8 - уми феврали соли равон дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон, аъзои раёсати донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар он 20 намояндаи расонаҳои иттилоотӣ, аз қабили шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», “Сафина”, «Синамо», «Хатлон», «Кӯлоб», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», “Минбари халқ” «Садои Мардум», «Симои Данғара», «Фараж», «Народная газета», «Ваҳдатсаро», «Омӯзгор», «Пайк», «Новый Хатлон», “Тоҷикистон” «Пайёми донишҷӯ», «СССР», оҷонсии иттилоотӣ ва хабаргузории «Озодӣ», намояндаи Хадамоти матбуотии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Сараввал ректори Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон оид ба фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2023 ахбор доданд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ хабарнигорон ва рӯзноманигорон ба профессор Убайдулло Қурбон вобаста ба воситаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити хобгоҳ, базаи илмии донишгоҳ, рафти сохтмони донишгоҳ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалб намудани мутахассисони унвондор, теъдоди ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки барои намояндагони васоити ахбори омма варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар соли 2022 таҳия гардида, дар рӯзи нишасти матбуотӣ дастраси хабарнигорон карда шуд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА