Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Сешанбе, 21 Феврал 2023 00:00

21-УМИ ФЕВРАЛИ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

21-уми феврали соли 2023 дар кафедраи забонҳо бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ, ки ҳамасола  бо қарори Ассемблеяи Генералии СММ ҷашн гирифта мешавад, мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур омӯзгорони кафедраи забонҳо ва донишҷӯён ширкат намуданд. Чорабиниро мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки аз рӯйи баҳодиҳии СММ агар дар дунё зиёда аз 6 ҳазор забон вуҷуд дошта бошад, ба нисфи онҳо хатари нестшавӣ таҳдид менамояд. Аз ин сабаб, аз соли 2000 инҷониб 21 феврал ҳамасола ба мақсади муҳофизат намудани гуногунрангии забониву мадании мардуми олам ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, профессори фахрии ДДТХ, омӯзгори фанни забони русӣ Должикова В.А. дар бораи ҷойгоҳи забони русӣ дар байни дигар забонҳо ва аҳамияти омӯзиши он дар донишгоҳҳои тиббӣ суханронӣ намуд. 

Омӯзгори фанни забони англисӣ Ғарибмамадов М.М. дар баромади худ оид ба мақоми забони англисӣ ва аҳамияти омӯзиши он сухан ронда, қайд намуд, ки забони англисӣ яке аз забонҳои СММ, ЮНЕСКО ва ТУТ мебошад ва албатта, дар ҷаҳони имрӯза  мақому ҷойгоҳи хосае дорад.

Муҳаррири рӯзномаи “Пайки шифо” Ошурмаҳмади Саркорӣ оид ба забонҳои помирӣ суханронӣ карда, ҳамзамон қайд намуд, ки забонҳои имрӯзаи Бадахшон асолати таърихии худро нигоҳ дошта, бо забонҳои қадимаи эронӣ пайвасти ногустание доранд.

Сипас, як гурӯҳи донишҷӯён аз ашъори шуаро ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ порчаҳо қироат намуданд.

С.П. ОДИНАЕВ,

 мудири кафедраи забонҳо   

Хондан 112 times Last modified on Ҷумъа, 03 Март 2023 05:01

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид