмонон ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон барои аҳли нишаст иброз намуданд, ки меҳмонон бароямон хабари хуш овардаанд, ки “Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” - гӯён риштаи суханро ба дасти сармуҳаррири нашрияи  “Пайк” - Аҳмади Иброҳим доданд.    

Аҳмади Иброҳим профессор Убайдулло Қурбонро барои шарафёб гардидан бо ҷоизаи “Ректори сол” табрику таҳният намуда, дастоварди мазкурро барои аҳли донишгоҳ фоли нек номид.

            Мавсуф зимни суханрониаш қайд намуд, ки ҷоизаи мазкур аз ҷониби  нашрияи “Пайк” таъсис ёфта, ғолибони чеҳраҳои сол баргузидагони мардуманд ва бо Дипломи махсуси нашрияи “Пайк” мукофотонида мешаванд. Ҷоизаи мазкур сирф тибқи овоздиҳии мардум ба даст омадааст  ва муҳтарам Убайдулло Қурбон, бешубҳа ба он сазовор мебошад.

 Ман низ самимона ректори муҳтарамро табрик менамоям ва барояшон муваффақияту комёбиҳои беназир таманно менамоям - афзуд Аҳмади Иброҳим.

Иштироккунандагони ҷаласа низ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ қаноатмандӣ ва шодмонии хешро барои чунин дастовард, ки навиди аввали баҳорӣ барои  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад, изҳор намуданд.

            Вобаста ба ин хабар дар рӯзномаи “Пайк” чунин оварда шудааст:               “Убайдулло Қурбон Абдулло - доктори илмҳои тиб, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои хизматҳои арзанда дар тайёр намудани мутахассисони арзандаи соҳаи тандурустии кишвар. Инчунин барои муҳайё намудани шароити арзандаи таълиму сукунат дар биноҳои замонавии донишгоҳ” ба ҷоизаи “Ректори сол” мушарраф гардиданд ва яке аз чеҳраҳои даҳгонаи соли 2022 шинохта шуданд.

            Ҳайати профессорон ва омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонро барои мушарраф гардидан ба ҷоизаи “Ректори сол” табрику таҳният намуда, барояшон умри дароз ва рӯзгори хуш таманно менамоянд.

ҶОИЗАИ “РЕКТОРИ СОЛ” БАРОЯТОН МУБОРАК БОД, УСТОДИ АЗИЗ!

О.САРКОРӢ,

хабарнигори сомона

                 

   2-юми марти соли равон дар кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедраи мазкур  Раҳмонов М.И.  дар гурӯҳи  503-и факултети стоматологӣ оид ба мавзуи “Омосҳои хушсифати ғадудҳои луобӣ” дарси кушод гузаронида шуд.

   Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х. Ш., мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №3 н.и.т. Айниев Б. ва омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок карданд.

   Дар рафти дарс аз асбоби аёнӣ ва таҷҳизоти муосир истифода шуда, омӯзгор усулҳои интерактивиро ба кор бурд.

  Аз ҷониби сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х. Ш. ба омӯзгори ҷавон Раҳмонов М.И.   барои боз ҳам шавқовар гузаштани дарсҳои минбаъда тавсияҳои методӣ дода шуд.

ШУЪБАИ ТАЪЛИМ

Page 13 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид