Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

     Санаи 17-уми марти соли равон дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ маҳфили “Физиологҳои ҷавон” баргузор гардид. Аз рӯи нақшаи маҳфил гурӯҳи “Гастроэнтерологҳо” дар мавзуи “Асосҳои физиологияи ҳозима” маърӯза карданд. Сипас донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ.  маърӯза кард. Пас аз шунидани маърӯзаҳо барои мустаҳкамкунии дониши иштирокчиён донишҷӯёни  курси сеюми факултети педиатрӣ Ваҳобов С., Ҷураев Э. ва донишҷӯи курси дуюми факултети мазкур Исломова З.  викторина ва саволу ҷавоби интерактивӣ гузарониданд.  Иштирокчиён дар якҷоягӣ бо гурӯҳашон супоришҳоро фаъолона иҷро карда, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардониданд.

     Ҳамзамон, донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ Камолова М.  викторина ва саволу ҷавоби клиникӣ дар мавзуи дилу рагҳо гузаронид. Дар викторина сардорони ҳамаи гурӯҳҳо фаъолона иштирок карда, мубодилаи афкор намуданд.

       Мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ  Назаров Ҷ.Т. натиҷаи викторинаро эълон кард. Натиҷаи беҳтарин гурӯҳи “Пулмонологҳо” нишон доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

     16 - уми марти соли равон дар кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедра Отахонов Ф.Х. дарси кушод баргузор гардид.

    Мавзуи дарси кушод “Анатомияи топографии девораҳои гардан” буда, он дар курси сеюми гурӯҳи 305-и факултети тиббӣ гузаронида шуд.

   Дар дарси кушод сардори бахши гурўњи назорати сифати тањсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ Зарипов И.А. ва омӯзгорони кафедра ширкат варзиданд.

   Дарс бо усулҳои ҳозиразамон гузаронида шуда, дар рафти он аз асбоби айёнӣ ва технологияи иттилоотӣ истифода бурда шуд.

   Сардори бахши гурўҳи назорати сифати тањсилот Қурбонов Х.Ш. дарси кушодро ҷамъбаст намуда, барои омӯзгори ҷавон тавсияҳои методӣ дод.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

        Аз 13-ум то 15-уми марти соли 2023 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори китобхонаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо намояндагони марказҳои матбуотии муассисаҳои зертобеи вазорат ва муассисаҳои олии касбӣ дар мавзуи “Инъикоси фаъолияти соҳаи маориф дар интернет” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.      

        Дар семинар 25 намояндаи марказҳои матбуотии муассисаҳои зертобеи вазорат ва муассисаҳои олии касбӣ ширкат варзиданд. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар семинари мазкур муҳаррири масъули рӯзномаи  “Пайки шифо” ва хабарнигори сомонаи донишгоҳ Ошурмаҳмади Саркорӣ  иштирок намуд.

       Дар  семинар оид ба мавзуъҳои "Саводи расонаӣ", "Омода сохтани мавод барои нашр ва гузоштани он дар саҳифаи иҷтимоӣ", "Пешгирии забони адоват" мутахассиси варзидаи технологияи информатсионӣ - Рустам Гулов, рӯзноманигори шинохта - Раҷаб Мирзо ва доктори илмҳои филологӣ Қутбиддин Мухторӣ барои иштирокчиён аз баъзе нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ маълумот доданд.

      Семинар се рӯз идома ёфта, ҳадафи он аз инъикоси соҳаи маориф дар воситаҳои ахбори омма, баланд бардоштани малака, маҳорат ва дониши блогерони ҷавон оид ба саводи расонаӣ, санҷиши маводи иттилоотӣ, бехатарии рақамӣ, пешгирии забони адоват, одобу ахлоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешбурди саҳифаи иҷтимоӣ  иборат буд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Душанбе, 27 Март 2023 00:00

БИЁ НАВРӮЗ, МАРҲАБО!

Биё, Наврӯз!

          Марҳабо!

          Ба диёри Данғара!

          Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!

          Ба хоки поки Тоҷикистон!

          Ба куҳанбунёд буданат нигоҳ накарда, ҳар сол бо либоси нав зоҳир мегардӣ, тоқии Бадахшон, чакани Хатлон, атласи суғдиён, нишон аз Ориён, ваҳдати тоҷикон туӣ, Наврӯз!

          Мисли дилҳои кӯдакон софӣ, покӣ, беолоишӣ! Мисли модарон пурмеҳрӣ, мисли дилбарон нозукӣ, мисли забони тоҷикон гӯшнавозӣ! Мисли майи куҳансол дилҳоро ба ҷӯш меорӣ!

          Ту будӣ, ки бо забон дар якҷоягӣ халқи тоҷикро аз нестшавӣ нигоҳ доштӣ, аз душман ҳифз кардӣ, мисли мурғи Самандар пас аз ҳар сӯхтан эҳё шудӣ ва мисли хоҷаи Хизр дар ҳар давру замон бо инсон мондӣ!

          Фалсафаи хоси ту баробарӣ, бародарӣ ва ҳамдилӣ зебогӣ, покӣ, аст. Бо баробар будани шабу рӯз нишон медиҳӣ, инсон аз ҳамдигар тафовуте надорад, на дар нажоду миллат, на дар дину мазҳаб, на дар дороиву нодорӣ, на дар дарвешиву подшоҳӣ. Рӯзе баробар хоҳем шуд.

          Тадриҷан дарозшавии рӯзи равшан ва кӯтоҳ шудани шаби торик нишонаи ғалабаи некӣ бар бадист!

          Бо ҳусну тароват ва зебогии хеш меомӯзӣ, ки пок, зебо, бовиҷдон, баномус, беғараз, баимон ва самимӣ бошем.

          Насими фораме, ки аз ҷониби ту мевазад, басо гуворост, аё Наврӯз! Насими форамат  ҳамеша пайки хуш, навид, хабари хуш, ва паёми нек меорад!

          Биё, Наврӯз ва бо чашми худ бубин, ки мо дар донишгоҳ чи гуна туро истиқбол мегирем! Кафкӯбиҳои осмонкафи омӯзгорону донишҷӯён, рақси мавзуни гулдухтарон, барномаи консертии дастаи ҳаваскорони “Дурахшон” нисорат бод!

          Биё, мо фалсафаи туро, зебогии туро, покизагии туро дӯст медорем ва мепарастем!   

          Биё, Наврӯз!

          Марҳабо!

          Ба диёри Данғара!

          Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!

          Ба хоки поки Тоҷикистон!

         

 

ОШУРМАҲМАДИ САРКОРӢ,

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

      15 - уми марти соли равон дар ДДТХ вохӯрии намояндагони ШКДАМ дар ноҳияи Данғара, ШВКД дар ноҳияи Данғара ва Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ баргузор гардид.

      Дар вохӯрӣ Иброҳимзода А.- сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собиров Р. - муовини сардори ШКДАМ дар ноҳияи Данғара, Раҳимзода Ф. - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Данғара, Қунғуротзода А. - сардори шуъбаи ноболиғон ва кор бо ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Данғара, муовинони ректор, декани факултетҳо, сардорони шуъбаҳо, марказҳо, ҳамзамон ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ иштирок карданд.

        Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшид.

     Ҳадафи асосии ҷаласа таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳтиром гузоштан арзишҳои миллӣ ва тақвият бахшидан ба донишҳои сиёсӣ, барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва эстремистиро дар бар мегирифт. Аз ҷумла, таҷлили “Иди Наврӯз” яке аз ҷашнҳои муътабартарини ориёиҳои  аҳди бостон буда, яке аз арзишҳои гаронмояи халқи тоҷик мебошад, ки сарчашма ва манобеи таърихӣ ба он гувоҳанд.

    Ҳамзамон, намояндагони мақомот қайд намуданд, ки дар шароити имрӯзаи геополитикии ҷаҳон бархурди манфиат ва мураккаб гардидани муносибатҳои байниминтақавӣ авҷ гирифта истода, маҳз паст будани  таҳкурсии маърифати динӣ ва дунявӣ, арзиши миллии фарҳангӣ, худшиносии шаҳрвандӣ, садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, шомилшавии ҷавонони Тоҷикистонро ба равияҳои бегонаи тундрав ба миён меоранд. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки ба мутолиа ва таҳсил  машғул шуда, ҷаҳонбинии хешро васеъ намоянд ва тафаккури таҳлилии хешро боз ҳам сайқал диҳанд.

      Дар анҷоми ҷаласа донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавон барои фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

13-уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  озмуни донишгоҳии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар озмун омӯзгорону донишҷӯён аз рӯйи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классикӣ”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик” ва “Адабиёти ҷаҳон” ширкат варзиданд.

Аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” профессори фахрии ДДТТХ Должикова В.А. маҳорату дониши баланд нишон дода, сазовори ҷойи аввал дониста шуд.  Ҳамчунин, аз рӯйи номинатсияи мазкур донишҷӯйи курси шашуми факултети тиббӣ Давлатова Н. ҷойи аввалро соҳиб гардид.

Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани адабиёти класскии тоҷик” донишҷӯйи курси дуюми факултети тиббӣ Зоирова Г.  ҷойи якум, донишҷӯйи курси якуми факултети педиатрӣ Исоқзода А. ҷойи дуюм  ва донишҷӯйи курси якуми факултети педиатрӣ Р. Рустамзод ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Аз рӯйи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик” донишҷӯйи курси шашуми факултети тиббӣ Ҳ. Суҳроб ҷойи якум, донишҷӯйи курси сеюми факултети тиббӣ Убайдуллоева С. ҷойи дуюм ва донишҷӯйи курси якуми факултети педиатрӣ Убайдуллоева С. Ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар таҳсил ва иштирок дар озмунҳои даврҳои минбаъда комёбии бузург таманно доранд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 12 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид