23 - юми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - адабӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал, муовини ректор оид ба илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ҳамаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Номбурда қайд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ композитсияи адабӣ - мусиқӣ бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Чорабинӣ аз қироати шеърҳо дар бораи ягона нигоҳ доштани обу хоки Ватан, бедорхобиҳои аскарону афсарон, саҳначаи ҳаҷвӣ, иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иборат буд. Дастаи ҳунарии «Дурахшон» - и ДДТХ бо ҳунарнамоии хеш дилҳои ҳозиринро шод намуданд.
Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ муовини ректор оид ба илм ва нашрия Боронов Ҳ.А. ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи фарҳангӣ - адабӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА