1-уми феврали соли равон ҷаласаи аввалини Шўрои кураторони ДДТХ дар соли 2023 баргузор гардид, ки дар он мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҷаласаро раиси Шӯрои кураторон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар ҷаласа масоили фаъолияти кураторон дар нимсолаи аввал, ахлоқу одоб, тарзи либоспӯшӣ, давомот ва иштироки донишҷўён дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсӣ баррасӣ гардиданд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг ҷаласаро ҷамъбаст намуда, бори дигар таъкид намуд, ки ба тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ, ҳуқуқуқӣ ва худшиносии донишҷўён, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва чораҳои пешгирӣ аз онҳо дар байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни донишҷӯёни аз ҷониби кураторон диққати ҷиддӣ дода шавад. Кураторони гурўҳро лозим аст, ки бо волидайни донишҷўён ҳамкории ҳаматарафа барқарор намоянд. Навбатдорӣ дар хобгоҳҳо аз ҷониби омўзгорони навбатдор пурра риоя карда шавад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА