Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 16 Феврал 2023 00:00

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ БО ҲПО ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ

               9-уми феврали соли равон вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи кӯлоб бо ҲПО ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.

            Дар вохӯрӣ сардори КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковник Халилзода С.Ҷ., сардори КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Қурбонов И.И., муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ҳомидзода И.Ҷ., декани факултетҳо н.и.т. Холов Ш.И., сардори шуъбаи кадрҳо Асоев С.П., мутахассиси шуъбаи фарҳанг Назиров Р.Р., мудирони кафедраҳо, кураторони гурӯҳҳо, сардорони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок карданд.

            Дар вохӯрӣ сардори КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковник Халилзода С.Ҷ. оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, терроризму экстремизм, корҳои фаҳмондадиҳӣ барои дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ  суханронӣ кард. Қайд гардид, ки аксарияти ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ҷалб карда мешаванд.

            Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг  Қурбонмамадов С.Х. вохӯриро ҷамъбаст намуд. Қайд гардид, ки муовинати тарбия ва фарҳанг ва омӯзгорони донишгоҳ дар ин самт ҳамеша барои донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 173 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид